logo

маориф

Ин ҷабру ҷафо ба хотири чист?

Солҳои охир хараҷу мараҷ дар илм ва соҳаи педагогика авҷ гирифта истодааст. Ин иллатҳо боиси аз байн рафтани маънии аслии истилоҳҳои педагогӣ мегарданд. Комиссияи Олии Аттестатсионии Россия чандин рисолаҳои номзадӣ ва доктории дифоъ кардашударо тасдиқ нанамуда, қимати илмии онҳоро ба кори курсӣ ҳам баробар надонист.
Бо вуҷуди ин ҳама бо даву ғеҷи унвонҷӯён ва роҳбарони илмии онҳо номзадҳои илм дар педагогика чун селоба зиёд шудан гирифтанд.
Аз академикҳо сар карда то узвҳои вобастаи Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон, аз профессор сар карда то дотсенти донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар асл аз педагогикаи асил бехабаранд. Аз ҷумла дар як худи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як академик ва чор узви вобастаи Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон ва ду доктору шаш номзади илмҳои педагогӣ фаъолият мекунанд, ки ягонтаашон аз фанни педагогика дарс намегӯянд. Ҳол он ки дар кафедраи пештара овозадори педагогикаи донишгоҳ, ки 31 нафар устоди варзида аз ин фан дарс гуфта парчамбардори илми педагогикаи ҷумҳурӣ буд, ҳоло як доктори илм ва ду номзади илми педагогика ҳамчун муаллимони штатӣ ба донишҷӯён аз педагогика дарс мегӯянду халос. Дигар ҳама муаллимони ҷавон беунвон буда, аксарашон маълумоти аслии педагогӣ надоранд. Унвондорон бошанд, бо сабаби дониши аслии педагогӣ надоштанашон ба таълими дигар фан (ихтисоси пештараашон) машғуланд. Пас саволе ба миён меояд, ки ингуна унвондорони илми педагогика ба кӣ лозим аст?
Илова бар ин дар натиҷаи ин бесару сомониҳо ҳар кас ҳарчи хоҳад ба илми педагогика ворид кардан мегирад. Касе андеша намекунад, ин ин истилоҳҳо аз куҷо пайдо шуданд ва чӣ маънӣ доранд.
Дар ин бора борҳо ҳангоми сӯҳбат бо президенти собиқи Академияи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ нуқтаҳои назари худро иброз доштам, бо умеде, ки пеши роҳи ин каҷфаҳмиҳо гирифта шаванд, вале ғайр аз табассум дигар чизе насибамон нагашт.
Ғайр аз ин, дар шӯроҳои илмӣ доир ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ доир ба педагогика низ фикру андешаҳои худро дар бораи сифати пасти рисолаҳо баён кардам. Аммо чӣ мегӯед, ки онҳо дар протокол қайд нагардиданд. Аз ин огоҳ гардида боре дар яке аз Шӯрои илмӣ доир ба дифои рисолаи номзадӣ гуфтам, ки «медонам эродҳои ман дар протокол сабт намеёбанд, вале барои виҷдонамро аз азоби рӯҳӣ озод намудан маҷбурам, ки андешаҳоямро гӯям. Он тарафашро ба виҷдони аъзоёни Шӯрои илмӣ ҳавола мекунам». Ва ин мақоларо низ ба ҳамин хотир менависам.
Акнун ба далелҳо муроҷиат мекунем. Истилоҳҳои «таҳсилот» ва «маълумот»-ро мегирем. Онҳо дар педагогика аз якдигар аз замин то осмон фарқ мекунанд. Истилоҳи «таҳсил» дар педагогика ба маънии амал кор фармуда мешавад. Мисол, дар мактаб таҳсил мекунад, дар донишгоҳ таҳсил мекунад ва ғайра. Маълумот бошад ин натиҷаи таҳсил ё худ дараҷа ва ё зина аст. Барои ҳамин ҳам маълумоти ибтидоӣ, маълумоти миёнаи нопурра, маълумоти миёна, маълумоти олӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи таҳсил ба даст оварда мешаванд. Айнан ҳамин тавр, дар байни «таҳсилоти умумӣ» ва «маълумоти умумӣ» низ аз замин то осмон фарқ буда, ҳеҷ гоҳ «мактаби маълумоти умумӣ»-ро, «мактаби таҳсилоти умумӣ» гуфтан дуруст нест. Шахси истилоҳи «таҳсилоти умумӣ»-ро тавсиякарда огоҳӣ надорад, ки на таҳсилот, балки маълумот умумӣ, касбӣ, махсус ва ғайра мешавад.
Истилоҳи дигар «парваришгоҳ» аст. Баъзе «донандагони педагогика», чӣ тавре як вақтҳо инкишофро «сабзиш» мегуфтанд, акнун «мактаб –интернатҳои махсус»-ро «парваришгоҳ» мегӯянд. Пештар агар ҳайвонҳо ва растаниҳоро парвариш мекарда бошанд, хусусан зотҳои нав-сергӯшту шир ва растаниву зироатҳои серҳосилро, акнун одамонро ҳам парвариш мекардагӣ шуданд. Пас ба кадом мақсад онҳоро парвариш мекунанд, маълум нест.
Дар баъзе мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Афғонистон, Эрон ин истилоҳ истифода мешавад. Мисол дар Афғонистон ба ҷои Вазорати маориф –«Вазорати омӯзиш ва парвариш» мегӯянд. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар соҳаи педагогика ва психологияи илмӣ мо аз онҳо хеле пеш рафтаем ва то андозае истилоҳҳои мо суфта ҳам шудаанд. Дар ин бобат на мо ба онҳо, балки онҳо бояд ба мо пайравӣ намоянд. Танҳо дар як худи соли 2008-ум 53 нафар муҳаққиқи эронӣ дар соҳаи педагогика ва психология дар зери роҳбарии олимони мо тадқиқот бурда истодааст. Ғайр аз ин, магистрҳои эронӣ низ корҳои магистрии худро дар зери роҳбарии мутахассисони мо пеш мебаранд.  Чунки дар соҳаи педагогика ва психология мо пешрафтҳо дорем. Инро ба эътибор нагирифтан хуб нест. Мантиқро ҳам набояд фаромӯш кунем. Мо ба одамон таълиму тарбия медиҳем, ба одамон ёд медиҳем, меомӯзонем. Албатта, нигоҳубин ҳам мекунем, вале на «парвариш». Парваришгоҳ, ки шуд таълиму тарбия чӣ мешавад?
«Ба болои сӯхта намакоб» нақшаҳои таълимӣ дар донишкада ва донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ қариб ҳар сол иваз мешаванд. Аз ҷумла соли 2005, 2006 ва 2008 нақшаҳои таълимиро дигар карданд. Дар курсҳои 5 аз рӯи нақшаҳои соли 2000 –ум, дар курсҳои 4 аз рӯи нақшаҳои 2005-ум, дар курсҳои 3-2 аз рӯи нақшаҳои 2006-ум ва дар курсҳои 1 аз рӯи нақшаҳои соли 2008-ум кор карда истодаанд. Магар ин бесару сомонӣ нест? Касе андеша намекунад, ки ин тағйиротҳо боиси тағйир додани мазмуни барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мегарданд. Барои ин чӣ қадар маблағ лозим аст. Аз тарафи дигар муаллим аз куҷо вақт пайдо мекунад, ки самти кори худро зуд дигар намояд? Пас, аз муаллим чӣ тавр сифат талаб кардан мумкин аст? Агар нақшаҳои таълимиро бо ҳам муқоиса кунем, нақшаҳои таълимии соли 2005 аз нақшаҳои таълимии соли 2006 дида хеле беҳтар буданд. Дар нақшаҳои таълимии соли 2006 бесару сомониҳо бештар ба назар мерасанд. Дар нақшаҳои таълимии 2008-ум бошад, Маркази методӣ –таълимии назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ «навгонӣ» дохил намуд. Блоки (бахши) сеюм ва чорумро бо ҳам муттаҳид кард. Дар натиҷа фанҳои умумитахассусӣ бо фанҳои тахассусӣ бо ҳам якҷоя карда шуданд. Бо кадом мақсад, маълум нест. Магар як сатр сарфа кардан ин сарфакорӣ аст? Илова бар ин бар хилофи стандарти давлатии маълумот дар баъзе семестрҳо ба ҷои 27-соат то 33 –соат дар як ҳафта дарсҳои аудиторӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр, он гуна ки ёдовар шудам,  ба ҷои беҳбудӣ бесару сомонӣ ба назар мерасад. Албатта, бо сабаби паст будани савияи дониши дохилшудагон қисме аз донишгоҳҳо маҷбур шуданд, ки доир ба ихтисос «курси мактабӣ» дохил намоянд, вале дар як ҳафта на 6 соат. Дар боби факултативҳо ҳам кор ҳамин тавр аст.
Илова бар ин ҳар як донишкада ё донишгоҳ, факултет ва кафедра нақшаи худро тартиб медиҳанд. Нақшаи таълимии як донишгоҳ ба нақшаи таълимии дигар донишгоҳ аз рӯи ҳамон як ихтисос бо якдигар мувофиқ нестанд. Дар натиҷа агар донишҷӯе бо ягон зарурият аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар гузарад, лозим меояд, ки фарқияти зиёде бисупорад. Агар фарқиятҳо аз 7 то зиёд бошад, бояд ӯро як курс паст фароранд. Чаро роҳи муттамарказ намудани нақшаҳои таълимӣ ҷустуҷӯ карда намешавад? Пеш семинари умумиҷумҳуриявӣ оид ба нақшаҳои таълимӣ гузаронида шуда, намояндаи кафедраҳои дахлдори донишгоҳҳои олӣ нақшаҳои таълимии худро бо ҳам мутобиқ мекарданд. Сипас Вазорати маорифи ҷумҳурӣ онро тасдиқ менамуд. Аз рӯи ҳамон як ихтисос номгӯи фанҳо ва миқдори соатҳо як хел буд. Ин таҷрибаи хуб, мутаассифона, аз байн рафт.
Боз як «бемории» дигар авҷ гирифта истодааст, ки он шаъну шарафи муаллимонро паст карда, ба иззати нафсашон расида, аз кори педагогӣ дилхунук карда истодааст. Ин тағоҳои соҳибқудрат (ё аз рӯи мансаб ё пул) ва ҷиянҳои хираи бесавод мебошад. Оё дастгирони ҷиянҳои хираи бесавод боре фикр мекарда бошанд, ки бо ин амали ношоями худ муаллимонро бо роҳи бевиҷдонӣ тела дода, шарафи онҳоро паст ва эътибори онҳоро дар назди донишҷӯёни меҳнатдӯст ва соҳибдониш паст мекунанд? Бо кадом гуноҳ муаллими заҳматписанд ва серталаб бояд гирифтори ин таъзиқ (азият) шавад? Кай дастгирони ҷиянҳои хираи бесавод аз тарафи давлат танбеҳ медида бошанд? Яке аз сарчашмаҳои «пулчинӣ» ҳам ҳамин аст. Дар чунин вазъият ҳар қадар аз рӯи инсофу адолат кор кунем, садҳо барнома ва китобҳои хуби дарсӣ тартиб диҳем ҳам, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда наметавонем.
Дар мамлакатҳои хориҷӣ шахсони соҳибмансаб ва сармоядор аз ин кори нангин шарм мекунанд. Кӯшиш менамоянд, ки фарзандон ва пайвандони худро соҳибмаълумот бинанд. Ба воситаи репертиторҳо сатҳи дониши онҳоро баланд мебардоранд, то ки онҳо соҳиби дониши ҳақиқӣ гарданд ва фахри онҳо бошанд. Дар мо бошад, акси ин амал ба назар мерасад. Наход боре ҳам фикр накунанд, ки ин амали онҳо нафрати мардумро меоварад? Мардум онҳоро бенангу номус ва бевиҷдон мешуморанд. Муаллимони бовиҷдон бошад, азоби рӯҳӣ мекашанд. Ин ҷабру ҷафо ба хотирӣ чист?
Ба ҳамин монанд боз даҳҳо нуқсонҳои дигари пасипардагӣ мавҷуданд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия халали ҷиддӣ мерасонанд.
Умуман ҷароҳатҳои соҳаи маориф хеле зиёданд. Роҳҳои ҷиддии дуруст табобат кардани онҳоро ҷустуҷӯ кардан лозим аст.

Баён РАҲИМОВ,
мудири кафедраи
педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 861

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед