logo

ҳуқуқ

САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Анварҷон ИБРОҲИМЗОДА, 
раиси Суди вилояти Суғд  

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардумро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад. Таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонии ҷомеа бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 5 ноябри соли 2012, таъкид дошт: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад».
Тоҷикистониён пас аз қабули Конститутсияи нав роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуданд. Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд. Ҳамаи ин арзишҳои олӣ ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шуда, меҳвари фаъолияти давлат ва мақоми он такмил ёфт.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар моддаи 1-ум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кардааст. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократии ҷаҳони мутамаддин буда, он дар Конситутсияи ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода ёфтааст. Бо меъёри зикршуда Тоҷикистон худро узви ҷомеаи башар, такягоҳи арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия эълон мекунад. Ҳамзамон бо ин, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлати миллӣ, пеш аз ҳама, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар назар аст.
Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳмияти таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистон баҳо дода зикр намуданд, ки: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард шароити зарурии ҳуқуқӣ муайян карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузаштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ аз нигоҳи сиёсӣ воҳиди ҳуқуқии дохилидавлатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, зеро он баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст. Конститутсия инчунин меъёрҳоеро дарбар мегирад, ки тибқи онҳо таҳрифи ваҳдати сиёсии халқ пешгирӣ мешавад. Эътирофи инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ меъёри кафолатдиҳандаи ин амал мебошад. Ҳамзамон суботи сиёсӣ ва тартибу низоми давлатро таъмин менамояд. Он маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии давлат мебошад, ки дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд бо онҳо мутобиқати том дошта бошанд, яъне Конститутсия маҷмӯи «меъёрҳои мутлақ» ва «меъёри меъёрҳо» мебошад. Аз ин рӯ, он ба сифати қонуни фарогири тамоми қаламрави давлат, дорои эътибори олӣ, таъминкунандаи ваҳдати сиёсӣ ва ягонагии фазои иқтисодиву ҳуқуқии давлат эътироф мегардад.
Сарқонуни мамлакат ҳамчунин заминаи ҳуқуқии иқтисоди ҷомеаи моро муайян намуда, рушду инкишофи устувори онро кафолат медиҳад. Асосҳои бунёдии ин санади таърихӣ - эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, шароити ҳамаҷонибаи рушди муносибатҳои иқтисодиро таъмин менамояд.
Давлати Тоҷикистон принсипҳои сохтори демократиро риоя намуда, дар моддаи 12 дар баробари дигар шаклҳои моликият фаъолияти озоди моликияти хусусиро кафолат додааст. Конститутсия бо ин меъёр муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, гуногуншаклии моликият ва хоҷагидориро муқаррар намуда, инчунин ҳуқуқи конститутсионӣ, муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим даровардааст, ки онҳо низоми иқтисодии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба воситаи муайян кардани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, ҳуқуқи конститутсиониро барои ҳамаҷониба инкишоф ёфтани онҳо кафолат медиҳад.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст: «Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститусияи моро дар радифи қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад». Мувофиқи муқаррароти Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ шуморида шуда, аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз намудани онҳоро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон мустаҳкам намудааст.
Боиси зикр аст, ки аз лаҳзаи қабули Конститутсияи кишвар давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон мақомоти судиро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, барои таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Суд дар байни мақомоти давлатӣ адолати судиро дар кишвар амалӣ менамояд ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд ва бадин васила барои пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ нақши муҳим дорад.
Моддаи 9 ва боби ҳаштуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими ҳокимияти судӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар намуд. Дар Конститутсия бори нахуст дар қатори судҳои юрисдиксияи умумӣ аз тарафи Суди конститутсионӣ ва судҳои иқтисодӣ амалӣ шудани адолати судӣ муқаррар гардид. Дар ин замина, бо мақсади такмили низоми судӣ - ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ дар мамлакат дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 таҳти № 48 мақоми нави коллегиалӣ Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои он аз пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили мақомоти судию ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба мустаҳкам шудани мустақилияти судҳо, таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ ва коромӯз - судя, такмили ихтисоси онҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо мебошад.
6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Мутобиқи талаботи қисми 4, моддаи 2 қонуни мазкур ҳокимияти судӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад.
Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳои босалоҳият ва дар асоси қонун ташкилёфта дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб карда мешаванд, тааллуқ дорад. Хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, истисноӣ, ба қонун итоат намудан, ягонагии он ифода ёфта, аз номи давлат амалӣ намудани адолати судиро аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ - судҳо таъмин мекунад. Ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд.
Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз 20 апрели соли 2006, бо Фармони Президенти мамлакат Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Мақсади асосии барнома тақвияти ҳокимият ва мақоми судӣ, баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилот, таъмини кафолати судии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маҳорат ва масъулияти кадрҳои судӣ мебошад. Дар ин муддат кодексҳои гражданӣ, меҳнат, оила, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиаи гражданӣ, дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул шуданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 апрели соли 2014 омадааст: «Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд».
Ҳамин тариқ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ - сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистонро муҳайё сохт ва минбаъд низ барои таҳким ва рушди он хидмат хоҳад кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2014    №: 117    Мутолиа карданд: 556

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед