logo

президент

САРМОЯГУЗОРӢ ИСЛОҲОТИ ДОИМӢ МЕХОҲАД

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, 30 майи соли 2014, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сездаҳуми Шӯрои мазкур баргузор шуд. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулини вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Қабл аз оғози ҷаласа, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов ва аъзои тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ: роҳбари Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон - Шорауф Шораҳматов, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мадина ва Ҳамкорон» - Набот Додхудоева ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» - Акбар Ғуломовро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.
Ба баррасии ҷаласа 4 масъала пешниҳод шуд:
- Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
- Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта;
- Натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон;
- Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ.
Сипас гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ Нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ гардиданд, ки ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ, устувор гардидани мавқеи байналмилалӣ ва боз ҳам беҳтар шудани симои сармоягузории мамлакат таконе хоҳанд бахшид.
Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи бахши туризм ва иҷрои бандҳои дахлдори протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯро вобаста ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти марбута корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани сатҳи хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба мусофирон, Одобномаи кормандони фурудгоҳ қабул гардида, корҳо дар самти азнавсозӣ ва модернизатсияи таҷҳизоти хизматрасонии фурудгоҳ идома доранд.
Аз ҷониби Хадамоти гумрук низ нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мақомоти гумрук дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар қабул карда шуд.
Инчунин аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ равзанаи алоҳида барои хизматрасонии ширкатҳои туристӣ дар Раёсати консулии Вазорат таъсис дода шуда, фаъолият дорад, ки кори ширкатҳои туристиро хеле осон ва самаранок кардааст.
Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул гардида, айни замон санадҳои зерқонунӣ вобаста ба татбиқи босамари қонуни мазкур таҳия шуда истодаанд.
Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро инчунин узви Шӯро Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр ва намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, Роҳбари ширкати «Помир энерҷӣ» Далер Ҷумаев андешаронӣ карданд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо - Шариф Раҳимзода сухан гуфта, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кориро, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таъсис ёфта буд, муаррифӣ намуд. Аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҷаласаи Шӯро ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас барои рушди минбаъдаи бахши суғурта ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта пешниҳод карда шуданд.
Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмон ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Ширинов сухан ронда, барои натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон гузориш доданд.
Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, котиби масъули Шӯро  Қодири Қосим ахбор дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллиро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.
Инчунин дар муҳокима ва баҳсу мунозираҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда аъзои Шӯро, роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров, Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив, роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер иштирок намуданд.
Дар хотимаи ҷаласа Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки роҳҳои амалӣ намудани ислоҳоти муассир дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҷалби васеи коршиносону мутахассисони варзида ва худи соҳибкорону истеҳсолкунандагон ҷустуҷӯ шавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2014    №: 103    Мутолиа карданд: 19929
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед