logo

ҳуқуқ

НАҚШИ САРҚОНУН ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРӢ

Муҳаммадвалӣ НАЗРИЕВ,
судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Таърих гувоҳ аст, ки маҳз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ масири инкишоф ва рушди комилан навро дар кишвари мо оғоз намуд. Зеро Истиқлолияти давлатӣ низоми нави давлатдориро муайян намуда, зарурати тағйири санадҳои танзимкунандаи муносиботи ҷамъиятӣ, бахусус Сарқонунро ба миён гузошт.

Бо қабули ин санади олии ҳуқуқӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, равобити Тоҷикистон бо ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ ва соири кишварҳои олам тавсеа ёфт. Барҳақ, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба сифати яке аз конститутсияҳои демократиасос дар ҷаҳон эътироф гардидааст, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.
Дар иртибот ба баҳои коршиносон, пеш аз ҳама бояд ба фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ, ки солҳои аввали истиқлолият ба манзури омода намудани лоиҳаи Сарқонун таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, таъсис ёфта буд, эҳтиром гузошт. Зеро ҷой додани аслҳои (принсипҳои) демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардидани халқ, принсипҳои гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, рӯ овардан ба иқтисоди бозорӣ ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир конститутсияи давлати соҳибистиқлоли моро сазовори чунин баҳои баланд намудааст.
Тавре маълум аст, дар Конститутсия мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил дода, бахшидани аз се як қисми он ба масъалаи мавриди назар, баёнгари моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, пуштибонии бевоситаи давлат дар самти демократисозӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандонро нишон медиҳад. Аз ҷумла, дар моддаи 5-и Конститутсия омадааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Аз ин бармеояд, ки давлат ин муқарраротро ҳамчун заминаи мавҷудияти инсон дар сарчашмаҳои расмии ҳуқуқ эътироф, риоя ва иҷрояшро таъмин менамояд.
Дар баробари ин, Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда муайян кардаанд, ки шаҳрванд ба ғайр аз ҳуқуқу озодиҳо, ҳамчунин дорои масъулият ва уҳдадориҳо мебошад, ки иҷрои онҳо ба сифати меъёрҳои конститутсионӣ ҳатмӣ дониста мешавад. Дар ин замина, ҳар шахс вазифадор аст, ки талаботи қонунро риоя намуда, ба ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон эҳтиром гузорад.
Ин нуктаро бояд таъкид кард, ки Сарқонун амалан дар ислоҳоти судии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз бо нишондоди Конститутсия ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Тавре маълум аст, дар гузашта ҳокимияти судӣ дар тобеияти ҳокимияти иҷроия-Вазорати адлия қарор дошт. Вале, бо гузашти замон ҷиҳати таъмини мустақилияти судяҳо бо эҳтимоми Президенти ҷумҳурӣ ниҳоди нави коллегиалӣ - Шӯрои адлия таъсис шуд. Назорати фаъолияти мақомоти судӣ меҳвари кори ин сохтор буда, таҷриба нишон дод, ки таъсиси чунин як ниҳод дар пиёда намудани фаъолияти озоду дахлнопазирии судҳо ва ҳалли мунсифонаи баҳсу мурофиаҳо нақши чашмрас гузошт.
Бесабаб нест, ки боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба суд ва ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар моддаи 84 омадааст, ки «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуну адолатро ҳифз менамояд». Аз ин нукта равшан мегардад, ки дар ниҳоят суд қодир аст, адолати иҷтимоиро ба амал барорад. Зимнан, дар дигар моддаҳои Сарқонун ҳолатҳое, ки марбут ба амалишавии ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд, ташкилоту муассиса, корхонаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон ва тарзу воситаи фаъолияташон бавосита ё бевосита зикр шудаанд ва татбиқи онҳо низ салоҳияти мақомоти судӣ аст. Зеро ҳаллу фасли қонунии ҳама гуна баҳсу мунозираҳо ва матраҳ кардани дигар масоили ҳуқуқӣ пеш аз ҳама вазифаи суд мебошад.
Тибқи муқаррароти моддаи 19-и Конститутсия ҳар шахс кафолати ҳифзи судӣ дошта, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи эҳтимолии ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ кунад. Ин меъёр бозгӯи он аст, ки дар ҷумҳурии мо ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ муқаррар гардида, давлат ҳимояи судии ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки феълан мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ҷомеа, муассисаю корхонаҳо ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил шудаанд. Тадбирҳои амалӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаро Сарқонун асос гузошта, шурӯъ аз соли 2007 барномаҳои мушаххаси соҳа, мисли «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010, 2011-2015» мавриди иҷро қарор гирифтанд, ки натиҷаҳои воқеан судбахш дар пай дорад. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ кодексу қонунҳои соҳавӣ қабул ва ниҳодҳои дохилӣ дар сохтори судҳо таъсис шуданд. Бахусус, кодексҳое, ки аз замони шӯравӣ амал мекарданд, аз нав ба пуррагӣ қабул шуданд. Дар баробари коллегияи гражданӣ, ҷиноятӣ ва ҳарбӣ коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ низ таъсис ёфтанд, ки чунин таҷриба аллакай дар кори судҳо мусбат арзёбӣ мешавад. Гузашта аз ин, чунин раванд ба баррасии ҳаматарафаю ҳирфаии парвандаҳо мусоидат карда, дар такмили касбии судяҳо нақши муассир хоҳад гузошт.
Албатта, талошҳо дар ин самт идома хоҳанд кард, зеро эъмори ҷомеаи воқеан демократӣ, пешрафти муносибатҳои нави замони муосир ба фаъолияти ҳокимияти судии мустақил, беғаразу устувор ва босалоҳият алоқаманд аст. Дар ҳамин ҳол, ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки ба меъёрҳои Конститутсия эҳтиром гузошта, тобеи дигар қонунҳои амалкунанда бошанд. Зеро танҳо дар сурати волоияти қонун ҷомеаи мо метавонад мунтазам дар ҳоли рушд қарор дошта бошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2014    №: 101    Мутолиа карданд: 606

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед