logo

номаҳо

«ҶАМАСТ» ВА ЗОЧАҲОИ ГИЛИНИ ОН

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз иттилоъ медиҳад, ки мақолаи «Ҷамаст» ва зочаҳои гилини он» («Ҷумҳурият», 30.04. 2014, № 80) мавриди баррасии ҷаласаи назди раиси ноҳия қарор гирифт.

Дар ҳақиқат корхонаи «Анори Дарвоз» 8 июли соли 2003 аз тарафи муассис – Корхонаи воҳиди давлатии «Ҷамаст» бо роҳбарии шаҳрванди ноҳияи Ванҷ шодравон Баҳодур Одилов дар ноҳияи Дарвоз таъсис ёфта, ба қайд гирифта шуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории КВД «Ҷамаст» дар ҳаҷми 80,0 ҳазор сомонӣ бинои сехи коркарди сангҳои ороишӣ дар назди МНДРА-и ноҳия бунёд гашт.
Корхонаи «Анори Дарвоз» дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) КВД «Ҷамаст» мебоист пас аз васли таҷҳизоти сангбурӣ ва суфтакунӣ ба фаъолият мепардохт, аммо бо сабаби корношоям будани дастгоҳҳояш ба кор шурӯъ карда натавонист. Баъди як сол дар асоси шартномаи тарафайн бо Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (собиқ раисаш С. Камолов) як дастгоҳи сангбурӣ аз вилояти Суғд оварда, васл карда шуд. Мутаассифона, ин дастгоҳ низ корношоям баромад. Бо ҳамин корхона дигар фаъолият накард.
Корхонаи «Анори Дарвоз» ягон таҷҳизоти дурусти сангбурӣ ва суфтакунӣ, инчунин воситаҳои борбарию борбардорӣ надорад. Аз тарафи муассис дастгирӣ наёфта, аз соли 2009 на роҳбар дораду на коргар. Мебоист дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор» то 1 июли соли 2010 дар мақомоти андоз аз нав аз қайд мегузашт, аммо бо сабаби беназоратии муассис касе дар фикри бақайдгирии давлатӣ ва оғози фаъолияти истеҳсолии он нест.
Ба мақсади фаъолгардонии корхонаи мазкур ҳанӯз 14 декабри соли 2012, № 484, 20 сентябри соли 2013 ва имсол ба унвонии раиси ВМКБ гузориш пешниҳод шуда буд. Дар хусуси аз рӯзи таъсис то ҳол фаъолияти истеҳсолӣ надоштани корхонаи «Анори Дарвоз» ба Вазорати саноат ва технологияи нав низ маълумот пешниҳод гардидааст.
С. АБДУРАҲМОНЗОДА,
раиси ноҳияи Дарвоз 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2014    №: 109    Мутолиа карданд: 580

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед