logo

паёмҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 25 апрели соли 2008

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёме, ки ҳоло доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури шумо мегардад, давоми мантиқии паёмҳои солҳои пешини Президент ба мақоми олии қонунбарори мамлакат мебошад. Зеро мо ҳанӯз дар роҳи татбиқи вазифаву ҳадафҳои стратегие қарор дорем, ки солҳои гузашта барои худ муайян кардаем. Аксари ин ҳадафу вазифаҳо барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ пешбинӣ шудаанд ва мо ҳар сол ҷараёни иҷрои онҳоро баррасӣ карда, мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон, инчунин бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир як қисми онҳоро такмил медиҳем ва мақсадҳои навро муайян ва мушаххас месозем.
Дар ин раванд суръатбахшии ислоҳоти иқтисодиро, ки ба рушди тамоми соҳаҳои истеҳсоливу иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст, вазифаи муҳимтарини худ медонем.
Ҷиҳати ноил гардидан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 қабул гардид ва мақсад аз онҳо то дуюним баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат дар навбати аввал ба  таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона шудааст.
Доир ба корҳои анҷомдодаамон пеш аз ҳама бояд гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи амалӣ гардонидани тадбирҳои барномаҳои қабулшудаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон пешрафти бонизом ва устувори иқтисоди миллӣ вусъат ёфта истодааст: дар ҳафт соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 81 фоиз афзуда, танҳо соли гузашта ҳаҷми он нисбат ба соли 2006-ум 7,8 фоиз зиёд гардид.
Татбиқи чорабиниҳои дар самти сиёсати молия ва андоз пешбинишуда ба афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат намуд: ҳаҷми умумии он соли гузашта 19 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил кард.
Тамоюли камшавии қарзи беруна дар соли 2007-ум идома ёфт: агар соли 2000-ум ҳаҷми умумии он 108 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро  ташкил карда бошад, пас дар аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 30 фоиз баробар гардид. Вале дар ин роҳ баъзе монеаву омилҳо, аз ҷумла омилҳои берунӣ -  дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир болоравии нархи маҳсулоти нафту газ, маводи ғизоӣ ва ҳодисаҳои экологию техногенӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъсири манфӣ расонида, моро водор месозанд, ки дар хусуси ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии худ - таъмин кардани истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он ва таъмини амнияти озуқавории кишварамон тадбирҳои иловагии фаврӣ андешем.  Ҳамчунин бӯҳрони энергетикӣ, ки бинобар сардии шадиду тӯлонии зимистони гузашта ба миён омад ва таърихи мамлакат чунин ҳодисаро ёд надорад, инчунин беборишӣ ва паҳн шудани ҳашароти зараррасон, ки нишонаи гармиву хушксолӣ мебош