logo

ҳуқуқ

НАҚШИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ДАР ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ

Шариф ҚУРБОНЗОДА,
прокурори вилояти Суғд, генерал - майори адлия

Конститутсия вожаи лотинӣ буда, мазмуни он барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан аст. Дар давраҳои ибтидоии ташаккулёбӣ, Конститутсия, инчунин бо истилоҳи «Қонуни асосӣ», «Қонунҳои конститутсионӣ» ва “Хартия” низ истифода мешуд. Он ҳамчун муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ ва институти демократӣ ба фазои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи башарӣ 225 сол муқаддам, яъне соли 1787 дар ИМА ворид гардида, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши аввалиндараҷаро касб кард.
Афкори фалсафию сиёсӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик низ аз мавҷудияти санадҳои консти¬тутсионӣ холӣ нест ва тавре ки дар яке аз суханрониҳои Президенти кишвар зикр шуда буд: «Ҳарчанд илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».
 Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст. Дар замони шӯравӣ Конститутсияи Тоҷикистон 4 маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул шудааст. Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули конститутсияи нав ба миён омад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар асоси изҳори иродаи бевоситаи халқи Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар таҳияи Сарқонун кормандони прокуратура низ фаъолона иштирок кардаанд. Онҳо дар ҳайати аввалин Комиссияи конститутсионӣ (ҷамъ 53 нафар), ки бо қарори Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили Комиссияи тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи (Қонуни Асосӣ) нави Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» таъсис ёфта буд, ҳамчун аъзо ҳамроҳ буданд.
Дар марҳалаи дуюми омодасозии лоиҳаи Конститутсия, ки бо фармони Президент аз 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ дар ҳайати 9 нафар таъсис ёфта буд, роҳбариро нахустин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ба уҳда дошт. Дар марҳалаи сеюми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 26 июни соли 1993 ба қарори пешина дар бораи ташкили Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, ҳайати нави онро тасдиқ кард, ки роҳбари он Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов интихоб гардид. Кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар ҳайати гурӯҳҳои кории марҳалаи ниҳоӣ, ки бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1993 дар ҳайати 14 нафар ташкил шуда буд, фаъолона иштирок намуданд.
Оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мазмуни он Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олӣ ва 30 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи кулли СММ суханронӣ намуда, гуфта буд, ки Конститутсияи нав бояд ба воқеияти имрӯза ҷавобгӯ буда, ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мувофиқ бошад, масъалаҳои ба таъмини ҳуқуҳои инсон дахлдор ба эътибор гирифта, соҳибихтиёрии халқ кафолат дода, гуногунандешии сиёсӣ татбиқ ва риоя гардад, Президенти ҷумҳурӣ бояд дар интихоботи умумӣ ва бевосита интихоб карда шавад.
Раиси Шӯрои Олӣ аз лаҳзаҳои аввали таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ба тамоми унсурҳои ҳокимият, аркони давлатдорӣ, тамомияти арзӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳокимияти халқ, таҳкими мафкураи давлати ҳуқуқбунёд диққати махсус зоҳир намуд, ки дар натиҷа Конститутсия қабул ва заминаҳои рушди давлати муосири Тоҷикистон фароҳам оварда шуданд. Қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб мерафт. Зеро қабули Конститутсияи кишвар ба замоне рост омад, ки дар ҷумҳурӣ раванди музокироти тоҷикон оид ба ҳалли низои дохилӣ, расидан ба ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ давом меёфт.
Конститутсия чун санади маҳдудкунандаи ҳокимияти давлатӣ ва ифодакунандаи иродаи умумии халқ дорои моҳияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, вобаста ба дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҷараёнгирии раванди ҷаҳонишавӣ таҷдид ва такмил меёбад. Аз ин лиҳоз, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Мутобиқ ба тағйиру иловаҳои дар соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфта, муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 7 сол, муҳлати ваколатҳои судяҳо ба 10 сол расонда шуд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён қабул гардид. Дар Сарқонун забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ - Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлати Тоҷикистон, эътибори олии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонунии худро пайдо намуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар асоси он гузариши ҷомеа аз низоми сиёсии якҳизбӣ ба низоми сиёсии нави бисёрҳизбӣ таъмин гардид.
Маврид ба зикр аст, ки фаъолияти прокуратура бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, боби 9-и он пурра ба мақомоти прокуратура ва салоҳияти он бахшида шудааст. Мутобиқи моддаҳои 93-94 Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июли соли 2005 назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст. Мақомоти прокуратура бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият менамояд.
Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии номбурда аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо ва дигар идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдор, ҳимояи манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тафтишоти ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ), ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он, иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо иборат мебошанд.
Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эълони истиқлолияти давлатӣ то имрӯз баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешбурди бомуваффақияти равандҳои сиёсӣ, барқарорсозии сохтори конститутсионӣ, таҳкимбахшии рукнҳои асосии давлатдорӣ, расидан ба субот ва ризоияти миллӣ нақши бағоят муҳим бозидааст. Кормандони мақомот дар баробари иҷрои бевоситаи вазифаҳои асосии худ, ки дар Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, инчунин ба масъалаҳои афзалиятноку мубрами рӯз, аз қабили ҳимояи ҳуқуқи инсон, баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус дар мавриди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо, назорати риояи қонунгузории замин, интизоми бақайдгирии ҷиноятҳо ва ошкорсозии ҷиноятҳои пинҳонмонда, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қонунгузории андоз, мубориза бо коррупсия, ҳифзи муҳити зист ва санитарию эпидемиологӣ, муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм, риоя ва иҷрои кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ доир ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи моликият ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои такмили назорати дахлдори прокурорӣ оид ба таҳкими қонуният тадбирҳои самарабахш андешидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ аст, ки дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҷои баландтаринро ишғол намуда, барои танзими бевоситаи муносибатҳои дохилию хориҷии давлатӣ равона шудааст. Аз ин рӯ, барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ки дар муқаддимаи Сарқонун пешбинӣ гардидааст, ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро зарур аст, ки меъёрҳои он ва қонунҳоро риоя кунанд, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2014    №: 119    Мутолиа карданд: 580

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед