logo

сиёсат

КАБИРӢ РАҲБАРИ ҲАМАИ МУСУЛМОНҲО ШУДАНИСТ?

Гирди номи падар чӣ мегардӣ,
Падари хеш бош агар мардӣ.
Мухотабам Муҳиддин Кабирист, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз надоштани инқилобҳои охири бархе аз кишварҳои исломӣ раҳбаре ба монанди Имом Хумайнӣ,  аcосгузори инқилоби исломии Эрон таассуф мехӯрад (сомонаи «Озодагон», 07.06.2014 ).
Мусаллам аст, ки раиси ҲНИТ инсони замони муосир ва бо донишҳои тозаи имрӯза мусаллаҳ аст, вале ба хотири мувофиқат бо тақозои сиёсати ҳизбӣ (ҳизбе, ки ғояҳои гардишу пасравӣ ба ҷаҳолати асрҳои қадимро ташвиқ мекунад) ва нишони тамаллуқ барои дарёфти дастгирии беруна, сари ҳар вақт чунин шиорҳои бепояро ироа медорад.
Аввалан, муқоисаи инқилобҳои кунунӣ бо инқилоби рухдодаи  сиюпанҷ соли пеш аз ҷиддият орист. Зеро он замон, ки худи Кабирӣ низ аллакай сиёҳу сафедро фарқ карда метавонист ва дар ёд дорад,  аз таҳаввулоте дар ин ё он гӯшаи дунё, ҳафтаю моҳҳо баъд дар қисмати дигари ҷаҳон хабардор мегаштанд.  Ҳоло бошад аз тавлиди кенгурубача дар Австралия ё ақди никоҳи ду мардина дар Аврупо, дақиқае пас тамоми ҷаҳон огоҳ мешавад.
«Ҳаводиси солҳои охири ҷаҳони Ислом, аз ҷумла таҳаввулоти Мисру Тунис, Либия, Яман ва Сурия бори дигар нишон дод, ки инқилобҳои мардумӣ наметавонанд, танҳо бо идора кардан ба натиҷае бирасанд, балки ниёз ба як раҳбаре доранд», - мегӯяд Муҳиддин Кабирӣ.
Номбурда худро ба нодонӣ мезанад ва гӯиё намедонад, ки ин таҳаввулот бо «инқилобҳои мардумӣ» иртиботе надоштанд. Аз хориҷ тарҳрезию раҳбарӣ шуданд ва тавассути технологияи муосир, аз тариқи  сомонаҳои иҷтимоӣ ва бо дасти гурӯҳҳои раҳгумзада амалӣ гардиданд. Тарҳрезон ба ҳадафи худ расиданд. Мақсад ноором кардани ин кишварҳо буду дар ҷангу ҷидоли дохилӣ  нигаҳ доштани онҳо. Ба ин васила, пеш аз ҳама, буҳрони ҳалокатбори иқтисодӣ аз сари Ғарб дур карда шуд. Бисёр мехостам, ки ҷаноби Кабирӣ бори дигар муфлисшавии бонкҳои бойтарини ИМА ва гирдиҳамоиҳои бо мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ вобастаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро қабл аз «баҳор»-и арабӣ ба хотир орад. Инчунин эълонҳои ғарбро дар хусуси бастани ҳисобҳои бонкии расмию ғайрирасмии Мубораку Қаззофию дигар пешвоёни арабӣ ва аъзои хонадони онҳо дар бонкҳои «афшорӣ» ва «шаффофу ношаффоф»-и аврупоӣ. Куҷо шуданд он миллиардҳо? Ҳама медонанд (шояд ғайр аз Кабирӣ?). «Хизматона»-и воридкунандагони «озодӣ»-ю «демократия» ба кишварҳои арабӣ гаштанд. Ва ин «хизматпулӣ» солҳои дарозе боз ситонда хоҳад шуд, зеро аллакай тугмачаи қубури нафткаш дар дасти онҳост. Ана ҳамин аст натиҷаи «инқилобҳои мардумӣ»-е, ки Шумо, ҷаноби Кабирӣ, таассуфашонро мехӯред.
Раиси ҲНИТ баҳси назарияи гузашти замони раҳбарӣ ва расидани даврони мудирон ё идоракунандагонро пеш гузошта, фармудааст, ки «Фарқияти раҳбар аз идоракунанда дар он аст, ки раҳбари воқеии исломӣ маҳдуд ба миллат, мазҳаб ва ҷуғрофияи хосе набуда, балки мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо аст».
Намедонам Кабирӣ ин афсонаро дар куҷо хондааст? Куҷо дида бошад чунин раҳбареро? Кадом «раҳбареро мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» медонад? Бо эҳтироме, ки нисбат ба марҳум Хумайнӣ дорам, медонам, ки ҳеҷ гоҳ «роҳбари мутааллиқи ҳамаи мусулмонҳо» набуд. Ҳатто дар худи Эрон. Кабирӣ метавонад (ҳарчанд, ки медонад) аз он миллионҳое пурсад, ки аз хоки Эрон «фирорӣ» гаштанд. Метавонад аз суннимазҳабоне, ки дар ин сарзамин зиндагӣ доранду 9 дарсади аҳолии кишварро ташкил мекунанд, мавқеи иҷтимоиашонро пурсон шавад.  Пас ӯ дар хусуси кадом «раҳбар» ва дар кадом давру замон гуфтанист?
Дар асри 11, Носири Хусрав аз якдигаркушии мусулмонҳо ончунон ба дод омад, ки ба мунозира бо Худованд пардохт:
Худоё рост гӯям фитна аз туст,
Вале аз тарс натвонам ҷаҳидан!
Дар асри 13 Ҳофизи бузургворро тобу тоқати назораи муқовиматҳои мазҳабӣ намонд ва ба хитоб омад, ки:
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чу надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.
Дар асри 15 Абдураҳмони Ҷомӣ бо сангинтарин ҳақоратҳо омилони инсонкушро тавҳин кард: 
Гӯянд, ки Ҷомиё чӣ мазҳаб дорӣ?
Сад шукр, ки харсуннию сагшиъӣ наям.
Ҳамаи ишораҳои болоро дар асри 20 аллома Иқболи Лоҳурӣ ҷамъбаст намуда, ба хулоса омад, ки:
Мусулмон фоқамасту жандапӯш аст,
Зи ҷабраш Ҷабраил андар хурӯш аст.
Биё нақши дигар миллат бирезем,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.
Имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем. Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошанд, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосилаи пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд. Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд. Бо баҳои ҷони хеш. Фақат намедонанд, ки бо ваъдаи пули ғарб мусулмонкушӣ доранд. Барои Ғарб бошад, фарқе надорад. Манфиатҳояш ҳимоя шаванд бас. Намунаи ахирашро ҳафтаи пеш дидем. Интихоботи президентӣ дар Сурия барояш хандаовар асту  дар Украина қобили қабул. Ҳоҷат ба шарҳ нест.
Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтаниам, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурданӣ мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ. Тамом, вассалом.
Агар Муҳиддин Кабирӣ дар симои худаш чунин раҳбареро мебинад, барномаҳояшро пешниҳод созад. Шояд мардумро (ва пайравони тамоми шохаҳои исломро, ки аз ниҳояти ҷаҳлу бесаводӣ ба наздики сад шоха расидаанд) қонеъ карда тавонад ва он гаҳ ману дигарон низ аз пасаш равона хоҳем шуд.
Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо.
Мансури АКБАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2014    №: 119    Мутолиа карданд: 946

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед