logo

ҳуқуқ

МАҲВИ МУХАДДИРОТ - КАФОЛАТИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Соли 1987 Маҷмааи кулли Соз-мони Миллали Муттаҳид 26 июнро ҳамчун Рӯзи мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он, чун ифодаи ҷасорат баҳри пурзӯр намудани фаъолият ва ҳамкорӣ бо мақсади созмон додани ҷомеаи байналмилалии озод аз маводи нашъаовар эълон намуд. Ин қарор дар асоси тавсияи Конфронси байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он 7 декабри ҳамон сол қабул шуд.
Пешгирии нашъамандӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, аз ҳамин хотир дар ҳудуди ҷумҳурӣ пайваста чорабиниҳои оммавии зиддимухаддиротӣ гузаронда мешаванд.
Ҳамасола дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи агентӣ маҷмӯи чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, бо ҷалб намудани ҳамаи табақаҳои ҷомеа ташкил мешаванд, чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ - оммавӣ ва варзишӣ, мизҳои гирд баргузор мегарданд, ки мақсади асосии онҳо – тарғибу ташвиқи васеи корҳои зиддимухаддиротӣ мебошад. Кормандони агентӣ нақша доранд, ки имсол низ дар ин рӯз дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои бештари таъсирбахш баргузор намоянд.
Имсол то 26 июн дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, маҳаллаҳои аҳоли-нишин, майдончаю варзишгоҳҳо, чорбоғҳо, клубҳо, муассисаҳои таълимӣ, лагерҳои тобистонаи кӯдакон ва наврасон чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ ва варзишӣ ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, инчунин ноҳияи Мурғоб дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ” бо иштироки кормандони Маркази вируси норасоии масунияти одам, марказҳои наркологӣ ва якчанд ташкилоти ғайридавлатӣ аз рӯи масъалаҳои нашъамандӣ ва вируси норасоии масунияти одам, мизҳои гирд гузаронда мешаванд.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо иштироки намояндагони дин, аҳли ҳунар ва мутахассисони соҳаи тандурустию маориф ва ҳамзамон озмунҳо барои муайян намудани беҳтарин шеърҳо, сурудҳо, расмҳои кӯдакон, намоишномаҳо дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ баргузор мегарданд.
Дар се вилояти ҷумҳурӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар пойтахт аз рӯи намудҳои зерини варзиш - таэквон-до, дзюдо, гӯштингирӣ, волейбол, футбол, тенниси рӯимизӣ ва шоҳмот мусобиқаҳо баргузор мегарданд, ки дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти  миёнаи умумӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, кормандони идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Ба ғайр аз ин гузарондани як силсила вохӯриҳо бо намояндагони маориф ба нақша гирифта шудааст, ки дар он масъалаҳои тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Бо назардошти муҳим будани пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13 феврали соли 2013 “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020” тасдиқ шуд. Инчунин кишвари мо ба узвияти Комиссияи байналмилалии назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2014 - 2017 интихоб гардид, ки ин худ аз арзёбии баланди кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва эътироф намудани натиҷаҳои амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа дарак медиҳад.
Мақсади асосии чорабиниҳои пешгирикунанда, ки аз тарафи агентӣ ва вазорату мақомоти салоҳиятдор, созмонҳои ғайри-давлатӣ таҳия мегарданд - ин  баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ дар соҳаи паст намудани талабот ба маводи нашъаовар ва пешгирии паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам, тарғиби тарзи ҳаёти солими аҳолӣ ва даст кашидан аз истеъмоли маводи нашъаовар мебошад.

Умеда ЮСУФОВА,
нозири калони шуъбаи равобит бо ҷомеаи
ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2014    №: 116    Мутолиа карданд: 618

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед