logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАҲРАЙН

Субҳи 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Манома, пойтахти мамлакати Баҳрайн бо раисони ҳар ду палатаҳои порлумони ин кишвар мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Дар вохӯрӣ бо раиси Маҷлиси намояндагони мамлакати Баҳрайн Халифа ибни Аҳмад Заҳронӣ масоили вобаста ба ҳамкории байнипорлумонӣ,  таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои татбиқи босамари санадҳои нави баимзорасида баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ ва илму фарҳанг ва ҳамчунин ба таъсиси гурӯҳи дӯстии миёни порлумонҳои ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Доир ба ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раиси Шӯрои машваратии Ассамблеяи миллии (палатаи болоии порлумон) мамлакати Баҳрайн Алӣ ибни Солеҳ ас-Солеҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дод.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки зимни нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакати Баҳрайн заминаи воқеӣ барои рушди муносиботи бисёрпаҳлуи дуҷониба гузошта шуд.

Дар мулоқот бо раиси Палатаи савдо ва саноати мамлакати Баҳрайн Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд масоили вобаста ба ташкили шароити ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар  ва густариши робитаҳои минбаъдаи онҳо баррасӣ ёфтанд.
Бо хушнудӣ тазаккур дода шуд, ки рӯзи гузашта миёни соҳибкорону тоҷирони бонуфузи Тоҷикистону Баҳрайн тавофуқоти зиёди судманд доир ба роҳандозии ҳамкории пурсамар ҳосил шуд.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории гуногунҷанбаи миёни ду кишвари дӯст хеле зиёд аст ва ин имконот бояд васеъ истифода бурда шавад.
Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд иттилоъ дод, ки мехоҳад ба наздикӣ сафари як гурӯҳи калони соҳибкорони баҳрайниро ба Тоҷикистон ташкил кунад. Пешниҳоди ӯ аз ҷониби Тоҷикистон хуш пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки як анҷумани бузурги соҳибкорон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Мулоқоти судбахши дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор бонкҳои бонуфузи мамлакати Баҳрайн доир намуд.
Бонкдорони баҳрайнӣ изҳор доштанд, ки омодаанд ба бозори бонкдорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ворид шаванд. Ёдоварӣ гашт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои мамлакати Баҳрайн барои роҳандозӣ намудани усулҳои беҳтарини бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ҳамкории хуб доранд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки  Тоҷикистон  барои муҳайё намудани беҳтарин шароит барои ҷалби васеи сармояи хориҷӣ пайваста ҷаҳду талош мекунад. Корҳои зиёд дар ин самт анҷом ёфта, ислоҳоти соҳа боз ҳам идома дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2014    №: 103    Мутолиа карданд: 476

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед