logo

ҳуқуқ

АГЕНТИ ФОШ МЕСОЗАД

Сардухтур пора гирифт
Шарифхон Қурбонов, ки дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи  Б. Воҳидов кор мекард, бо қарори раиси вилояти Хатлон ба ҳайати комиссияи даъвати вилоят ба сифати сардухтур дохил шуд. Номбурда 25 апрели соли 2014 барои озод намудани даъватшаванда Заробиддин Табаров, сокини деҳаи Садоқати ноҳияи Фархор, аз хизмати ҳарбӣ, аз бародари ӯ Меҳробиддин Табаров 500 доллари ИМА талаб кард.
Сардухтури комиссияи даъват худи ҳамон рӯз дар назди филиали Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Қӯрғонтеппа, маблағи талабкардаашро гирифт. Дар натиҷаи  андешидани тадбирҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ш. Қурбонов пас аз гирифтани 500 доллари ИМА аз шаҳрванд М. Табаров  дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд. Нисбат ба ӯ бо аломатҳои моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 319, қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Пора барои қатъи фаъолият
29 апрели соли 2014 шаҳрванд М. Ҳайдаров ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат карда, иброз намудааст, ки нисбат ба мутахассиси пешбари шуъбаи санҷиши андозҳои раёсати андоз дар вилояти Суғд Нозимҷон Кенҷаев чораҳои қонунӣ андешанд. Ба гуфтаи ӯ, номбурда барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкории падараш 18 ҳазору 500 сомонӣ талаб карда, аз ин 10 ҳазорашро аллакай гирифтааст.
Кормандони агентӣ Н. Кенҷаевро дар вақти гирифтани 8 500 сомонии боқимонда дастгир карданд. Нисбат ба ӯ  бо қисми 1 моддаи 319, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Қонуншикании муҳофизи қонун
Шаҳрванд Шукуров 13 майи соли равон ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза дар бораи кирдори ҷиноятии сардори шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Истаравшан Тиллобой Латифов муроҷиат намудааст. Номбурда аз моҳи октябри соли 2013 то январи 2014 маводи санҷиширо аз рӯи аризаи шаҳрванд Ҳомидова нисбат ба писараш барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ баррасӣ намуда, бо банди «б» қисми 4, моддаи 247, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Баъди аз ҷониби муфаттиши ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Умед Отаев эълон кардани анҷоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ба шаҳрванд Шукуров ҳолати гӯиё сабук кардани ҷинояти содиркардаи писарашро фаҳмонда, аз ӯ ҳамчун ҳаққи хизмат аввал 3 000 ва баъд 2 000 доллар талаб кардааст.
13 майи соли 2014 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Тиллобой Латифов баъди аз шаҳрванд Шукуров гирифтани пора дар ҷойи ҳодиса дастгир гардид. Нисбат ба ӯ бо банди «а» қисми 3, моддаи 247, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Судяи ҷинояткор
 Мирмаҳмад Одинаев,  судяи Суди шаҳри Ваҳдат, ҷиноят содир кард. Мавсуф моҳи ноябри соли 2013 ҳангоми баррасии парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои С. Сатторов оид ба этироф намудани ҳуқуқ ба бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии «Заргар» дар шаҳри Ваҳдат, бо намояндаи ӯ Умар Саидов вохӯрда,барои ба манфиати Сатторов ҳал намудани баҳси судӣ  4000 доллари ИМА-ро талаб кард. М. Одинаев  аз У. Саидов дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳаёти нав, хонаи 32/1, ба сифати пора 3000 доллар ва 29 марти соли равон дар Суди шаҳри Ваҳдат 500 доллар гирифт. 8 май  дар шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат Саидов ба Одинаев 500 доллари боқимондаро дод. 
Зимни гузарондани чораҳои оперативӣ - тафтишотӣ гумонбаршуда М. Одинаев дар назди бинои Суди шаҳри Ваҳдат дастгир шуда, маблағҳои гирифтааш дарёфт ва мусодира шуданд. 8 май оид ба ҳолати мазкур нисбат ба ӯ бо моддаи 319 қисми 1, Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Дар ин бора аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2014    №: 117    Мутолиа карданд: 661

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед