logo

ҳуқуқ

ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОН ДАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

Абдураҳмон ХОНОВ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

Мутобиқи маълумоти оморӣ, бештар аз 30 дарсади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил ме-диҳанд. Ҳуқуқи онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, аз қабили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои оила, меҳнат, ҷиноятӣ, гражданӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи ҳифзи саломатӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” ҳифз мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонд ва уҳдадориро барои амалӣ намудани талаботи ин санади байналмилалӣ  ба зимма гирифт.  Вобаста ба ин, то имрӯз тадбирҳои хеле муҳими давлатӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар мамлакат амалӣ гардида истодаанд, ки гувоҳи ин қабл аз ҳама аз таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба онҳост.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ҳимояи давлатии модару кӯдак, ҳифзи кӯдакони маъюб (қисми 1 ва 3-и моддаи 34), маҳрум шудан аз сарпараст (моддаи 39), ҳуқуқ ба тарбия ва таълими ятимон аз ҷониби давлат (қисми 3-и моддаи 34), ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ (моддаи 38)-ро кафолат медиҳад. Кӯдак аз рӯзи дар батни модар пайдо шуданаш ҳуқуқ ба зиндагӣ дорад.
Мувофиқи моддаи 57-уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакро падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд), мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд. Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак ё иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) оид ба тарбияю таълими кӯдак, ё суиистифода аз  ҳуқуқҳои падару модарӣ кӯдак ҳуқуқ дорад, ба мақомоти васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба чордаҳсолагӣ ҷиҳати ҳимоя аз ҷониби онҳо ба суд муроҷиат кунад.
Дар асоси моддаи 55-и ин кодекс кӯдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад. Тибқи моддаи 63 падару модар нисбат ба кӯдакони худ ҳуқуқҳои баробар доранд. Падару модар уҳдадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим ва касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд. Инчунин дар асоси моддаи 80 падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд.
Тибқи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар-қасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Боби 20-уми кодекс, ки «Ҷиноятҳо ба муқобили оила ва ноболиғон» ном дорад (моддаи 165), дар қатори дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар хусуси тарбияи ноболиғон, таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдакон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби  то 16 - сола нафақаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 100%-и ҳадди ақал нафақа аз рӯи синну сол пардохт мешавад. Ҳамчунин нафақаи бесаробон, кумакпулӣ барои кӯдакони гирифтори бемории норасоии масунияти бадан, кӯмакпулӣ ба мактаббачаҳое, ки аз оилаҳои камбизоат мебошанд ва дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, пардохт карда мешавад.
Ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдуд ба дастрасии баробар ба маълумот, манзил, хизматрасонии тиббӣ ва истироҳат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» дарҷ гардидааст. Қонуни мазкур ба ташкили имкониятҳои баробар байни шахсони имконияташон маҳдуд ва одамони солим, ҳамчунин ба бартараф намудани табъизи нисбӣ нигаронда шудааст.                                                                                                         
Ҳар як тадбири андешидашудаи давлату Ҳукумат нисбат ба кӯдакон аз он иборат аст, ки онҳо  дар оянда мавқеву мақоми хешро дарёфта, ворисони сазовори гузаштагони ифтихормандашон гарданд. Дар ин ҷода нақши таълиму тарбия муҳим ва муассир маҳсуб меёбад. Дар шароити имрӯзаи давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявии Тоҷикистон бояд таълиму тарбияи ҷавобгӯи ҷаҳони имрӯза дар алоқамандӣ бо арзишҳои миллӣ сурат  гирад.
Дар шароити кунунӣ истифодаи арзишҳои маънавӣ дар тарбияи кӯдакону наврасон ба манфиати кор хоҳад буд. Зеро мардуми тоҷик маҳз ба шарофати арзишҳои маънавии хеш, ки дар радифи арзишҳои умумибашарӣ мақоми хоса доранд, ба зинаи имрӯзаи пешрафту камолот расида, дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоистаро дорост. Арзишҳои маънавие, ки кӯдаконро ба дӯст доштани Ватан ва марзу буми он, одобу ахлоқи шоиста, ҳифзи табиат, донишомӯзиву маърифатпарварӣ ҳидоят менамоянд, хеле зиёд мебошанд.
Яке аз ҳадафҳои қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ аз ҳамин иборат мебошад. Ин қонун, ки татбиқи бевоситаи он аз ҷониби тамоми субъектҳои тарбия масъулияти калонро тақозо менамояд, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд ва уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, ба таври возеҳу равшан муқаррар намудааст. Аз ҷумла, дар асоси моддаи 5 ин қонун давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва  маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид  фароҳам меорад.
Мутобиқи ин қонун мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, уҳдадоранд тарзи ҳаёти солимро таблиғ ва кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоянд. Кӯдаконеро, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузоштаанд ҳавасманд гардонанд, инчунин оид ба пешгирии  ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд.
Воқеан, маърифати инсонӣ, ақлу заковати инсон, мақоми ӯ дар ҷомеа низ ба таълиму тарбия вобаста аст. Зинаи аввали таълиму тарбия, ки раванди мураккабу тӯлонӣ мебошад, бо фаъолияти муассисаҳои томактабӣ вобастагии мустақим дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, 26 апрели соли равон, таъкид намуданд, ки: “Оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ба Кодекси оила дар хусуси фарзандхонӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамзамон бо ин, низоми қонунгузории оилавӣ такмил дода шавад.”
Андешаи Сарвари давлат вобаста ба роҳҳои сабук гардондани  фарзандхонӣ ва тарбияи ятимони кул, дар муҳити оила воқеан ҳам тақозои рӯз аст. Зеро собит гардидааст, ки тарбия дар муҳити оила хусусиятҳои мусбатро доро буда, ҳамчунин омили соҳибфарзанд гардидан ва хушбахтии оилаҳо мегардад.
Ҳарчанд  ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар як силсила санадҳои қонунгузорӣ инъикос ёфта, тамоми муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро фаро гирифтаанд, зарурате ба миён омадааст, ки дар ин самт чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Аз ин хотир, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ як гурӯҳ аз ҳисоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 2 лоиҳаи қонун: «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятиму бепарастор» - ро омода намудаанд, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор доранд.
Лоиҳаи қонунҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, роҳ надодан ба поймоли ҳуқуқҳои онҳо, ташаккули асосҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбия кардани онҳо дар рӯҳияи ватандустӣ, ҳисси баланди шаҳр-вандӣ, инчунин истифодаи шахсияти кӯдак ба манфиати ҷомеа, таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маданияти ҳуқуқии ноболиғон таҳия гардидааст.
Ин лоиҳаи қонунҳо ҷанбаҳои муҳими ҳуқуқҳои кӯдакро дар бар мегиранд, ки бо қабул гардидани онҳо дар мавриди ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи кӯдакон боз тадбирҳои ҷиддӣ ва натиҷабахш рӯи кор хоҳанд омад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2014    №: 103    Мутолиа карданд: 653

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед