logo

илм

ИЛМ ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ

…Ягона тақозои давлат аз олимону мутахассисон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд…
Аз Паёми Президенти кишвар
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 ба Маҷлиси Олӣ, 30 апрели соли 2014

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, чун маорифу илм, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар самти омӯзиш ва тадқиқоти паҳлуҳои баҳсталабу норавшани масъалаҳои зидахл дар ҷумҳурӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ сол то сол ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад. Аз ҷониби ин пажӯҳишгоҳ ҳамчунин тадбирҳои зиёде доир ба исботи илмӣ ва асоснокнамоии зарурати сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду бузург дар дарёҳои азими қаламрави кишвар, истифодаи неруҳои алтернативии аз захираҳои табиӣ барқарорнашавандаи фаровону мусоиди диёр, назири неруҳои офтоб, бод, биогазҳо ва ғайра ҳосилшавандаро, ки аз ҷиҳати экологӣ бартариятҳои зиёде доранд, андешида, онҳоро мавриди омӯзиш ва тадқиқоти илмӣ қарор додаанд.
Бесабаб нест, ки Президенти кишвар дар Паёми имсолааш низ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикии минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда зарур аст, ки таҷдиду барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти соҳаи энергетика босуръат идома дода шавад, зеро пешрафти ояндаи кишвар ба рушди гидроэнергетика вобастагии мустақим дорад
Бояд тазаккур дод, ки дар Институти номбурда солҳои охир ҷавобан ба супоришу нишондодҳои барномавии Сарвари давлат таҳти роҳбарии директори институт Зайналобудин Кобулиев як идда олимон - мутахассисони собиқадори соҳаи илмҳои техникӣ, гидромеханикаву гидромелиоратсияро ба кор даъват намуд, ки алҳол тадқиқотҳои бунёдии худро ба нафъи рушди ояндаи илму техника, соҳаи гидромеханикаи ватанӣ ва тарбияи олимони ҷавон ба таври самарабахш ва густурда идома медиҳанд. Имрӯз корҳои илмӣ-тадқиқотии докторони илмҳои техникии муассиса чун З. Кобулиев, А. Сатторов, Н. Носиров, Н. Петров, Я. Пӯлодов, А. Финаев, Ҷ. Саидов мувофиқ ба талаботи замони муосир ва вазифаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди олимону мутахассисон дар ҳамбастагӣ ба бунёди НБО – ҳои хурду бузург, обанборҳои азим, идоракунии интегриронии захираҳои обӣ, истифодаи самараноки об ва захираҳои он, таъмини бехатарии экологӣ, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо гузоштааст, бо муваффақият пеш мераванд. Омӯзишу тадқиқотҳои бунёдии илмӣ дар доираи барномаю нақшаҳои сатҳи ҳукуматӣ ва шартномаҳои илмӣ - тадқиқотии минтақавию байналмилалӣ вобаста ба талаботи рушди техникаву технологияи ҷаҳони муосир ва эҳтиёҷоти рӯзафзуни ҷумҳурӣ ба кашфиётҳои нав ботадриҷ таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, раиси Комиссияи байналмилалии гидрологӣ (КБГ) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор (КБРУ), раиси тоҷикистонии бахши симпозиуми байналхалқӣ оид ба масъалаҳои илмҳои бунёдӣ ва амалӣ Зайналобудин Кобулиев босуръат идома доранд.
Ба наздикӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар во-хӯрӣ бо  як гурӯҳ роҳбарони навтаъ-йини вазорату муассисаҳои масъули аҳамияти умумиҷумҳуриявидошта саҳми Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ- ро дар ҳалли масъалаҳои азими ба дӯш доштааш махсус қайд намуд.
Алҳол маъмурияти Институт дар назди худ вазифа гузоштааст, ки дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ вобаста ба рушди соҳаи гидроэнергетика бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда саҳмгузорӣ намуда, таъкиди Сарвари давлат дар Паёми имсолааш доир ба тарбияи олимони ҷавонро беш аз пеш хубтар ба роҳ монад.
Дар доираи ҳамкориҳои илмӣ – тадқиқотии байналмилалӣ миёни Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи илму маориф ва техникаву технологияи нав фақат соли 2013 панҷ нафар ходимони илмии ҷавони умедбахши Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозомӯзӣ ва такмили ихтисос намуданд. Чунончи, ходими илмии ҷавони институт Анвар Қодиров омӯзишро оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар Институти ба номи Йоханнес Кеплери шаҳри Линзи давлати Австрия, мутахассиси ҷавон Е. Финаева дар доираи лоиҳаи МАГАТЭ дар Институти омӯзиши оби шаҳри Делфти Нидерландия, олимон ва мутахассисони ҷавон, номзади илмҳои техникӣ Ф. Шаймурадов, ходимони илмӣ И. Раҳимов ва Т. Маҷидов дар Институти давлатии геологии шаҳри Братиславаи Ҷумҳурии Словакия дар соҳаи гидрогеология ва гидрохимия такмили ихтисосу маҳорат намуданд. Инчунин барои камолоти олимони ҷавон ва азбар кардани дониш, таҷриба ва маҳорати амалии собиқадорони институт воситаю имкониятҳо васеъ истифода бурда мешаванд.
Тавассути созишномаҳо ва ҳамориҳо бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, дастгирҳои молиявии онҳо институти мо низ соҳиби таҷҳизотҳои муосир оид ба муайян кардани сифати об, мониторинги захираҳои обӣ гардид. Умед аст, ки олимону мутахассисони ҷавоне, ки аллакай дар хориҷи кишвар дар ин самт бозомӯзӣ ва такмили маҳорати касбӣ намудаанд, аз уҳдаи истифодаи дурусти ин таҷҳизотҳои муосири гароннарх ва ҳалли масъалаҳое, ки Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, бахубӣ мебароянд.
И. САИДОВ,
мудири лабораторияи
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва
экологияи АИ ҶТ, доктори илмҳои техникӣ,

И. ҚУРБОНОВ,
мутахассиси институти номбурда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2014    №: 102    Мутолиа карданд: 1062

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед