logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳои воридшуда Ғуфрон БОЙМАТОВ, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд (тел: 92-835-00-32) ҷавоб мегӯяд.

- Соли гузашта ба як шиносам пул қарз дода, забонхаташро гирифта будам. Мувофиқи ин санад ӯ маблағи қарзиро мебоист пас аз ду моҳ баргардонад. Вале аз муҳлати муқарраргардида вақти зиёд гузашта бошад ҳам, шиносам аз баргардондани қарз саркашӣ мекунад. Оё метавонам оид ба рӯёндани маблағи қарзӣ ба суд муроҷиат намоям?
С. Қосимова, шаҳри Қайроққум

- Дар чунин ҳолатҳо, тибқи муқаррароти моддаҳои 123 ва 124 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонед ба суд ариза «Дар бораи қабули фармон оид ба рӯёндани маблағи қарз» пешниҳод намоед. Зеро талаботи шумо дар мавриди рӯёндани маблағи қарзӣ ба аҳди дар шакли одии хаттӣ басташуда асос меёбад. Дар муҳлати се рӯз, аз рӯзи воридшавии аризаатон, аз тарафи суд бе баррасии судӣ ва бе даъвати тарафҳо фармон оид ба рӯёндани қарз қабул карда мешавад.


- Шавҳарам ду моҳ пеш аз олам гузашт. Ӯ ҳангоми дар қайди ҳаёт будан бинобар аз уҳдадории додани алимент қасдан саркашӣ намудан аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум гардида буд. Оё фарзандам ба молу мулки меросии падараш ҳақ дорад?
Рухшона, ноҳияи Ашт

- Бале, ҳақ дорад. Зеро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон махсус таъкид шудааст. Аз ҷумла, дар қисми 4 - и моддаи 71 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: кӯдаке, ки нисбат ба ӯ падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад. Ба маълумоти шумо мерасонем, ки, ҳарчанд шавҳаратон бо ҳалномаи судӣ аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум шуда бошад ҳам, кӯдак ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ва ҳуқуқи гирифтани мероси падарро гум накардааст.


- Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки ба муҳлати як сол рухсатии бемузди меҳнатӣ гирад?
Р.Тошматов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

- Чунин ҳуқуқро на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки кормандони дигар сохторҳо низ доранд. Дар моддаи 99 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ба корманд, бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бемузди меҳнатӣ дода мешавад. Давомнокии муҳлати рухсатии бемуздро мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян мекунад.


- Боре бе иҷозати соҳибхона вориди манзили истиқоматии ӯ гардидам. Оё ин амали ман ягон ҷавобгарӣ дорад?
Н. Ҳакимов, ноҳияи Мастчоҳ

- Дар қонунгузорӣ ворид гардидан ба манзили истиқоматии шахси дигар бо роҳи ғайриқонунӣ мамнуъ эълон гардидаст. Дар Кодекси ҷиноятӣ барои вайрон намудани дахлнопазирии манзил ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи муқаррароти моддаи 22 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, манзили шахс дахлнопазир аст ва ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст. Моддаи 147 - и Кодекси ҷиноятӣ барои вайрон намудани дахлнопазирии манзил, яъне бар хилофи хоҳиши шахси дар он истиқоматкунанда ё барои касеро аз манзилаш маҳрум кардан ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст.


- Донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи яке аз факултаҳои Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошам. Моҳи майи соли ҷорӣ ду нафар корманди комиссариати ҳарбӣ ва як нафар корманди милитсия маро аз кӯча дошта, ба комиссариати ҳарбӣ бурданӣ шуданд. Ба онҳо шаҳодатномаи донишҷӯиамро нишон додам. Ба эътибор нагирифтанд. Шаҳодатномаат қалбакӣ гуфта, маро ба комиссариати ҳарбии шаҳр бурда, зиёда аз 4 соат нигоҳ доштанд. Ин амали онҳо хилофи талаботи қонун нест?
 Б. Субҳон, вилояти Суғд

- Ин амали кормандони комиссариати ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ хилофи талаботи қонунгузории амалкунанда аст. Зеро онҳо ҳуқуқ надоштанд, ки шуморо аз кӯча дастгир карда, ба комиссариати ҳарбӣ баранд. Тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Низомномаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба танзим даровардаанд. Тибқи муқаррароти ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, даъватшаванда ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисташ дар асоси даъватнома, агар онро шахсан худаш қабул карда бошад, ҳозир мешавад. Дар сурати ҳозир нашудан нисбат ба ӯ чораҳои маҷбурӣ овардан ё худ ҷавобгарие, ки қонунгузорӣ пешбини намудааст, татбиқ мегардад. Шахсоне, ки шуморо ба комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ овардаанд, бояд мувофиқи моддаи 131 Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Шумо барои аз тарафи онҳо поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳоятон ба Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд шикоят баред.


- Ҳоло дар бозор кор мекунам. Чанд бор, ҳарчанд дар назди гузаргоҳ кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ истода буданд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардам. Оё барои аз тарафи пиёдагардон риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ягон намуди ҷавобгарӣ пешбинӣ гаштааст?
Б. Бозоров, ноҳияи Спитамен

- Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои аз тарафи пиёдагардон риоя нагардидани талаботҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидaaст. Раводиди моддаи 327 кодекси мазкур барои аз тарафи пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ (ҳангоми набудани аломати ҷиноят) ҷазои маъмуриро дар намуди аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 40 то 80 сомонӣ) муқаррар намудааст.


- Дар сурати аз тарафи ронанда вайрон нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳуқуқи нигоҳ доштани воситаи нақлиётро доранд?
Х. Ҷамшед, шаҳри Қайроққум
 
- Мувофиқи қисми 1, моддаи 72 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати дар воситаи нақлиёт мавҷуд будани нишонаҳои вайронӣ ва ё ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯ набудани қисмҳои он, ҳангоми ҳаракати нақлиёт қобилияти идоракунии ронанда ба назар шубҳанок намояд ё, агар маълумот дар бораи дар кофтуков қарор доштани ҳамон мошин мавҷуд бошад, нозирони БДА ҳуқуқи нигоҳ доштани воситаҳои нақлиётро доранд.

Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо нишонии pursish@mail.ru ё бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.06.2014    №: 106    Мутолиа карданд: 808

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед