logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТҲОИ ПИНҲОН ҲАМ ОШКОР МЕШАВАНД

Прокуратураи ноҳияи Айнӣ бо ҷалби мутахассисони кумитаи заминсозӣ, бахши шаҳрсозию меъморӣ, нозирони минтақавии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати иҷрои қонунгузории заминро санҷида, чораҳои дахлдор андешидааст. Чунончи, муайян карда шуд, ки бо қарори собиқ раиси ноҳияи Айнӣ аз 8 марти соли 1998 дар бораи додани 4 гектар қитъаи замин ба шаҳрванд М. Ҷӯрақулов барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Ҳаштаробут» аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳия ҷудо ва вобаста шудааст. Шаҳрванд ба сохтакории қарори раиси ноҳия ва дигар ҳуҷҷатҳои парвандаи заминсозӣ даст зада, зимни нусхабардорӣ ба ҷои 4 га 104 гектар навишта, майдони 100 га қитъаи замини хоҷагии ҷангалро ғайриқонунӣ ишғол намуда, то давраи санҷиш истифода бурдааст. Прокуратураи ноҳияи Айнӣ аз филиали Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент нусхаи аслии қарорро талаб карда, муайян намуд, ки ба хоҷагии мазкур ҳамагӣ 4 га замин вобаста шудааст. Ғайр аз ин, муайян шуд, ки хоҷагии номбурда ба нозироти андози ноҳия барои 4 га қитъаи замин андоз месупурдааст. Бинобар ин, барои фавран бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва қабули қарори раиси ноҳияи Айнӣ оид ба ҳолати аввала баргардондани қитъаи замини худсарона ишғолнамуда 16 майи соли 2013 ба унвони иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Айнӣ амр ирсол гардид ва дар натиҷа 100 гектар ба ҳолати аввала ба муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ баргардонда шуд.
Назар ба гуфтаи мавсуф, дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 738,14 гектар ба ҳолати аввала баргардонда шуд. Соли гузашта вобаста ба вайрон намудани қонунгузории замин 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, қисми зиёди онҳо бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шуда, гунаҳкорон маҳкум ва қисми дигараш дар рафти тафтишот қарор дорад.
Қонунгузор мутобиқи моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона ишғол намудани замин ва сохтмони худсарона ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст. Ин тағйирот 25 марти соли 2011 ба кодекси мазкур ворид гардид. Вале то имрӯз нафароне ёфт мешаванд, ки бе ягон асос қитъаҳои заминро соҳиб шуда, сохтмонҳоро худсарона оғоз мекунанд.
Бинобар ин, барои ба самъи мардум расондани талаботи қонун ҳамаи мурофиаҳои судӣ вобаста ба замин аз ҷониби суд ба тариқи сайёр, яъне дар маҳалҳо гузаронда мешавад.
Баҳодур Раҷабов иброз дошт, ки прокуратураи ноҳияи Айнӣ ҳолати иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба ҳисоби саршумори чорвои давлатию ҷамъиятиро санҷид, ки дар рафти он қонуншиканиҳо муайян шуданд. Барои барқарор намудани чорвои талафёфта 7 амр ба хоҷагиҳо ирсол шуд.
Дар натиҷа 5 пешниҳод барои бартарафсозии қонунвайронкунӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъул ба хоҷагиҳо ирсол гашт. 61 нафар ба ҷавобгарии моддӣ бо рӯёндани 21 550 сомонӣ ва 9 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб гардид.
Вобаста ба ҳифзи саршумори чорвои давлатию ҷамъиятӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳия 5 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нисбат ба Р. Розиқов бо банди «б»-и қисми 4-и моддаи 245-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасарруф кардани қариб 200 сар гови хоҷагии зотпарварии «Россия» оғоз шуд.
Ғайр аз ин, якҷо бо кормандони прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ё. Аслиддинов ва дигарон бо банди «а»-и қисми 4-и моддаи 245-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, ки дар пешбурди прокуратураи ноҳия қарор дорад. Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятии мазкур 700 сар мол ва 2 сар гов барқарор шуд.
Ҳолати мазкур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ташвишовар аст. Қисми зиёди роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба талаву тороҷи моли ҷамъиятӣ машғуланд.
Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҳолатҳое ба назар расидаанд, ки масъулони хоҷагиҳо беасос чорвои ҷамъиятиро бо нархҳои хеле арзон фурӯхта, ба хоҷагӣ зиёни зиёд расондаанд. Ё амалҳое содир намудаанд, ки тамоман ба манфиати хоҷагӣ нест ва ба кам шудани саршумори чорво оварда расондааст. Масалан, дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ тамоми говҳоро фурӯхта, қутос хариданд, вале ҳангоми интиқоли қутос, ҳамаи он талаф ёфтааст. То имрӯз ягон нафар барои ин кирдори зишт ҷавоб нагуфтааст.
Ё ин ки роҳбарияти хоҷагии деҳқонӣ борҳо иваз шудаасту сарвари пештара ба роҳбари нав забонхат месупорад, ки фалон қадар қутосро баъд оварда медиҳад, вале то имрӯз он барқарор нашудааст. Роҳбари ҳозираи хоҷагӣ бошад, дар тамоми ҳисоботҳо зикр менамояд, ки чорвои зикршуда дар хоҷагӣ мавҷуд аст.
Ё, хоҷагии деҳқонӣ чарогоҳ дорад ва солҳои зиёд молашро дар ҳамин чарогоҳ мечаронад. Раиси хоҷагии деҳқонӣ як қисми заминҳои хоҷагии деҳқониро ҷудо намуда, хоҷагии деҳқонии алоҳида таъсис додааст. Яку якбора дар 2 хоҷагӣ роҳбарӣ кардааст. Ҳол он ки хоҷагии дуюм то имрӯз дар сабти нозироти андоз нест. Баъдан шартномаи сохтакоронае тартиб дода, барои чарондани чорвои хоҷагии деҳқонии аввала дар хоҷагии деҳқонии дуюм 144 сар говро ба фоидааш гирифтааст.
Дар ҳоле ки хоҷагии деҳқонӣ худ соҳиби чарогоҳ асту барои он андоз месупорад, чӣ зарурият аст, ки дар чарогоҳи дигар хоҷагӣ чорвояшро чаронда бар ивази он 144 сар чорво диҳад?
Ин ҳолатҳо ягона набуда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъзе роҳбарони хоҷагиҳо кушоду равшан бо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои сохтакорона ба талаву тороҷи чорвои ҷамъиятӣ машғуланд.
Бо санадҳои қалбакӣ чорвои ҷамъиятиро дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ бо нархҳои арзон фурӯхта, ба хоҷагӣ зарари моддӣ расондаанд. Ё дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ чорвои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар чарогоҳҳои тобистона чаронда мешаванд, вале тамоми хароҷоти дар ин байн бамиёномада аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ рӯйпӯш карда мешавад. Бинобар ин, чи тавре ки дар боло зикр шуд, аз ҷониби прокуратура дар ин самт 6 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.
Баҳодур Раҷабов дар мавриди содиршавии ҷиноятҳои вазнин иброз дошт, ки 23 октябри соли 2013 як ҳодисаи суиқасд барои куштор рух дод.
Шаҳрванд Меҳроншо Рустамов бо завҷааш дар суди ноҳия баҳси оилавӣ доштанд. Сипас, ба кӯча баромада, баҳси худро давом доданд. М. Рустамов бо корд ба шиками ҳамсараш Наргис Маизова нуҳ маротиба зада, ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонии вазнин расонд. Баъд ба шиками худ ҳам бо корд як зарба зад. Ба онҳо сари вақт ёрии тиббӣ расонда шуд. Духтурон онҳоро дар беморхонаи марказӣ ҷарроҳӣ карданд ва ҳар ду зинда монданд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур 24 октябри соли гузашта парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва баъди тафтиши ҳаматарафа, пурра ва холисона бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди ноҳия фиристода шуд. Моҳи март бо ҳукми суди ноҳияи Айнӣ шаҳрванд Меҳроншо Рустамов бо моддаҳои 32, қисми 3 ва 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор эътироф шуда, барояш ҷазо дар намуди 7 сол аз озодӣ маҳрум сохтан таъйин гардид.
Дар мавриди ҳодисаҳои худкушӣ ва қасд ба ҷони худ, Баҳодур Раҷабов зикр кард, ки дар соли ҷорӣ як ҳодисаи кӯшиши худкушӣ ба қайд гирифта шуд.
Чунончи, сокини Ҷамоати деҳоти Дардар, шаҳрванд Ш. Исоев аз 14 августи соли 2006 бо М. Давлатова оила бунёд кардаанд. Шавҳараш ҳуқуқу манфиатҳои ҳамсарашро қасдан поймол намуда, 10 - 12 апрели соли 2014 ӯро лату кӯб менамояд. М. Давлатова аз чунин муносибатҳои бераҳмонаи шавҳар ва паст намудани шаъну эътибораш тоқат накарда, ба ошхона даромада, ба мақсади худкушӣ сирко менӯшад. Дарҳол ӯро ба беморхонаи марказӣ интиқол доданд ва дар натиҷаи расондани ёрии тиббӣ саломатиаш барқарор мегардад. Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Айнӣ бо моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва тафтиш давом дорад.
Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан дастурамалест, ки рушди ояндаи тамоми самтҳои ҷомеаро равшан инъикос мекунад. Чунончи дар мавриди назорати қонунҳо омадааст, ки «Риоя ва иҷрои қонун натанҳо масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд, балки назорати доимии давлатиро низ талаб мекунад.
Бинобар ин, мақомоти прокуратураро зарур аст, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро тақвият бахшида, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он аз ҷониби ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва ҳар як шаҳрванд минбаъд низ ҳамаи чораҳои пешбиникардаи қонунро бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона амалӣ намоянд».
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.06.2014    №: 114    Мутолиа карданд: 707

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед