logo

номаҳо

«ҶАМАСТ» КВД-СТ, НА ҶДММ

КВД «Ҷамаст» - и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобан ба мақолаи «Ҷамаст» ва зочаҳои гилини он», ки рӯзи 30 апрели соли 2014 дар нашрияи «Ҷумҳурият»  чоп гардидааст, иброз медорад, ки аз ҳамкорӣ ба маҷаллаи шумо изҳори қаноатмандӣ менамоем ва хотиррасон месозем, ки корхонаи мо ҳамасола ба ин рӯзнома обуна шуда, аз файзи нигоштаҳои рӯзноманигорони он пайваста баҳравар мегардад. Дар навбати худ аз шумо, рӯзноманигорони ин нашрия хоҳиш менамоем, ки пеш аз дарҷи мақола ба маъмурият ва масъулини корхона ҳамсуҳбат гашта, асноди дақиқ ба даст биёред, то ин ки байни шумо ва кормандони он нофаҳмиҳо ва носозгориҳо ба миён наояд.
Муҳтарам Раҳмони Гулзор ҳангоме ки бо роҳбар ва ё бо муовинони директори КВД «Ҷамаст» ва дигар масъулини он вомехӯрду аз бурду бохти корхона ва мушкилотҳои мавҷудаи он пурсон мешуд, шояд матолиби мақола ранги дигар мегирифт ва он ба пешбурди минбаъдаи корхонаи мо мусоидат менамуд.
КВД «Ҷамаст»  бо мақсади иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 4 июли соли 2006 таҳти рақами 289 «Дар бораи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 29 апрели соли 2009 таҳти рақами 255 «Дар бораи тасдиқи барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009 – 2015» як қатор корҳои истихроҷӣ ва истеҳсолиро ба анҷом расонид. Дар муддати кӯтоҳ корхонаҳои коркарди санги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвозу Роштқалъаро ба кор даровард. Барои оғози корҳои сехи коркарди санги «Анҷин» 120280 сомонӣ, «Фароғат» 60000 сомонӣ ва «Анори Дарвоз» 92000 сомонӣ масраф намуд. Соли 2009 сехҳои мазкур бо дастгоҳ ва таҷҳизотҳои сангкоркунӣ таъмин карда шуданд. Аз моҳи декабри соли 2009 дар ҷаласаи кормандон ва иттифоқи касабаи КВД «Ҷамаст» ба роҳбарони онҳо ҳуқуқи пурраи мустақилона фаъолият намудан, яъне худмаблағгузорӣ ва худтаъминкунӣ дода шуд.
Барои мо то ҳол нофаҳмост, ки корхонаҳои мазкур дар навоҳии Бадахшон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пурра дастгирӣ намеёбанд. Гарчанде борҳо оиди ба кор ҷалб намудани бекорон ба ин корхонаҳо ба роҳбарони аввали шаҳру ноҳияҳо ба таври шифоҳиву хаттӣ ва телефонӣ муроҷиат карда бошем ҳам, он натиҷаи дилхоҳе ба даст намеорад. Ҳол он ки мақсади мо ба кор ҷалб намудани шахсони бекор, махсусан занону духтарони маҳалҷойҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо, истифодаи оқилонаи сарватҳои худододи табиӣ ва амсоли инҳо мебошад.
Дар таърихи 27.06.2010 сол Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо роҳбарону фаъолони ВМКБ чунин қайд намуданд: «гарчанде КВД «Ҷамаст» бо мақсади рушди саноати маҳаллӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ, таъмиру тармими корхонаҳои «Фароғат»-и шаҳри Хоруғ, «Анҷин» -и ноҳияи Роштқалъа ва «Анори Дарвоз» - и ноҳияи Дарвозро ба ҷо овардааст, вале аз сабаби нарасидани қувваи корӣ онҳо фаъолият карда наметавонанд». Аз ин рӯ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо доир ба таъмини корхонаҳои зикршуда бо мутахассисону коргарони зарурӣ ва фаъол гардонидани онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Масъалаи мавҷудияти дастгоҳи КВД «Ҷамаст» дар маркази ҷумҳурӣ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Дар заминаи ин корхонаи куҳанбунёд КВД «Экспедитсияи ҷумҳуриявии иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» ташкил ёфт, ки айни замон мустақилона фаъолият дорад.
Дар мавриди фаъолияти минтақаҳои «Лоҷуварддара» ва «Кӯҳи Лаъл» гуфтан ба маврид аст, ки онҳо асоси кори корхонаро ташкил менамоянд. Пеш аз оғози корҳои мавсимӣ тамоми паҳлӯҳои кори онҳо дида баромада, барои коргарон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.
Нисбати роҳи мошингарди 42 – километраи Лоҷуварддара гуфтан бамаврид аст, ки он мавсимӣ аст ва баробари оғози корҳои саҳроӣ дар ин минтақа он ҳамасола аз таъмир бароварда мешавад. Ин роҳи кӯҳӣ табиист, ки бо фарорасии фасли боришот корношоям гашта, таъмирталаб мегардад. Гурӯҳи мазкур ҳамеша аз уҳдаи иҷроиши нақшаи пешбинишуда бомуваффақият мебарояд.
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки корхонаи «Ҷамаст» давлатӣ буда, ҶДММ намебошад. Инчунин иброз медорем, ки ҳамасола мо ҳисоботи омориро ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳем.
Д.Х. ТОШАЕВ,
директори КВД «Ҷамаст»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2014    №: 109    Мутолиа карданд: 807

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед