logo

фарҳанг

ВАШГИРД ОМӮХТА НАШУДААСТ

Ҷӯрабек МУЪМИН,
рӯзноманигор,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита  қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем.
Эмомалӣ РАҲМОН

Вашгирд, яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ, таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар маркази ноҳияи Файзобод, қаламрави деҳаҳои имрӯзаи Саричашма ва Ҷонварсӯз воқеъ будааст. Дар миёнҷои шаҳр, дар “Қалъаи сангин” мақбараи мутафаккир ва орифи машҳури тасаввуф Ҳотами Асъам ҷой гирифтааст. Мақбара ба асри XV тааллуқ дорад. Доир ба шахсият ва мақоми ирфонии ӯ Фаридуддини Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар мутафаккирони форс-тоҷик маълумоти ҷолиб медиҳанд. Ба Ҳотами Асъам Шайх Аттор унвони Зоҳиди Хуросонро додааст.
Чаро таърихи Вашгирдро беш аз 3 ҳазор сол гуфтем? Далел ҳамин аст, ки аз интишори “Авасто”, беш аз се ҳазор сол мегузарад. Дар ҳамин китоби муқаддас номи “Вашгирд” дар шакли Виса, Весака, Висака дар қисмати “Яшт” зикр шудааст. Тибқи навиштаи “Авасто” Вашгирдро шоҳ Фаридун бунёд ва оинабандӣ кард. Фаридун дар Вашгирд Наврӯзро шукӯҳманд таҷлил ва аз шаҳрҳои дуру наздик меҳмон даъват менамояд. Меҳмонон овозаи Фаридунро ба атрофу акноф мебаранд. Сарчашмаҳои дигари тоҷикӣ-форсӣ, аз ҷумла “Ҳудуд-ул-олам” Вашгирдро ҳамчун шаҳр бо номҳои Весигард ва Веса ном бурдаанд.  Тазкиранависони араб бошанд, онро “Вошҷирд” ва “Қосимия” гуфта, дар канори дарёи Элок воқеъ гардиданашро зикр кардаанд. Ал-Истахрӣ  Вашгирдро баробари Тирмиз ва бузургтар аз Шумон (Ҳисори имрӯза) тавсиф медиҳад. Тибқи шарҳи ӯ дар асри Х Пули сангин (Норак) сарҳади табиии байни Хуталон ва Вашгирд будааст. Муаррихи дигари араб – Самъонӣ (асри VIII) зимни тавсифи шаҳри Вашгирд менависад. “Дар аввалҳои интишори ислом дар Вашгирд алифбои махсус ва навиштаҷоти аҷибе машҳур буд, ки дар китобҳо сабт шудаанд”. Таърихшиносони даврони шӯравӣ В. Бартолд, А. Белинский дар ҳудуди ноҳияи ҳозираи Файзобод мавҷуд будани харобаҳои Вашгирди қадимро дар таҳқиқотҳои  худ нишон медиҳанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби беҳамтои худ “Тоҷикон” баён медорад, ки шаҳри Вашгирд миёни дарёҳои  Кофарниҳону  Вахш ҷой дошта, баробари Чағониён, Аҳорун, Шумон, Кумод дар он замонҳо як ҳукумати ба сари худ мустақили сиёсиро ташкил мекардааст. Бостоншинос Юсуф Яъқубов баъди таҳқиқи харобаҳои Вашгирд ба хулосае меояд, ки “дар Тоҷикистони имрӯза ба монанди харобаҳои Вашгирд шаҳри қадиму калон нест”.
Ҳафриёти бостоншиносони  даврони истиқлолият чунин хулоса доданд, ки Вашгирд як маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, инчунин ҳарбӣ будааст. Мардумаш ба ҳунармандӣ, хоса кулолгарию оҳангарӣ ва тоҷирӣ сару кор доштаанд. Ин ҳунарҳо Вашгирдро дар асрҳои IX-X миёни шаҳру вилоятҳои гирду атроф (то ба Чин) машҳур гардонд.
Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволаш воқеаҳои аҳди Хусрави Анушервон (531-579)-ро ба риштаи назм кашида, қисса мекунад, ки дар муҳорибаи байни туркону ҳайтолиён баробари шаҳрҳои Балху Шуғнон, Хатлону Тирмизу Ому ва Зам аз Вашгирд низ лашкару лавозимоти ҷангӣ, тиллою танга ҷамъ меоваранд.
Зи Балху Шукнону Омую Зам
Силоҳу сипаҳ хосту ганҷу дирам.

Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд
Зи ҳар сӯ сипаҳ андаровард гирд.
Тасвири Фирдавсӣ далолат мекунад, ки дар асри VI, тахмин 1500 сол қабл , Вашгирд, ё тавре дар “Шоҳнома” омада, Висагирд шаҳри аз ҷиҳати ҳарбӣ устувор ва аз ҷиҳати сиёсӣ бонуфуз будааст. Дар фасли дигари “Шоҳнома”, дар достони “Рафтани Гев ба Висагирд ба назди Пирон” омадааст:
Ҳамон шаб сипаҳ андаровард гирд,
Бирафт аз дари Балх то Висагирд.
Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти кишвар се дафъа дар харобаҳои шаҳри қадимии Вашгирд ҳафриёти археологӣ гузаронда, ба бозёфтҳои ҷолиб муваффақ гардид, ки намунааш як гӯшаи Осорхонаи Файзободро ишғол кардааст. Бостоншинос, доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ аз ҳафриёти аввал, соли 2004, ба хулоса омад, ки “зери талу теппаҳои Вашгирди қадим ашёи зиёде маҳфузанд, ки кашфи онҳо таърихи кишварамонро бо санадҳои нав ғанӣ хоҳад кард”. Тобистони соли 2007 гурӯҳи бостоншиносони Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо роҳбарии бостоншинос Давлатхоҷа Довудӣ дар ин шаҳри зери хокмонда ҳафриётро давом дода, муқаррар намуданд, ки Вашгирди қадим аз ду диз (қалъа) “Қалъаи сангин” ва “Қалъаи Фотимаи Заҳро” ва шаҳристон иборат мебошад. “Қалъаи сангин” якҷоя бо шаҳристон қариб 10 гектарро ташкил карда, сатҳи “Фотимаи Заҳро” 70х75 метр  аст. Работи шаҳр бошад, дар 60 гектар доман паҳн кардааст. Ривоят мекунанд, ки “Қалъаи сангин” тавассути даст ба даст аз соҳили дарёи Элок (масофаи 1-1,5 километр) кашондани санг бунёд шуда, ки аз ҳақиқат дур нест.
Таҳқиқоти якмоҳаи соли 2007 ба бостоншиносон маълумоти фаровон дод. Аз “Қалъаи сангин” се ҳуҷраи зист бо фарши  сангӣ ёфт шуд. Рӯи фарши ҳуҷраҳо дегдонча, танӯр, ташноб, сиккаи мисини темурӣ ва сафолу ашёҳои дигар мехобиданд. Муайян гардид, ки шаш қабати зист ба асрҳои XI-XV, IX-X тааллуқ доранд. Мувофиқи ин ҳафриёт “Қалъаи Фотимаи Заҳро” дар асрҳои  IX-X бунёд гардидааст. Аз хоки зери ҳамин қалъа сафолҳои даврони Кушониён ёфт шуданд. Деги аз оҳан сохташуда, ки ба асрҳои  XI-XIII мутааллиқ аст, барои илми бостоншиносӣ муъҷизаи нодир мебошад. Ба далели бостоншиносон “ин гуна дегҳо дар Осиёи Миёна бори аввал ёфт шуданд”. Сиккаҳои хитоӣ ва ҳиндӣ аз он далолат мекунад, ки ҳушмандони Вашгирд бо роҳи тиҷорат ба Чину Ҳиндустон мерафтаанд. Ва ин, албатта, табиист. Зеро Вашгирд дар миёнҷои шоҳроҳи байналмилалии “Роҳи абрешим”,  ки аз Балх сар шуда то ба Чин мерасид, қарор дошт.
Бостоншиноси ҷавони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2,  Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо роҳбарии омӯзгори фанни таърих Зариф Собиров аз деҳаи Такназарӣ аз жарфии 14 - 15 метр миҷмори асрҳои V-VIII ва кӯзаи сафолии асри Х, аз работи Вашгирди қадим кӯзаи асри VI, аз зери хоктеппаи деҳаи Шерамон табари сангини асрҳои II-III то  мелод ва борсангҳои асрҳои Х-ХI, пораҳои зарфҳои шишагии асрҳои IV-Х, дастгоҳи бофандагии асри Х, тангаҳои асрҳои VIII-IХ  ва як ҳайкалчаи биринҷии 25 сантиметра пайдо карданд. Маҳфили бостоншиносии мактаб табари сангиро ба Осорхонаи миллӣ ва ҳайкалчаю сиккаҳоро ба осорхонаи Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш тақдим карданд.
Таҳқиқотҳо собит намуданд, ки заргарӣ низ аз ҷумлаи ҳунарҳои мардумии Вашгирдшаҳр  будааст. Бостоншиносон аз харобаҳои шаҳристон дастпонаи биринҷӣ, муҳраи нақшини мисию шишагӣ, тугмаю чалаи нуқрагии гулдор ва бисёр дигар маснуоти заргарӣ ёфтанд.  Дарёфти корду исканаю меху наъли асп далели он аст, ки дар Вашгирд оҳангарӣ низ ривоҷ ёфтааст.
Моҳи сентябри соли равон дар ноҳия дар мавзӯи “Вашгирд-шаҳри ҳунармандон, тоҷирон ва орифон” конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад. Таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси шаҳри Вашгирд-Файзободи имрӯза мавриди зикр медонем, ки ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳия (10 апрели соли 2014) баён кард: “Дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии  Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, омӯхта нашудааст. Ободсозии мақбара (мақбараи Ҳотами Асъам Ҷ. М) ва омӯзиши амиқи шаҳри куҳани Вашгирд боз як саҳифаи таърихи ватанамонро равшан намуда, метавонад ба мавзеи ҷолиби сайёҳон ва ҳаводорони таърих табдил ёбад”.
Мутаассифона, шаҳристони ин ёдгории қадим ба қабристон табдил ёфтааст. Чор сол пеш бостоншинос Давлатхоҷа Довудӣ дилсӯзона баён дошт, ки пеши роҳи ин раванд гирифта шавад, вагарна “баъди панҷ-даҳ сол ин мавзеъ ба қабристон бадал гашта аз байн меравад”.  Хурсандибахш аст, ки бо қарори раиси ноҳия аз 28-уми августи соли 2009 таҳти рақами 385 заминҳои зери мақбараи Ҳотами Асъам ва атрофи он, ба андозаи 10 гектар, ба бахши фарҳанги ноҳия вобаста шуд, ки мақсад ҳифзу ободии ин мавзеи таърихист. Аммо дар ин миён кори  ба назар намоёне иҷро нашуд. Мудири бахш Ҳабибулло Мирзошарифов иқрор шуд: “Ба сабаби набудани маблағ дар бахши омӯзишу таҳқиқ ва тармиму барқарорсозии он ягон кор анҷом дода нашудааст”. Ин ҷо сухани одӣ, аммо хеле образноку пурмаънии шоир Низом Қосим ба ёд меояд, ки ҳангоми баррасии Оиннома оид ба ҳифзи мероси таърихии фарҳангии Тоҷикистон баён дошт: “Як кулбаи кӯчаки садсола барои таърих аз биноҳои баландошёнаи имрӯза дида, аҳамияти бештаре дорад”. Модоме ин тавр аст, харобаҳои шаҳри Вашгирд бояд ҳифз ва ҳафриёту омӯзиши ҳамаҷонибаи дастовардҳои ин мероси таърихӣ пурзӯр карда шавад.
Дар ҷамъбасти андешаҳои худ боз ба ҳамон таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯ оварда умед дорем, ки Вашгирд аз харобиҳо эмин монда, дар оянда маъруфияти таърихии диёрро барҷо нигоҳ медорад: “Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор мешаванд, ки ҷиҳати идомаи корҳои таҳқиқотӣ ва ободу зебо гардонидани атрофи ёдгориҳои таърихии дар ҳудуди ноҳия кашфшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд”.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2014    №: 110    Мутолиа карданд: 1032

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед