logo

ҳуқуқ

НАВРАСОН АЗ НАЗОРАТ БЕРУН МОНДААНД

Прокуратураи ноҳияи Файзобод ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, инчунин риояи дақиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҳисоби кормандони ин ниҳод гурӯҳи таблиғотӣ созмон додааст.

Гурӯҳ таҳти роҳбарии прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Анваршо Сафаров дар нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳот, ташкилоту корхона, муассисаҳои таълимӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотиро васеъ ба роҳ монда,  бо мардум даҳҳо суҳбату мулоқоти судманд доир намуд. Дар дидору гуфтугӯҳо мавзӯъҳои хеле муҳим, назири дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадами устувор мегузорем, ба қонуншикании ноболиғону наврасон роҳ намедиҳем, ҷавонон ояндаи миллатанд, риояи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳатмист, волидон бояд масъулият ҳис кунанд, дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар давоми панҷ моҳи соли 2014 гурӯҳи таблиғотӣ дар 55 мактаби ноҳия бо иштироки падару модарон ва омӯзгорон вохӯрӣ анҷом дод. Волидон вазифадор шуданд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ватандӯстиву ме-ҳанпарастӣ, накуномию ахлоқи поки инсонӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбият намоянд.
Анваршо Сафаров дар яке аз вохӯриҳо зикр кард, ки сабаби асосии  ҷиноят  содир кардани ноболиғону ҷавонон аз назорати волидон берун мондани онҳост. Сабаби дигар, ба назари ӯ, тамошои филмҳои хусусияти фаҳшу зӯроваридошта, саргармӣ дар интернет ва телефонҳои мобилӣ мебошанд. -Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки,- гуфт прокурор, - наврасону ҷавонон аз бемасъулиятии падару модарон истифода бурда, ба корҳои ношоиста даст мезананд. Дар давоми панҷ моҳ се ноболиғ ва чор ҷавон даст ба ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ ва қаллобӣ задаанд.
Имом - хатиби деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод Ҷаббор Шарифов, фаъолзан Гул Халифаева, собиқадори меҳнат Зурник Шарифов оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон андешаҳои худро иброз доштанд.
Суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ дар мактабҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия идома доранд.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2014    №: 117    Мутолиа карданд: 532

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед