logo

ҳуқуқ

ДУЗДӢ ДАР ХОНАИ ХУДО

Ӯ дар давоми се моҳ ёздаҳ маротиба дуздӣ кардааст. Аҷиб ки ин амалҳои ҷинояткоронаашро дар дигар ҷо не, дар масҷидҳои ҷомеъу панҷвақтаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он анҷом додааст. Ба ҳамон масҷиде, ки бояд дуздӣ кунад, пешакӣ чанд дафъа рафта, «сайд»-и эҳтимолиашро таги чашм менамуд. Вақти дуздӣ ҳам аниқ буд: 12:30-12:40. Зеро дар ин мавридҳо аксари намозгузорон либоси рӯи худро ба рахтовез овехта, ба таҳорат машғул мешаванд.
Масҷидро хонаи Худо мегӯянд. Дар ин даргоҳи муқаддас ба ғайр аз адои намоз, тоату ибодат, зикри Худову Расул ва изҳори пушаймонӣ намудан аз гуноҳҳои дар давоми умр содиркарда, дигар амалҳо норавост. Вале, мутаассифона, Фатҳулло вақте ба кирдори ношоиста даст мезад, на дар ёди Худо буду на аз анҷоми амалҳои ғайриинсониаш меандешид.
Кист ӯ? Дузд, сокини деҳаи Конститутсияи Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ Фатҳулло Бозоров, ки қаблан ӯро Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 22 июни соли 2005, Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, 15 марти соли 2006, Суди ноҳияи Рӯдакӣ 9 июли соли 2009, маҳкум кардаанд, боз такроран, ҷиноят содир кардааст.
Баъди аз маҳбас озод шудан ӯ боз ёздаҳ маротиба даст ба ҷиноят задааст. Аз ҷониби ӯ дар моҳҳои ноябр - декабри соли 2013 се ҷиноят ва танҳо дар моҳи январи соли равон ҳашт ҷиноят содир шудааст. Масалан, 26 январи соли 2014 ӯ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр вориди таҳоратхонаи масҷиди ҷомеи «Умари Форуқ», маҳаллаи 61, кӯчаи 50 - солагии Тоҷикистони ноҳияи Фирдавсӣ шуда, аз рахтовез як курткаи чармини арзишаш 500 сомонӣ, ки дар кисаҳои он ду адад телефони мобилӣ, бо арзиши умумии 3220 сомонӣ буд, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. Рӯзи дигар номбурда ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, аз таҳоратхонаи масҷиди ҷомеи «Ҳоҷӣ Яъқуб», воқеъ дар кӯчаи Шодмонӣ 58, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, як курткаи синтетикии навъи «Балонка» - ро дуздид. Вақте аз масҷид берун шуду ба ҷойи, ба қавли худаш, «бехавф» расид ва кисаҳои курткаро саросемавор кофт, 4500 доллари ИМА, 1800 сомонӣ, ду адад телефони мобилии тамғаҳои гуногун, ки арзишашон мутаносибан 830 ва 800 доллар мебошад, ба даст оварда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида Саъдулло Қурбонов зарари махсусан калони моддӣ ба маблағи умумии 33082 сомонӣ расондааст.
Ҳамин тавр, Фатҳулло Бозоров бо ҳаракатҳои худ ҷинояти дар моддаи 244 қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии амволи ғайр, такроран, бо миқдори махсусан калонро пешбинӣ менамояд, содир кардааст. Ӯ дар маҷлиси судӣ ба ҷиноятҳои содиркардааш иқрор шуд. Гузашта аз ин, гуноҳи мавсуф бо маводи парвандаи ҷиноятӣ, аз қабили протоколҳо, азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, далелҳои шайъӣ, расмҳо ва дигар далелҳои дар парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда, исботи пурраи худро ёфт.
Дар асоси далелҳои овардашуда Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фатҳулло Бозоровро гунаҳгор дониста, ба ӯ мувофиқи моддаи 244 қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин кард.
АБДУРАҲМОНЗОДА
Бахтиёр Саидумрон,
судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2014    №: 110    Мутолиа карданд: 588

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед