logo

маориф

БОНУЕ, КИ ДИЛҲОРО МУНАВВАР МЕКУНАД

Феълан 56 дарсади масъулияти соҳаи маорифи кишварро бонувон бар дӯши худ гирифта, талоши бештар барои беҳтаршавии сифати таълим ва тарбияи шогирдон мекунанд.

Яке аз чунин устодон Матлуба Муъминова, директори мактаби президентии шаҳри Чкалов, мебошад. Дар бораи муаллима ғоибона маълумот доштам, аммо намедонистам, ки дар зарфи чор соли фаъолияти роҳбарияш чор маротиба Сарвари давлат меҳмони мактаб ва шогирдонаш шудаву ба фаъолияти ӯ баҳои хуб додааст.
Муаллима ҳамзамон барои ояндаи шогирдон ва дастгирии омӯзгорон талошҳои зиёд мекунад. Соли гузашта ду нафар омӯзгори мактабро, ки ба ватани аҷдодии худ - Русия рафта буданд, дубора ба Тоҷикистон баргардонд. Ҳоло онҳо ба шогирдон дарс медиҳанд.
- Мо тамос доштем, аз ҳоли ҳамдигар пурсон мешудем. Як рӯз яке аз онҳо занг зад, гиря мекард. Гуфт, ки барои Тоҷикистон ва шогирдону муҳит андӯҳгин асту намедонад чӣ кор кунад. Пешниҳод кардам, ки шояд баргардад. Гуфт, ки роҳкиро надорам. Роҳкиро фиристодам. Ҳамин тавр, баргашт, дубора ба фаъолият оғоз кард. Омӯзгоронро бо хонаи истиқоматӣ таъмин кардем. Ягона омили баланд бардоштани сатҳи сифати таълим бо меъёрҳои байналмилалӣ гузарондани дарси иловагӣ ба шогирдон аст ва барои ин бояд омӯзгор тайёр ва шароити моддиаш таъмин бошад. Омӯзгорони мо дар як моҳ ба шогирдон 80 соат дарси иловагӣ медиҳанд ва барои ин ҳам омӯзгор бо маоши алоҳида таъмин мегардад. Машғулияти зеҳнӣ, он ҳам бо наврасон, заҳмати сангин аст. Тамоми рӯз ба шогирд андармон мешавад. Омӯзгороне, ки корро партофта ба муҳоҷират рафта буданд, ҳамаашон баргаштанд. Зеро низому шароити моддии омӯзгор ва муҳаббат ба шогирдон эҳё шуд. Барои нигоҳ доштани омӯзгорон ва қонеъ гардондани талаботи онҳо бояд роҳбарияти мактабҳо роҳҳои гуногунро истифода кунанд, - машварат медиҳад қаҳрамони мо.
Айни ҳол дар мактаби президентии мазкур 831 хонанда таҳсил дорад, ки аз ин 286 нафар духтар мебошад. 51 омӯзгор ба онҳо дарс мегӯяд. Таълим бо забони англисӣ сурат мегирад. Дар донишгоҳҳои Русия дар бахши илмҳои технологӣ 20 дастпарвари мактаб бо стипендияи 1000 - долларии амрикоӣ таҳсил доранд. - Ҳар сол ба дидорашон меравам ва талош мекунам, ки донишҷӯён фаъол бошанд. Дар Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон шогирдон таҳсил мекунанд, - ме-гӯяд ӯ.
Мактаби президентии мазкур дар ҷумҳурӣ яке аз мактабҳои намунавист. Дар давоми 4 соли охир 2 шогирди он тавонист ба Донишгоҳи байналмилалии Русия дохил шавад. Соли гузашта 52 хатмкунанда - ҳама таҳсилро дар мактабҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷи он идома доданд.
Дар олимпиадаҳои ҷумҳу-риявӣ байни мактабҳои пре-зидентӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд. Соли гузашта аз олимпиадае, ки дар Қазоқистон доир гардид, шогирдон 6 медали нуқра оварданд.
Қаҳрамони мо раиси Шӯрои директорони ҷумҳурӣ низ мебошад. Ташаббусҳои ҷамъиятии ӯ дар ҳама бахш муассиранд. Дар замини наздиҳавлигии мактаб лимупарвариро ба роҳ мондааст, ки аз ҳосили он ба шогирдон, донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ ҳам мефиристад. 2 ҳазор гули садбарг ва 302 дарахти сояафкан дар саҳн ва атрофи мактаб шинондаанд. Табиати зебои мактаб таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҳатман ҷалб мекунад.
Матлуба Муъминова аз соли 1978, баъди хатми донишгоҳ, то ба имрӯз омӯзгор аст. 35 соли умри азизи худро сарфи тарбияи насли наврас кардааст.
Агар саҳфаҳои фаъолияти муаллимаро варақ занем, шояд садҳо варақ шавад. Бо умеди зиёд шудани сафи чунин бонувони фаъол ва хидматгузор ба ватану миллат ин ҷо нуқта мегузорем.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.06.2014    №: 106    Мутолиа карданд: 1095
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед