logo

маориф

ТАХТАИ МУЪҶИЗАКОР

Ба ҳама рӯшан аст, ки дар ҷаҳони муосир техникаю технология бо суръати баланд дар рушд аст ва тадриҷан тамоми соҳаҳо, аз ҷумла мактабу маорифро ҳам фаро мегирад. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти босамари устодону кормандон Литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати ҷумҳурӣ ба яке аз марказҳои бунёдии таълиму тарбия табдил ёфтааст. Ин муассисаи таълимӣ тамоми имкониятҳоро дорад, ки аз навигариву дастовардҳои тозатарини илму техникаи ҷаҳони муосир сари вақт огоҳ гардад. Усулу равишҳои нав, воситаҳои техникии таълимии муосир ба литсей – интернати президентӣ низ ворид гардида, омӯзгоронро водор месозад, ки бештар фаъолият намуда, нозукиҳои онҳоро омӯзанд ва ҳамқадами ҳаёту замон бошанд.
Тобистони соли гузашта як ҳайати босалоҳияти ҳизби Коммунисти Чин таҳти роҳбарии Чжао Лэтези ба литсей ташриф оварданд. Бо мусоидати мутахассисони Хазинаи ташаккули умумиҷаҳонӣ ва амалисозии лоиҳаи намунавии Тоҷикистону Чин дар бахши таълими аудиовизуалӣ дар литсей – интернати президентӣ як ҳуҷраи бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашударо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар партави боздид 22 адад тахтаи рақамии ҳамакор дар синфхонаҳо насб гардид, ки яке аз муҳимтарин воситаи таълими техникаи муосир дар ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад.
Тахтаи рақамии универсалӣ ин платформаи омӯзишӣ ва идоравӣ буда, монитори 55/56 – и ЛСД – ро доро мебошад.
Тахтаи рақамӣ имкон медиҳад, ки дар синфхонаҳои мултимедиявии на он қадар калон ва толорҳои конфронсӣ семинару дарсҳо бо истифода аз он баргузор шаванд. Ин асбоб аз монитор, тахтаи сенсорӣ, қисмҳои компютер ва маркази мусиқӣ иборат аст.
 Дар замони ҷаҳонишавӣ соҳаи маориф низ бояд ҳамқадами замони худ бошад. Бо гузашти солҳо таҷҳизоти таълимӣ низ ҷойи худро бо таҷҳизоти ҷадид иваз мекунанд. Яке аз ин ивазшавӣ тахтаҳои синфӣ ба ҳисоб меравад, ки бо як суръати баланд ҷойи худро бо тахтаҳои электронӣ ва тахтаҳои рақамии универсалӣ медиҳанд.
Тахтаи рақамӣ вазифаҳои зиёдеро иҷро менамояд ва омӯзгоронро аз хароҷоти зиёди молиявӣ озод мегардонад. Масалан, дар тахтаҳои муқаррарии пештара ба мо бӯру латта ва дар дарсҳои фаннӣ паргор, хаткашак ва ғайра лозим мешуд. Ин асбоб дар худ фарогири ҳамаи ин лавозимот мебошад. Ба ғайр аз ин доир ба фанҳои дақиқ: математика, физика, химия, биология, ҷуғрофия, санъати тасвирӣ ва технологияи информатсионӣ ҳамаи номгӯи асбобҳои аёнӣ маҳфуз аст, ки омӯзгорон дар раванди дарсҳо истифода мебаранд. Ҳангоми истифодабарии тахтаи рақамӣ шаклҳои он ба мисли интихоби қалам ва ранги он, кашидани фигураҳои геометрӣ, пок кардани навиштаҷот, танзим намудани он, ворид шудан ба тахтаи нави покиза, барои гузаштан ба компютери фардӣ ва таҳрири навиштаҷоти тахта истифода мешавад.
- Омӯзгорони Литсей – интернати президентӣ аз тахтаи электронӣ ва тахтаи рақамии универсалӣ самаранок истифода мебаранд. Афзалиятҳои онро дар таълими бештари фанҳо бараъло ҳис менамоем, - мегӯяд Раъно Шокирова, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики литсей. Масалан, яке аз усулҳои хуби дарсазхудкунии хонандагон ба воситаи технологияи имрӯза тайёр намудани дарс дар хона аст. Ман ба хонандагон супориш медиҳам, ки вобаста ба мавзӯъҳои гузашта ва оянда маълумот ҷамъ оварда оянд. Онҳо дар флешкаи худ маълумотро оварда, ҳангоми баёни мавзӯи нав баромад менамоянд. Ин усулро аз синфи 5 оғоз кардем. Моҳияташ он аст, ки хонанда на танҳо бо китоби дарсӣ дар атрофи мавзӯи додашуда кор мебарад, балки аз дигар мавод, аз ҷумла, аз шабакаи Интернет ва адабиёти илмӣ истифода мекунад. Ба ин восита дониши худро оид ба мавзӯи додашуда сайқал медиҳад. Ҳангоми гузаштани мавзӯи «Ҳиссачаҳо» ва достони «Ғалабаи Таня» – и Абулқосим Лоҳутӣ, дар синфи 7 хонандагон маводҳои ҷолиб омода кардаанд.
Яке аз бартариҳои тахтаи рақамии универсалӣ аз тахтаи электронӣ дар он аст, ки асбобҳои аёнии марбут ба забон ва адабиёти тоҷикро вобаста ба мавзӯъ васеъ нишон дода метавонад. Бартарии истифодаи технологияи нав дар он аст, ки тамоми воқеаҳои имрӯзаро, ки вобаста ба фарҳангу забони миллати мост, ба хонандагон метавон пешниҳод кард.
Бо иштироки роҳбарияти литсей ба мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши фанҳо дар назди литсей Академияи хурди илмҳо таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, бахши таърих низ созмон ёфтааст, ки роҳбарии онро Моҳира Мухторова ба ӯҳда дорад. Хонандагони фаъоли синфҳои 8–9 ба ин бахш аъзо буда, ба омӯзиши илм ва омода кардани намоишномаю навиштани маърӯзаю рефератҳо машғул ҳастанд. Аъзоёни фаъоли бахши таърих хонандаи синфи 8 «А» Шоҳрухи Муҳаммадзоиршо, хонандагони синфи 9 «В» Дилшод Меликмуродов, Ашрафҷони Бегалӣ, Нурализода Зулфиқор дар таҳия намудани муаррифиномаҳо маҳорати хуб пайдо кардаанд. Онҳо дар мавзӯъҳои «Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна», «Исмоили Сомонӣ – асосгузори давлати Сомониён», «Бинокорӣ дар асри XVI», «Адабиёт ва илм дар асри XVI», «Шӯриши Восеъ», «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯза» муаррифномаҳои омода кардаи худро тавассути тахтаи рақамӣ манзури ҳамсинфони худ гардонданд.
Соли гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташрифашон ба Литсей – интернати президентӣ дар китоби меҳмонони фахрӣ ба омӯзгорон суханони зеринро сабт намуда буд:
«Шумоён омӯзгорони Литсей – интернати президентӣ машъалафрӯзони илму дониш буда, дар замири хонандагон меҳри хондану азбар намудан ва омӯхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрӯзед. Ба ибораи дигар шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш ҳастед. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии хонандагон маҳсули ранҷу машаққати шумост. Мутмаинам, ки рисолати худро содиқона ва сарбаландона баҷо оварда, донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ нисор менамоед».
Омӯзгорони литсей ин суханони ҳидоятгаронаро сармашқи фаъолияти хеш гардонда, баҳри содиқ мондан ба ин суханон пайваста ҷаҳду талош меварзанд.
Қурбон ҚУРБОНОВ,
 муовини директори Литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати ҷумҳурӣ, аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2014    №: 110    Мутолиа карданд: 1107

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед