logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛӢ: ҚАРОРҲО ҚАБУЛ ШУДАНД. ИҶРОЯШОН ҲАТМИСТ

14 июн дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Прокурори генералӣ, раиси Шӯрои адлия, раиси Суди Олии иқтисодӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази миллии қонунгузорӣ, аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олӣ, раис ва муовинони раисони судҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Пленуми Суди Олӣ баргузор гашт.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода доир шуд, нахуст масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти ифротгароидошта мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки содир гардидани ин қабил ҷиноятҳо дар баробари ҷиноятҳои фаромиллӣ, мисли хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти давлат ва ҷомеа таҳдид карда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро халалдор месозанд. Таъкид гардид, ки масоили мубориза алайҳи ҷиноятҳои хусусияти ифротгароидошта ва тартиби баррасии чунин парвандаҳои ҷиноятӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Консепсияи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ), кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, ба танзим дароварда шудаанд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини дуруст ва якхелаи татбиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии содир гардидани ин намуд ҷиноятҳо ва аз байн бурдани камбудию норасоиҳои дар фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва судҳои ҷумҳурӣ ҷойдошта, Қарори нави Пленуми Суди Олӣ «Дар бораи татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) - дошта» қабул шуд. Суд ва судяҳо муваззаф гардиданд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии дорои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) - дошта, аз як тараф ҳифзи манфиати омма (асосҳои сохти конститутсионӣ, ягонагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон), аз тарафи дигар - ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст (озодии сухан, нашр, муносибат ба дин, ширкат варзидан дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор), таъмин намоянд.
Бо мақсади таъмини таҷрибаи ягонаи татбиқи меъёрҳои кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсия дар бораи расондани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ бори аввал Қарори Пленуми Суди Олӣ «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ марбут ба таъини намуди муассисаҳои ислоҳӣ нисбат ба шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳрумгардида» қабул гашт. Дар пленум таваҷҷуҳи судҳо ба зарурати риояи талаботи моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби таъини намуди муассисаи ислоҳие, ки дар он шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда бояд ҷазоро адо намояд, ҷалб карда шуд.
Бинобар қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 246 Кодекси гражданӣ ба Қарори Пленуми Суди Олӣ «Дар бораи татбиқи қонунгузорӣ оид ба баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона ба миён меоянд», тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Мувофиқи банди 3-и қарори мазкур суд, судяҳо, прокурорҳо, мақомоти ҳокимияти давлатии худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ бояд дар назар дошта бошанд, ки ҳуқуқи моликии шахси сохтмони худсаронаро анҷомдода аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, агар қитъаи замин мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шахс барои сохтмони иморат дода шуда бошад. Агар нигоҳ доштани сохтмони худсарона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон кунад ё ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии иншооти дар атрофи ин сохтмон ҷойгиршуда таҳдид намояд, ҳуқуқи моликии ин шахс эътироф карда намешавад. Аз ин рӯ, асоси ҳуқуқии эътирофи моликият ба сохтмони худсарона, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои шахсӣ, биною иншоот ё дигар молу мулки ғайриманқул ба шумор меравад.
Дар ҷаласаи Пленуми Суди Олӣ зикр шуд, ки қонунгузории амалкунанда ҳифзи судии ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва шахсони ҳуқуқиро оид ба шаъну шараф ва эътибори корӣ кафолат медиҳад. Бо мақсади таъмини татбиқи дурусту якхелаи қонунгузорӣ, ки муносибатҳои ҳуқуқии номбаршударо ба танзим медароранд, Қарори Пленуми Суди Олӣ таҳти № 7, аз 23 декабри соли 2011, «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ» мавриди амал қарор дорад. Вале, бинобар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гражданӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба қарори мазкур низ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла, зербанди 2 банди 14 - и қарор дар таҳрири зайл омадааст:
«Судҳо бояд ба инобат гиранд, ки мутобиқи талаботи моддаҳои 18 ва 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки ба воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашро нашр кардааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад. Ҷавоб баъди ба редаксияи воситаи ахбори омма расидан бояд на дертар аз шумораи навбатии он нашр карда шавад. Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани муҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад, дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд». Ҳамзамон, таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа ба он нукта нигаронда шуд, ки мутобиқ ба моддаи 174 Кодекси гражданӣ шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳангоми туҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ё таҳқир мекунад, яъне беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаҳои 170, 171 ва 174 кодекси мазкур ҳифз карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эътироф гардида, иҷрои онҳо барои судҳо, мақомоту шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2014    №: 113    Мутолиа карданд: 719

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед