logo

илм

ЗАБОНИ ИЛМ БОЯД ТОҶИКӢ БОШАД

Мо, аҳли кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо ҳама он лаҳзаҳои тақдирсозе, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди муҳокима қарор гирифтаанд, ҳамовозӣ изҳор намуда, нисбат ба мушкилоти маорифи мамлакат, аз ҷумла, масъалаҳои  забони давлатӣ чанд фикру мулоҳизаҳои худро арз карданӣ ҳастем.

Диққату ғамхории Сарвари давлат роҷеъ ба масъалаҳои фарҳангу маориф, бахусус забони давлатӣ хеле саривақтӣ мебошад. Дуруст аст, ки баъд  аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» дар рушду инкишофи ин рукни бисёр муҳими давлати соҳибистиқлоламон як қатор корҳои муҳим анҷом дода шудаанд. Дар ин айём аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 қабул карда шуда, барои ҳар чӣ зудтар амалӣ намудани қонуни ба тозагӣ қабулшудаи забони тоҷикӣ дар назди Ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот ташкил шуд, ки он дар муддати қариб 5 соли мавҷудияташ барои рушду тавсеаи доираи истеъмолии забонамон корҳои зиёди муфидро анҷом дод. Имрӯз ҳар як соҳибзабон ва ҳар як тоҷикистоние, ки ҳатто  забони модарии дигар дорад, кӯшиш мекунад, ки донишҳои забонии худро мунтазам такмил диҳад, бо забони давлатӣ дар савияи баланд нутқи хаттиву шифоҳӣ дошта бошад. Ин ҳама, албатта, самараи истиқлоли комили давлатии мо аст ва мо фахр мекунем, ки забони адабии тоҷикӣ, ки солҳост мо онро таълим медиҳем, чунин густариш меёбад ва то рафт бештар ба ҳама қишрҳои ҷомеаи имрӯзаи тоҷикии мо  роҳ ёфта истодааст.
Ба назари мо, барои боз ҳам тавсеа додани имкониятҳои забони адабии тоҷикӣ ба назар гирифтан ва ҳалли саривақтии як қатор проблемаҳои мавҷудаи ин бахш аз аҳамият орӣ нест.
Пеш аз ҳама, бояд доираи назорати иҷрои Қонуни забони давлатӣ ва тадқиқу таълими онро, ки имрӯз муассисаҳои гуногун бо онҳо машғул ҳастанд, муайян кардан лозим аст. Имрӯз чандон равшан нест, ки, масалан, бо масъалаҳои тадқиқу танзими мушкилоти забони давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд машғул бошад ё Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон? Ин муассисаҳо ҳар яке вазифаҳои мушаххас дошта, ба фаъолияти ҳамдигар бояд фақат ёрӣ бирасонанд. Ба назари мо, дар ҳамин сурат корҳои зиёди манфиатнокро дар ин самт анҷом додан мумкин аст.
Мо бо фикри доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода розӣ ҳастем (ниг. Ҷумҳурият, аз 8.05.2014), ки имрӯз дар ҳаллу фасли мушкилоти забони давлатӣ ба ҳарҷу марҷ ва бесомониҳо  роҳ дода мешаванд.
Ба назари мо, тамоми корҳои таҳқиқотие, ки роҷеъ ба мушкилоти забон анҷом дода мешаванд, аз ҷумла, ҳаллу фасли масъалаҳои имло, орфоэпия, таснифи ҳамагуна монография ва луғатҳо бояд дар системаи Пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқотии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва кафедраҳои забони тоҷикии мактабҳои олӣ анҷом дода шаванд. Ба зиммаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи назорати иҷрои Қонуни забони тоҷикиро вогузор кардан лозим аст. Дар ҳамин сурат, умед бастан мумкин аст, ки мушкилоти забони адабии тоҷикӣ зина ба зина поён рафта ва дар муҳлати муайян аз байн батамом  хоҳад рафт.
Масъалаи дигари ҳалталаб, ки имрӯзҳо аҳли фазлро ба изтироб овардааст, ба русӣ баргардонда шудани забони коргузории шӯроҳои диссертатсионии Тоҷикистон аст, ки аслан тобеи Комиссияи аттестатсионии Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Русия мебошанд. Солҳои пешин танзими диссертатсияҳои дараҷаи номзадӣ ва раванди дифои онҳо бо иҷозати вазорати номбурдаи Русия ба тоҷикӣ анҷом дода мешуданд. Аз моҳи январи соли 2014 ин ҳама фақат бо забони русӣ анҷом дода мешаванд, ки он ташвишу заҳмати шогирдони унвонҷӯву  дараҷагирро ба маротиб афзун кардааст, ба андозае  ки ҳатто бисёре аз онҳо аз баҳри дифои рисолаҳои худ баромадаанд. Дар назар бояд дошт, ки мафҳуми забони давлатӣ ба вуҷуд овардану таҳкими забони миллии илми тоҷикро низ дар бар мегирад. Дар айёми Шӯравӣ на фақат забони расмиву коргузорӣ, ҳамчунин забони илмии мо низ ба русӣ иваз шуда буд. Ҳатто мутахассисони соҳаи филологияи тоҷик низ муваззаф буданд, ки асарҳои илмиашонро ба русӣ тасниф намоянд. Маҳз ба шарофати истиқлоли комили давлати Тоҷикистон зиёда аз ду даҳсола ин ҷониб забони илми тоҷикӣ шаклу сурати муайянеро соҳиб шуда, торафт такмил ёфта истодааст, анвои услуб ва жанрҳои мухталифи он ташаккул ёфтаанд ва беш аз пеш суфта мегарданд. Агар онҳо ба ҳамин минвол инкишоф ёфтан гиранд, он рӯз дур нест, ки меваҳои хуштамъу дилҷӯ ба бор оранд. Дар робита ба мавзӯи мавриди назар ҳаминро илова менамоем, ки олими маъруфи англис Бертран Рассел (1872-1970) ҳанӯз дар ибтидои асри XX таъкид карда буд, ки яке аз омилҳои муҳимтарини пешрафти техника ва илму фарҳанг дар Аврупо бар ивази забони классикии лотинӣ ба вуҷуд омадани забонҳои миллии илмии англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва итолиявӣ буд. Пас, фаромӯш набояд кунем, ки гунаи илмии забони давлатии тоҷикӣ низ дар пешрафти ҳамаҷонибаи мамлакат, хоса, маърифату фарҳанги он кам набудааст.   Беҳтар мебуд, агар ташкилотҳои масъули мамлакат аз Вазорати илм ва маорифи Федератсияи  Русия чун дар айёми пешин боз як бори дигар иҷозати ба тоҷикӣ гузарондани чунин ҳимояҳоро мегирифтанд. Охир, мо аз ҷумлаи шарикони стратегии мамлакати ба мо дӯсти  Русия ҳастем. Фаромӯш набояд кард, ки диплому аттестатҳои ин кишвар статуси байналмилалӣ доранд ва дар тамоми мамлакатҳои олам қимати худро гум намекунанд. Дар сурати ба вуҷуд овардани Комиссияи аттестатсионии худӣ, ки иҷозати чунин ҳимояҳоро фароҳам меоварад, мо аз ҳамин ҳуқуқи бисёр муҳими байналхалқӣ маҳрум мегардем. Дар ин сурат диплому аттестатҳои  моро на фақат ҳамсояҳоамон, ҳатто  русҳо ҳам намеписанданд. Ин вазъиятро, феълан дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қирғизистон ва соири дигар баръало метавон мушоҳида кард.
Дар ниҳоят, умедворем, ки ин чанд қайду мулоҳизаҳои мо, ки барои боз ҳам беҳтар гардондани вазъу мақоми забони давлатии мамлакат нигаронида шудаанд, аз ҷониби муассисаҳои масъул ба инобат гирифта мешаванд.  
Ҳомид МАҶИДОВ,
доктори илми филология, профессор
Мастура АБДУРАҲМОНОВА,
мудири кафедраи забони адабии
муосири тоҷикӣ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2014    №: 117    Мутолиа карданд: 1326

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед