logo

ҳуқуқ

ХАТЛОН. НАЗОРАТ ПУРЗӮРТАР МЕШАВАД

Прокуратураи вилояти Хатлон бо роҳи назорати умумӣ ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро дар вилоят мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷа як қатор камбудиҳо, аз ҷумла ҳолатҳои бидуни риояи стандарти давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ ба фурӯш баровардани маводи ғизоии муҳлати истеъмолаш гузашта ва бидуни сертификати мутобиқати сифат ошкор гардиданд.

Масалан, Сино Нуруллоев, сокини деҳаи Ҳ. Шерови Ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардида, бар хилофи талаботи моддаҳои 2, 10, 11 ва 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва моддаҳои 1 ва 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», нӯшокиҳои спиртии ба талабот ҷавобгӯ набударо фурӯхтааст. Ҳангоми санҷиш аз мағозаи ӯ, аз ҷумла 20 дона арақи “Чёрный принц”, 117 дона “Особая водка”, 18 дона “Симои Тоҷикистон”, 9 дона “Пшеничная”, 94 дона коняки “Форсиян”, 20 дона “Коняк”, ки дар зарфҳои пластмассӣ борпеч шудаанду вақти истеҳсол ва муҳлати истеъмолашон зикр нагаштааст, мусодира шуд.
Тибқи хулосаи мутахассисони озмоишгоҳи ташхиси хӯроквории маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон аз 14 феврали соли 2014, таҳти № 1256, 1257, 1258, 1259, 1260 ва 1261 ин маҳсулот ба талаботи стандарт ва шартҳои техникӣ мутобиқ намебошанд. Аз рӯи ин ҳолат 17 феврали соли 2014 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Панҷ нисбат ба С. Нуруллоев парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ҳамзамон дар рафти санҷиш муайян гардид, ки Миралӣ Бекмирзоев, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти «Ситораи Сурх», деҳаи Пахтакор дар мағозаи хӯроквории ба номи «Амиралӣ» маҳсулоти ғизоии навъи «Қаймоқ», «Рулет Бедрам », «Равғани Бахаран», «Суфле в шоколодной», «Мармалад» ва ғайраро хилофи қоидаҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ ба фурӯш баровардааст.
Мувофиқи хулосаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон таҳти № 88, 89, 90, 91, 92, 93, 94 ва 95 аз 1 апрели соли 2014 истеъмоли хӯроквории номбурда ба саломатии инсон хавфнок ва зараровар мебошад. Оид ба ин ҳолат 2 апрели соли 2014 аз тарафи прокурори вилояти Хатлон, нисбат ба М. Бекмирзоев парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Мутобиқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» маводи ғизоие, ки муҳлати истеҳсол ва санаи истеъмолашон нишон дода нашудааст, хатарнок ҳисобида шуда, фурӯши онҳо манъ аст. Аммо дар ҷараёни санҷиш маълум гашт, ки соҳибкор С. Бобоқулова, сокини деҳаи Ҷерқаъла, Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар нуқтаи савдои хусусиаш ба фурӯши хӯрокворӣ машғул шуда, маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузаштаро ба фурӯш баровардааст. Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бо моддаи 627-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин соҳибкор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз кардааст.
Ҳамчунин дар рафти санҷиш ҳолатҳои аз тарафи соҳибкорон начаспондани нархнома ба молҳои фурӯхташаванда ва пешниҳод накардани нархнома барои хизматрасонӣ ошкор шуд. Чунончи, шаҳрванд Абдусаломи Шомурод, сокини деҳаи Ҷерқаъла, Ҷамоати деҳоти Зиракиии шаҳри Кӯлоб дар нуқтаи савдои хусусиаш, бо вуҷуди ҷой доштани чунин камбудиҳо, ба фурӯши маҳсулоти ғизоӣ машғул шудааст. 26 феврали соли равон аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб нисбат ба номбурда бо моддаи 633, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, барои иҷро ба мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ирсол гаштааст.
Аз беназоратию беаҳамиятии масъулони мақомоти дахлдор, бахусус Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят баъзе соҳибкорон истифода бурда, маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта ё сертификати мутобиқати сифат надоштаро ба фурӯш баровардаанд.
Гузашта аз ин, дар рафти санҷиш ҳолатҳои аз тарафи соҳибкорон ба фурӯш баровардани мол бидуни мавҷудияти чек ва таъмин накардани чеки хазинадорӣ ошкор гардид. Чунончи, соҳибкор Ч. Мирзоев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Қизил Аскар, дар мағозаи хӯроквории “Азим” фаъолият намуда, хилофи талаботи моддаи 38-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мошинаи назорати хазинавии дорои хотираи фиксалиро таъмин накардааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ин соҳибкор бо моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, тибқи талаботи моддаи 121 кодекси мазкур барои баррасӣ ба нозироти андоз ирсол гардид. Чунин қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Данғара ва Ҷиликул низ ошкор гаштанд.
Дар рафти санҷиш ҳолатҳои мувофиқат накардани мол ба стандарт, шартҳои шартнома ё худ талаботи одии сифати мол ошкор шуданд. Мисол, шаҳрванд Дониёр Турсунов, сокини ноҳияи Бохтар, Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, деҳаи Коммунизм дар канори роҳи мошингарди деҳаи мазкур ба фаъолияти соҳибкорӣ дар намуди фурӯши сӯзишвории навъи бензин машғул гардида, ҳангоми фурӯши 40 литр сӯзишворӣ ба харидор Қ. Набиев 1,450 литр кам бензин дода, охиронро ба маблағи 8,12 сомонӣ фиреб додааст. Вобаста ба ҳолати мазкур 13 январи соли 2014 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Бохтар нисбат ба Д. Турсунов бо моддаи 294 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди итмоми пешбурди тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд исрол гашт.
Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ба ҳамин монанд қонуншиканиҳои зиёде ошкор гардиданд, ки натиҷаи бемасъулиятии масъулони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят мебошад.
Инчунин дар ҷараёни санҷиш ҳолатҳои аз тарафи соҳибкорон ва фурӯшандагон ғайриқонунӣ ва бе иҷозатномаи мақомоти назорати байторӣ ба фурӯши маҳсулотҳои гӯштӣ машғул будан ошкор шуд. Аз ҷумла шаҳрванд Ҳ. Раҷабов, сокини ноҳияи Бохтар, Ҷамоати шаҳраки Сомонӣ хилофи талаботи қонунгузории ҷорӣ амал намуда, бидуни хулосаи мақомоти дахлдор ба фурӯши маҳсулоти гӯштӣ машғул гардидааст. Вобаста ба ҳолати мазкур 30 январи соли 2014 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Бохтар нисбат ба Ҳ. Раҷабов бо моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, тибқи талаботи моддаи 95 кодекси мазкур парванда барои баррасӣ ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Бохтар ирсол шудааст. Айнан ба ҳамин монанд қонуншиканиҳо зимни гузарондани санҷиш дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷиликул ва Восеъ ошкор гардиданд.
Ҳамин тавр, аз натиҷаи санҷишҳои прокурории дар ин самт гузаронда, ба номи роҳбарони корхонаву ташкилотҳои дахлдор 21 пешниҳод ва 3 амр оварда, 281 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 19 этироз ва 64 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ҳамзамон бо натиҷаи баррасии санадҳои прокурорӣ 18 шахси мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд.
Прокуратураи вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки дар оянда назорати прокурориро дар ин самт боз ҳам пурзӯртар намуда, баҳри бартараф кардани қонуншиканиҳо чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ меандешад.

А. АЗИЗУЛЛОЕВ,
сардори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи
вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2014    №: 116    Мутолиа карданд: 645

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед