logo

сафарҳо

Сардори давлати Тоҷикистон дар Эстония сафари корӣ анҷом дод

Нимаи дуюми рӯзи 13 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Эстония рафт.
Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар зимни мулоқотҳои Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвес, Сарвазири ин кишвар Андрус Ансип ва Раиси Порлумон Энее Иргма мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Густариши  робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, истихроҷ ва коркарди металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, бунёди коргоҳҳои заргарӣ ва истеҳсоли ҷавоҳироту ороишот, объектҳои гуногуни туристӣ ва ғайра аз самтҳои пурманфиати ҳамкорӣ барои ду кишвар маънидод гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвесро даъват намуд, ки  ба Тоҷикистон ташриф биёрад.
Сарони ду давлат аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳои дуҷониба   Эъломияро  оид ба густариши муносибатҳо  миёни Тоҷикистону Эстония ба имзо расонданд.  Самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақими миёни истеҳсолкунандагону тоҷирон дар ҷамъомади намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар низ баррасӣ гардиданд.
Шаби 13 ба 14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафарҳои бобарору пурмаҳсул аз шаҳри Таллин ба Ватан омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 755

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед