logo

ҳуқуқ

МУҚОВИМАТ БА ХАТАРҲОИ МУОСИР

Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Хадамоти гумрук, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, олимон ва коршиносони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. 
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро мавзӯи мавриди баҳсро аз зумраи масъалаҳои доғи рӯз ҳисобида, махсус таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва дигар намуди таҳдиду хатарҳои муосир мебошад. Мавсуф бо ироаи далелҳои мушаххас ва муътамад таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба стратегияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия ҷалб намуд. Зикр гардид, ки дар ҷаҳони муосир манбаи таҳдиду хатарҳо на танҳо аз доираи давлатҳои алоҳида, балки иттиҳоди давлатҳо берун рафтааст. Муқобилат бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори фаромиллӣ танҳо бо талошҳои як давлат, ҳарчанд муқтадир бошад, аз имкон берун буда, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Аз ин рӯ, барои гирифтани пеши роҳи ҳар гуна хатар ниҳодҳои марбутаи ҳамаи кишварҳо бояд дар ин самт ҳамкории густурда дошта бошанд ва аз шеваҳои муассири муқовимат кор гиранд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи дар атрофи Афғонистон ташкил кардани «камарбанди амниятӣ» ёдовар шуда, гуфт, ки ин иқдом баъди таҳлили амиқи вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ироа гардид ва дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ кишвари мо, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, дар рӯ ба рӯи ин вабои аср истодааст. Ҳарчанд ин мушкилӣ аз Афғонистон сарчашма мегирад, он на танҳо дарди сари Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳон низ мебошад. Бинобар ин, созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои донор, мамлакатҳои абарқудрат, назири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Чин, Олмон, Британияи Кабир бояд дар ҳалли ин мушкилӣ ба Тоҷикистон ёрӣ расонанд, онро дастгирӣ кунанд.
Зимнан, вазир ба он нукта ишора кард, ки тайи чанд соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии кишвар аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 85 тонна маводи мухаддир, 36 тоннаи онро героин ташкил медиҳад, мусодира намуданд. Дар натиҷаи гузарондани як қатор амалиёти зиддитеррористӣ теъдоди зиёди роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ нобуд ва садҳо аъзои фаъоли онҳо дастгир гардиданд. Танҳо дар як соли охир беш аз 1000 аъзои созмонҳои террористӣ, мисли «Ал-Қоида», «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» дастгир ва муҷозот шуданд.
Салимзода Шерхони Одина, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзӯи «Чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ»-ро таҳлил намуда, изҳор дошт, ки муқобала бо ин зуҳуроти номатлуб аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат эътироф гардида, дар ин самт маҷмӯи тадбирҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилию ҳуқуқӣ андешида шудаанд. Мувофиқи моддаи 8-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ гардидааст. Дар кишвари мо заминаҳои кофии ҳуқуқӣ бобати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва коррупсия фароҳам оварда шудаанд. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ ба асноди асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, инчунин ба конвенсияю созишномаҳои байналмилалии зиддитеррористӣ бипайваст ва ё онҳоро ба имзо расонда, тасдиқ намуд.
Бино ба иттилои Прокурори генералӣ, бо тавсияи гурӯҳи татбиқи тадбирҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии маблағҳо ва ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои террористӣ 10 июни соли 2013 ба Кодекси ҷиноятӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйирот ворид карда шуданд. Барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳо дар бораи мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қабул гардиданд. Ба қарибӣ моро чунин зуҳурот ба ташвиш овард, ки шаҳрвандони кишварамон ба низоъҳои мусаллаҳ ва амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ҷалб шуда, дар онҳо иштирок кардаанд. Аз ин лиҳоз, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда, мувофиқи он ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи 4011 илова гардида, ҷалб ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ҷиноят эътироф гашт.
Ёдрас шуд, ки бо ибтикори Прокуратураи генералӣ, якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо қарори Суди Олӣ ташкилотҳои «Ал-қоида», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон (қаблан Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), Ҳаракати Толибон, Ҷамъияти «Ансоруллоҳ», дар маҷмӯъ 12 ҳаракату ташкилот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эътироф ва фаъолияташон қатъ гардид. Тайи панҷуним соли охир дар ҷумҳурӣ 39 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва 233 ҷинояти хусусияти экстремистидошта ошкор гашта, мувофиқан нисбат ба 183 ва 827 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд. Танҳо дар 5 моҳи соли равон вобаста ба 2 ҷинояти террористӣ ва 50 ҷинояти машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ мувофиқан нисбат ба 8 ва 78 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.
- Бо ташаббуси Президенти кишвар ва фаъолона сурат гирифтани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар солҳои охир аз муассисаҳои таълимии динии шубҳанок ба Ватан 2724 нафар баргардонда шуда, тахминан 150 нафари дигар, аз рӯи маълумоти мо, дар кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Гузашта аз ин, бештари ҷавонони ба фаъолияти террористӣ машғулшуда ва ё дар марказҳои террористии кишварҳои хориҷӣ таълимгирифта эътироф менамоянд, ки онҳо тавассути иттиҳодияҳои динӣ (масҷидҳо) дар синни ноболиғӣ ба ин роҳ рафтаанд. Итминон дорам, ки халқи оқилу доно ва дурандеши мо моҳият, мақсад ва вазифаҳои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро ба хубӣ дарк намуда, ба онҳо ҳаргиз пайваст намешаванд, - тазаккур дод Салимзода Шерхони Одина, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш Ҳусейнҷон Мӯсозода, муовини раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, масъалаи «Терроризм аз Ислом нест!»-ро мавриди таҳлил қарор дода, гуфт, ки «Аслан маънои вожаи экстремизм бо як сухан «моҷаро»-ро ифода мекунад ва экстремизмро ба маънои моҷароҷӯӣ низ ба кор мебаранд. Худои таъоло дар ояти 102-юми сураи «Бақара» фармудааст: «Ал-фитнату ашадду минал-қатли». Яъне Худованд мефармояд, ки гуноҳи фитна андохтан байни марум аз қатлу куштор азимтар аст. Агар бо қатлу куштор ҷони чанд кас аз байн равад, бо як фитна ҷони ҳазорон нафар аз даст меравад. Вақтҳои охир дар бораи экстремизми динӣ, терроризми динӣ сухан бисёр мегӯянду аз таҳаммулпазирӣ камтар. Оё, воқеан, экстремизм ва терроризми динӣ вуҷуд доранд? Ман ҳамчун ходими дин бо ҳисси масъулият мегӯям, ки вуҷуд надоранд, - изҳор дошт Ҳ. Мӯсозода.
Ба таъкиди ӯ, вақте экстремизми динӣ ва ё исломӣ мегӯянд, фақат дини мубини исломро дар назар доранд. Ҳол он ки ин ҷо аслан айби дин нест, балки айби шахсони алоҳида аст. Онҳо аз номи дин сухан мегӯянд ё аз дин суиистифода мекунанд. Дини мубини ислом, мазҳаби ҳанафӣ дини буғзу адоват, кинаву кудурат нест, баръакс дини муборак аст, иззату эҳтироми инсонро дар мадди назари аввал мегузорад. Ҳусейнҷон Мӯсозода андешаҳои худро хулоса карда, гуфт, ки терроризм аз ислом нест!
Маърӯзаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, ки «Омилҳои паҳншавии назария ва амалияи экстремизм ва терроризм: роҳҳо ва воситаҳои мубориза бо он» унвон дошт, дар меҳвари таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиш қарор гирифт. Раиси КДАМ, ки бо забони англисӣ ҳарф зада, суҳбаташро дар охир бо забони русӣ хулоса намуд, асосан перомуни роҳу воситаҳои мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир баёни андеша кард. Ба гуфтаи ӯ, вақтҳои охир ба муқобили Тоҷикистон бозиҳои бисёр бузурги геополитикӣ - идеологӣ рафта истодааст. Таҳти пӯшиши ташкилотҳои ғайридавлатӣ, гоҳо аз шеваҳое кор гирифта мешавад, ки ба манфиати амнияти миллии Тоҷикистон хидмат намекунанд. Тавре дар маърӯза зикр намудам, дар Тоҷикистон баъзе аз хадамоти махсус, намехоҳам мақоми расмиашонро инҷо эълон кунам, бо гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ҳамкорӣ карда, ба онҳо маблағҳои калон медиҳанд. Ана ҳамин хадамот онҳоро вазифадор месозанд, ки, чи хеле метавонанд, алайҳи оромиву суботи кишвари мо ва минтақа кор баранд, амнияти халқамонро халалдор созанд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хитоб ба ин созмону хадамоти махсус гуфт, шумо бояд шарм доред, дар як кишвари хурде, ки тоза ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намудааст, фаъолият дореду ба чунин корҳои бисёр нохуб даст мезанед. Ман аллакай дар ин бора ба онҳо гуфтам. Ҳама медонад, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Ин корҳои нохубро кишварҳои бузург анҷом медиҳанд.
Саймумин Ятимов ба таъкид изҳор дошт: Ҳамеша дар хотир доред, ки дирижёр дар паси оркестр пинҳон мешавад. Бинобар ин, шумо сари худро баланд бардошта, тавре дирижёрӣ кунед, ки ҳама бубинад. Мавсуф, ҳамзамон зикр кард, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон бениҳоят ватандӯстанд. Мо манфиатҳои миллиамонро бояд ҳимоят кунем. Мо муттаҳидем.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бе ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бидуни ҳамкорӣ бо сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолият карда наметавонад. Аз ин рӯ, биёед, ҳама якҷо, хонаи моро дар фазои сулҳу оромӣ бунёд кунем. Барои ҳар тоҷик, ҳар хориҷӣ ва ҳар касе, ки ҷузъи ҷаҳони муосир аст.
Дар конфронс, инчунин Сюзен Эллиот, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Маркус Мюллер, роҳбари Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Милопар Бандишоев, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳим Ғафор, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Хидирзода Махфират Умар, раиси Кумитаи занон ва оила, Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеаи ноҳияи Ҳисор, Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Перспектива-плюс», Саймукаррам Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Владимир Загрибелин, муовини директори генералии ҶДММ «Гурӯҳи амнияти иттилоотӣ» ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба шеваҳои муассири муқобала бо хатарҳои муосир хулоса ва пешниҳодҳояшонро ироа доштанд.
Иштирокдорони ҳамоиш дар ҷараёни таҳлил ва баррасии масъалаи мавриди баҳс ба хулоса омаданд, ки танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва саъю талоши мудовими ҷомеаи ҷаҳонӣ метавон пеши роҳи таҳдидҳо ва хатарҳоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ гирифт. Ба назари Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ, дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия силоҳи аз ҳама пурқувват - дӯстӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва меҳандӯстиро бояд ба кор андохт. Вақте ки миллат ба ин ё он мушкилӣ мувоҷеҳ мегардад, ҷамъият бояд муттаҳид ва неруманд бошад. Ҳадафи асосии мо ҳам ҳамин буд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2014    №: 120    Мутолиа карданд: 961

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед