logo

ҳуқуқ

САНАДИ БАРНОМАВИИ ДАВЛАТ

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқиест, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Ин санади олӣ 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави давлатдорӣ оғоз ёфт. Барои беҳтар намудани дараҷаи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ва давом додани ислоҳоти иқтисодӣ бошад шароити мусоид фароҳам омад. Акнун тамоми фаъолияти давлатдорӣ, низому тартиби ҳаёти ҷамъият дар доираи Сарқонун сурат мегирифт.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши назаррас гузошт. Бори нахуст Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, аз андешаи ҳокимияти мардум ба василаи мардум ва барои мардум сарчашма гирифта, асли соҳибихтиёрии халқро, ки бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем», оғоз меёбад, сабт намудааст. Сарқонуни Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби ягон созмоне, гурӯҳе ва ё фарде мамнӯъ эълон кардааст ва дар он халқ ба сифати «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф шудааст.
Эътирофи халқ ба сифати манбаи ҳокимияти давлатӣ амали дорои аҳамияти усулӣ буда, зоҳир шудани иродаи он, пеш аз ҳама, ба натиҷаву оқибатҳои тасмими интихобкунандагон вобаста аст. Дар асоси ин ҳидояти Сарқонун тамоми шаҳрвандони кишвар дар умури сиёсӣ, бидуни ҳеҷ гуна монеа, метавонанд ширкат варзанд. Бо ҳамин тартиб, тавре Сарвари давлат зикр намуданд: «Конститутсияи мо имкон медиҳад, ки ҳамаи рукнҳои давлат ваколати худро аз халқ гираду ба манфиати он истифода намояд. Ин як намунаи татбиқи мақсади олии мо мебошад».
Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созанда ва дар натиҷаи ин ҳама болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар нақши Конститутсияро дар пойдор ва таҳким бахшидани истиқлолият хеле муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Дар моддаи 5-и Сарқонун инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он бори нахуст арзиши олӣ эътироф гардида, дар моддаи 9 бошад, ҳокимияти давлатӣ ба се шоха - қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шудааст. Инҳо меъёрҳои ҳуқуқии замони истиқлол буда, симои воқеии давлати соҳибихтиёри моро нишон медиҳанд. Боби 2-юми Сарқонун ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд иртибот гирифтааст. Муҳимтарин меъёри боби мазкур дар он ифода меёбад, ки тибқи он ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, сарфи назар аз миллат, нажод, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, забон, ҷинс ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Конститутсияи Тоҷикистон ягона санадест, ки дар он муқаррароти интиқолӣ нишон дода шудааст. Агар ба қисми 2-и ин муқаррарот назар афканем, мебинем, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалкунанда, агар ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд. Яъне ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия таъсири худро ба ҳамаи меъёрҳои дигар ва ё қонунҳои ҷумҳурӣ нарасонда, танҳо тағйирпазириро дар он санадҳое талаб мекунанд, ки меъёри дар Конститутсия тағйирёфта ба он самт равона шудааст.
Амали меъёрҳои Конститутсия дар таҷрибаи судӣ имрӯзҳо хеле зиёд ба чашм мерасад. Махсусан шаҳрвандон ҳангоми поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳояшон меъёри моддаи 19-и Конститутсияро ба назар гирифта, ба суд муроҷиат мекунанд. Дар ҳамин модда омадааст, ки ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз баррасӣ намояд.
Агар ҳамаи шаҳрвандон аз мазмуну муҳтавои меъёрҳои Конститутсия бохабар бошанд, дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон ва пешгирии қонуншиканиҳо саҳми арзанда гузошта метавонанд. Баъзан, бинобар надонистани меъёрҳои Конститутсия аз ҷониби шахсони алоҳида ва ё кормандони воситаҳои ахбори омма ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд поймол мегарданд. Ба ибораи дигар, ҳангоми бо гумони даст доштан дар содиршавии ҷиноят дастгир кардани шахс дар борааш дар рӯзномаю маҷаллаҳо маълумоти бардурӯғ ва беобрӯкунанда нашр карда, ӯро ҳамчун ҷинояткор муарифӣ менамоянд. Дар қисми 1-и моддаи 20 Конститутсия омадааст, ки ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Ҳукми суд тибқи қонун баъд аз 10 рӯз, аз рӯзи гирифтани он аз ҷониби маҳкумшуда эътибори қонунӣ пайдо менамояд. Агар ба суд аз ҷониби иштирокчиёни мурофиа нисбат ба ҳукми суд шикояти кассатсионӣ ва ё назоратӣ пешниҳод шуда бошад, ҳукми суд аз лаҳзаи эълони қарори суди марҳаллаи кассатсионӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад. То ин лаҳза ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки меъёри моддаи 20-и Конститутсияро вайрон намуда, дар бораи гунаҳгории шахс маълумот паҳн намояд. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва қонунҳо вазифаи конститутсионии ҳар як шахс мебошад.
Дар давоми бист соли амали Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони мамлакат дар зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ итминон ҳосил карданд, ки ин санади олии ҳуқуқӣ ифодагари манфиатҳои миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ, мутмаъинем, ки Сарқонун ҳамчун санади барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа барои рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат хидмат мекунад ва мардуми шарифи Тоҷикистон меъёрҳои онро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ эҳтиром ва риоя менамоянд.
Муҳаммадҷон ҲАМИДОВ,
котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2014    №: 115    Мутолиа карданд: 684

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед