logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Яаап Де Хооп Схеффер ва Андре Мерние дар Белгия

Субҳи 11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер мулоқот намуд.
«НАТО чун ҷузъи муҳими нерӯи таъмини сулҳ дар Афғонистон бояд бо мамолики ҳамсоя ва бахусус Тоҷикистон, ки дар Осиёи Миёна бо Афғонистон сарҳади аз ҳама тӯлонӣ дорад, ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монад», изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон,  амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди  истеҳсоли маводи мухаддир ва ҳамчунин бо татбиқи васеи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ сурат гиранд.
Яаап Де Хооп Схеффер ба нақши Тоҷикистон дар минтақа ва ҳамгироии он ба  нерӯҳои НАТО дар Афғонистон баҳои баланд дод. Дар чаҳорчӯби барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва нақшаҳои дигари ҳамкорӣ бо НАТО оид ба ҷудо намудани техникаю таҷҳизоти нав ба сарҳадбонони тоҷик,  ҳамгироӣ бо сарҳадбонони афғон, омода кардани кадрҳои низомӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба истифодаи потенсиали НАТО дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон зоҳир гардид. Пешниҳодҳо баҳри кушодани Маркази махсуси НАТО дар Тоҷикистон, таъсиси  Маркази наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани системаи огоҳкунонӣ аз офатҳои табиӣ ва аз минаҳо тоза кардани марзи давлатӣ бо Афғонистон баррасӣ шуданд.Масоили омодагӣ ба ҷаласаи барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ»-и  НАТО, ки имсол дар Остона баргузор мегардад, низ баррасӣ ёфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Андре Мерние ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва дастгирии илмию техникии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Тоҷикистон ба ҷараёни татбиқи Хартияи энергетикӣ ва Аҳдномаи он чун узви фаъолу комилҳуқуқи он таваҷҷӯҳи доимӣ  зоҳир менамояд, зеро ин санадҳо пояи устувори ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика дар минтақаи бузурги Осиёву Аврупо ташкил менамоянд”, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Зарурати ҳамкорӣ дар самти кашф ва истифодаи конҳои нафту газ ва ангишти Тоҷикистон низ талаби рӯз номида шуд.  Изҳори боварӣ карда шуд, ки котиботи Хартияи Энергетикӣ дар  густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои судманди энергетикӣ саҳми намоён мегузорад.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар Хартияи энергетикӣ шӯъбаи гидроэнергетика низ кушода шавад ва дар он намояндаи Тоҷикистон низ бошад.
Сипас,  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи   Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел иштирок намуд.  Дар бинои Сафорати Тоҷикистон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо тоҷикону ҳамватанони муқими Белгия мулоқот намуда, баъд дар анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Белгия иштирок намуд. Дар пойтахти шоҳигарии Белгия шаҳри Брюссел, ки гуфтан мумкин қалби Аврупо ба шумор меравад,  дар бинои алоҳида кушода шудани Сафорати Тоҷикистон фоли нек аз оғози фаъолияти босамари он ва густариши муносибатҳо бо ин кишвар ва сохторҳои байналмилалию аврупоии муқими ин шаҳр аст.
Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Сенати Шоҳигарии Белгия Арманд Де Деккер мулоқот намуда, оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқию сиёсии ҳамкории ду кишвар гуфтугӯйи судманд анҷом дод.


Баёни ақида (1)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 534

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед