logo

маориф

ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ

Соли равон низ чун анъанаи дерин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» дар пойтахти кишвар ба донишҷӯдухтароне, ки аз тариқи квотаи Президентӣ дар мактабҳои олии кишвар таҳсил доранд, вохӯрӣ доир намуд.
Дар ин нишаст Зумрад Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт зикр намуд, ки айни ҳол аз ноҳия 73 нафар духтар аз тариқи квота дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат таҳсил мекунанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари давлатамон аз ҷавонон умеди калон дорад. Зеро бештар аз 35 дарсади аҳолии кишварамонро ҷавонони 14-16 сола ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон рисолати хешро дар назди ҷомеа ва давлатамон амиқ дарк намуда, ташаббус ва нерӯи ақливу ҷисмонии худро барои манфиат ва рушди миллату давлат равона созанд. Духтарони тоҷик, хоса донишҷӯдухтарони ноҳия ин ҳақиқатро пай бурда, мехоҳанд, ки дар оянда дар баробари мардон барои ободии кишвари азизи хеш саҳмгузор бошанд.
Зумрад Лоиқова дар ин дидор аз духтарон хоҳони он шуд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баъди хатми Донишгоҳ ба зодгоҳи худ баргарданд ва дар ободонии ноҳия ширкат намоянд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар донишҷӯ 150 сомонӣ ёрии молиявӣ расонда шуд. Дастаи ҳунарии «Сомон»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо барномаи рангини консертӣ  хотири иштирокдорони ҷамъомадро шод намуд.

Муҳаммадзоиршо Шарифзода,
«Ҷумҳурият»
Суратгир:  М. Ризвонов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2014    №: 110    Мутолиа карданд: 606

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед