logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚИ ОЗОДӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ИНСОНУ ШАҲРВАНД

Хайриддин АСЛОНОВ,
муфаттиши калони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1

Яке аз падидаҳои муҳими ҳуқуқи конститутсионӣ, ин ҳуқуқи озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд буда, танзим, ҳифз ва кафолати онҳо вазифаи асосии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Алоқамандии инсон ва шаҳрванд бо ҷомеа ва давлат мазмуни диалектӣ дошта, ҷомеа бе шахс ва давлат бе ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Давлат ҳамчун шакли ташкилоти сиёсии ҷомеа олоти асосии ба амал бароварандаи мақсаду вазифаҳои муҳимтарини он маҳсуб мегардад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқ озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намудани давлат ҳамчун яке аз сохтори конситутсионии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина боби дуюми Коститутсия ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муқаррар намудааст, ки он дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ барои рушди ҷомеаи муосир аҳамияти вижа дорад.
Мақоми ҳуқуқии шахс бо меъёрҳои гуногуни соҳаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи конститутсионӣ муайян карда мешавад. Вале, агар баъзе соҳаҳои ҳуқуқ вазъи ҳуқуқии шахсро дар самтҳои ҷудогонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мустаҳкам намоянд, Конститутсия, ҳуқуқи конститутсионӣ бошад, мақоми ҳуқуқии шахсро дар тамоми соҳаҳои асосии ҳаёти ҷомеа ва давлат муайян мекунанд.
 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои муҳимтарини байни шахс ва давлат, аз ҷумла муносибатҳои субъектҳои баробарҳуқуқро танзим менамояд. Аз ин ҷиҳат зарур аст, муайян намоем, ки дар кадом асос ва аз рӯи кадом хусусиятҳо ин ё он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хусусияти конститутсионӣ пайдо мекунанд. Тафовути асосии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои конститутсионӣ ё ҳуқуқу озодиҳои сершумори ғайриасосии инсон ва шаҳрванд дар чӣ зоҳир мегардад?
Пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаддастарин арзиш ба шумор мераванд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар санади олиест, ки дар он муқаддасоти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии муайян намудани вазъи ҳуқуқию сиёсии шахс муқаррар шуда, дар он омадааст, ки: «Ҳамаи одамон дар дунё озод меоянд ва аз лиҳози манзалат ба ҳуқуқ бо ҳам баробаранд». Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳо асосан меъёрҳои ин эъломияро нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои асосӣ инъикос менамоянд.
Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки: «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Ин муқаррароти Конститутсия, ки ба меъёрҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мутобиқ аст, давлатро вазифадор мекунад, ки онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, зикр шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд». Ин меъёрҳо яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дониста шудаанд ва нишондиҳандаи муҳимтарини моҳияти демократии давлат мебошанд. Аз ин рӯ, ин меъёрҳо бекорнашаванда ва тағйирнопазиранд. Аксари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хислати сарчашмавӣ дошта, бештари онҳо ба шахс ва айёми тавлид таалуқ доранд ва мусодирнашаванда мебошанд.
Ҳамзамон, барои истифодаи баъзе ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосӣ сину сол, маълумот, аҳволи саломатӣ, ҷинс низ аҳмият дорад. Масалан, барои интихоб гардидан ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ синну соли шаҳрванд бояд аз 35 кам набошад, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад ва забони давлатиро донад.
Муқаррар кардани ҳуқуқи ҳар кас ба меҳнат, моликият ва кафолати онҳо асоси фаъолияти соҳибкории одамон буда, муҳити иқтисодии давлатро муайян месозад, ҳар як ҳуқуқу озодӣ ва вазифаи асосии инсон ва шаҳрванд ба ин ё он самти фаъолияти давлат алоқамандӣ дорад. Татбиқи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти онҳо ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ зарур аст. Хусусияти хоси ҳуқуқи озодӣ ва вазифаҳои асосии конститутсионӣ вазъи ҳуқуқии шахс буда, заминаи ҳамаи ҳуқуқҳое мебошад, ки дигар соҳаҳои ҳуқуқиро ба танзим медарорад. Масалан, ҳамаи ҳуқуқҳои молумулкии инсон ва тартиби меросгузории он, ки ҳуқуқи гражданӣ ба танзим медарорад, дар заминаи ҳуқуқи конститутсионии ҳар кас ба моликият ва ба мерос мондани он ҳуқуқ дорад ва амал мекунад. Ҳуқуқи оилавӣ дар асоси меъёри конститутсионӣ эътироф кардани оила аз тарафи давлат ба сифати асосии ҷомеа ва таҳти ҳимояи давлат қарор гирифтани модару кӯдак вуҷуд дорад ва инкишоф меёбад.
Мувофиқи мазмун ва аҳамияти худ ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии таъинотӣ ҳамаи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои ғайриасосиро дар тамоми самтҳои асосии ҳаёт муайян мекунад. Аз ин рӯ, дар шарҳи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии онҳо хислати муайянкунанда доранд. Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ нисбат ба ҳар як инсон ва шаҳрванд муқаррар карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрванди Тоҷикистон бо иродаи шаҳрванд ба даст намеояд ва аз даст намеравад. Онҳо ба ӯ дар асоси шаҳрвандӣ тааллуқ доранд ва аз вазъи ҳуқуқии вай ҷудонопазир буда, танҳо якҷоя бо аз даст додани шаҳрвандӣ қатъ мегарданд.
Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ бо тарзи амалӣ гардидан фарқ мекунанд. Ҳамаи дигар ҳуқуқу вазифаҳо ба шахс ва шаҳрванд дар рафти амалӣ гардидани ҳуқуқдории ӯ ба воситаи иштирок кардан дар муносибати ҳуқуқӣ муайян ва дастрас шуда метавонанд. Ҳуқуқу вазифаҳои асосӣ ҳар гуна муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи муайян, ҳуқуқи доимӣ, ҷудонопазирии ҳар як иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Онҳо ба шахс, сарфи назар аз амалӣ гардондан ё нагардондан, доимӣ тааллуқ доранд.
Ҳамин тариқ, хусусиятҳои дар боло овардашуда аз ҳуқуқу  вазифаҳои ғайриконститутсионӣ фарқ доштани онҳоро нишон медиҳанд. Моҳият ва мазмун, низом ва кафолатҳои ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бо моҳияти демократии давлат зич алоқаманд буда, танҳо дар заминаи муассисаҳои демократии ҷомеа татбиқи онҳо имконпазир мегардад.
Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд мувофиқи талаботи сохти нави ҷамъиятӣ дар мадди аввал истода, эътироф, риоя ва ҳифз намудани онҳо яке аз воситаҳои пешравию пойдории давлат ва ҷомеа мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2014    №: 111    Мутолиа карданд: 1648

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед