logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ МУҚАДДАСИ МИЛЛАТ

Баҳодур ИСОЕВ,
судяи Суди шаҳри Ваҳдат

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои хеле муҳими рӯз таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб мерафт. Эълони Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ бори аввал дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба масъалаҳои сохтори давлатӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, қабули Конститутсияи нав таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Ибтидои соли 1992 гурӯҳи кории мустақил оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосии кишвар таъсис ёфт. Ин гурӯҳ лоиҳаи Сарқонунро дар тӯли ним сол таҳия намуд ва он барои баррасӣ дар матбуот нашр шуд. Вале, мутаассифона, даргириҳои дохилӣ имкон надоданд, ки ин лоиҳа аз ҷониби мардум баррасӣ ва пазируфта шавад. Ин масъала пас аз барқарор гардидани сохти конститутсионӣ дар кишвар дубора мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо дар назар гирифтани нақш ва мавқеи Конститутсия дар роҳи поягузорӣ ва устувории давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошта буд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман ҳамчун Сардори давлат изҳор мекунам, ки асоси эҷоди ин навъ давлатро Сарқонуни нави ҷумҳурӣ мегузорад».
Таъмини оромиву осудагии мардум, бартараф кардани оқибатҳои ҷанг, расидан ба ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки бо қабули Конститутсияи нав бояд ҳалли мусбати худро меёфтанд. Аз ин рӯ, моҳи июни соли 1993 қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили комиссияи нави конститутсионӣ оид ба омодасозии лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. 20 июни соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияро муқаррар месохт.
Ҳайати Комиссияи конститутсионӣ дар раъси коршиносон ва ҳуқуқдонҳои варзида, бо дар назар гирифтани вазъи мавҷуда, дурнамои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд. Баъди таҳлили амиқ ва баррасии ҳамаҷониба, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Натиҷаи раъйпурсӣ хеле муассир буд ва мардуми шарифи Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллат - санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, изҳор доштанд. Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи таърихии миллатро ба сифати воқеаи бузург маънидод намуда, ёдрас шуданд, ки: «Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда, Президенти ҷумҳуриро интихоб намуд. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
 Хотирнишон месозем, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо ба баҳои баланд сазовор гардидааст. Гузашта аз ин, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Сарқонун ҳамаи дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятиро дар худ таҷассум намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати арзиши олӣ эътироф кард. Бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқ ва озодҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия боби махсус бахшида шудааст. Асоси ин бобро меъёрҳои эътирофшуда ва пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бармеоянд, ташкил медиҳад.
Дар ин росто, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократӣ мебошад, нақши ҳокимияти судӣ назаррас аст. Аз ин рӯ, баробари қабул гардидани Конститутсия ҳокимияти судӣ дар кишвар ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва ислоҳоти судӣ оғоз ёфт. Бояд гуфт, ки бори нахуст эълон намудани муқаррарот дар бораи амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз дастовардҳои сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия аз пайваста ғамхорӣ зоҳир намудан ба ҳокимияти судӣ шаҳодат медиҳад.
Пас аз қабули Конститутсия зарурияти гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад. Бо ин мақсад 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим дароварданд.
Маврид ба зикр аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти судии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Дар гузашта ҳокимияти судӣ дар тобеияти ҳокимияти иҷроия, аниқтараш Вазорати адлия қарор дошт. Баъдан ба мақсади татбиқи нишондодҳои Конститутсия ва таъмини мустақилияти судяҳо бо эҳтимоми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми нави коллегиалӣ - Шӯрои адлия таъсис ёфт.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Ин таъкиди Президенти мамлакат кулли кормандони мақомоти судиро муваззаф месозад, ки зимни иҷрои вазифаи ба зимма доштаашон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуну адолатро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифз намоянд. Муқаррароти Конститутсия ва дигар қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти ҳокимияти судӣ, инчунин тадбирҳои дар барномҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқии бо фармони Президенти мамлакат тасдиқшударо бетаъхир ба иҷро расонанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2014    №: 120    Мутолиа карданд: 673

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед