logo

порлумон

ДАР МУҲОКИМА - ТАЪМИНИ НАФАҚА

Дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ муҳокимаи парламентӣ  “Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Хайринисо Юсуфӣ, раиси кумитаи мазкур, роҷеъ ба ин масъала иброз дошт, ки дар Стратегияи миллии рушд таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ маҷмӯи чорабиниҳое муайян шудаанд, ки барои таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Татбиқи ин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз қабили бекорӣ, болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ, беқурбшавии даромадҳо ва дигар ҳолатҳои буҳронӣ, ки ба сатҳи  зиндагии аҳолӣ  таъсири манфӣ мерасонанд,  ҳалли худро пайдо намоянд.
Мақсад ва вазифаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи беҳзистии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ба ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудаанд, ки бояд дар оянда барои шаҳрвандони кишвар зиндагии шоиста ва ёриҳои иҷтимоии сифатнокро фароҳам оранд. Бо дарназардошти расидан ба ин ҳадафҳо дар Стратегияи амалиёт барои солҳои 2013-2015 дар навбати аввал  масъалаҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятнок ва мубрами рӯз, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа ва ёриҳои унвонии иҷтимоӣ муайян шудаанд.
Мавсуф зикр кард, ки таъминоти нафақаи шаҳрвандон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо тағйиру иловаҳо аз 03. 07. 2012, № 853) ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» (бо тағйиру иловаҳо аз 28. 12. 2012, № 909) амалӣ карда мешавад. Қонунҳои мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоӣ кафолат дода, инчунин асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва манбаъҳои маблағгузории онҳоро муайян мекунад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаҳои меҳнатӣ ва нафақаҳои иҷтимоӣ муқаррар карда шуда, нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи сину сол, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон, хизмати дарозмуддат ва нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсоне, ки қобилияти меҳнатӣ надоранд то 1 январи соли 2017 таъмин карда мешаванд. Аммо аз 1 январи соли 2013 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъминоти нафақа аз рӯи низоми ягона ба таъминоти нафақаи суғуртавӣ ва таъминоти нафақаи давлатӣ ҷудо шуда, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон, нафақаҳои давлатӣ, иҷтимоӣ ва нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин ва пардохт карда мешавад.
Мутаассифона, на ҳама вақт иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ ба назар мерасад. Соли 2013 аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мақомоти андоз дар 9 шаҳру ноҳия нақшаи воридоти андози иҷтимоиро таъмин накардаанд, ки маблағи умумии вориднагардида ба буҷети агентӣ 12,1 миллион сомониро ташкил менамояд.
Хайринисо Юсуфӣ зикр кард, ки дар ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ беаҳамиятӣ зоҳир мегардад. Ягона сарчашмаи маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ андози иҷтимоӣ мебошад, вале аз ҷониби мақомоти андоз на ҳама вақт андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми нақшабандишуда ҷамъоварӣ мегардад, ки оқибат ба норасоии маблағ ва таъхири таъмини пардохтҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Беҳтар мебуд, агар ин намуди пардохт, ки саҳмгузории ҳар як фард барои таъминоти иҷтимоии минбаъдаи худи ӯ буда, хусусияти бозгаштро дорад, на ҳамчун андоз, балки саҳми суғуртаи иҷтимоӣ номгузорӣ гардад.
Сафаралӣ Наҷмуддинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба камбудию проблемаҳои ҷойдошта иброз дошт, ки нақшаи даромади буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2013 таъмин нашуд ва дар панҷ моҳи соли 2014 танҳо 86,5 фоиз, аз ҷумла ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 95 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 98,8 фоиз таъмин гардид. Ҳоло ҳам андози иҷтимоӣ аз ҷониби андозсупорандагон асосан дар охири моҳ пардохта мешавад, ки ин ба маблағгузории нафақа ва ёрипулиҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Назар ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмуддинов, агентӣ то имрӯз дар ҳамкорӣ бо «Амонатбонк» дар 26 шаҳру ноҳия пардохти нафақаро тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст ва то охири соли 2014 боз пардохти нафақаи сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Файзобод, Айнӣ, Фархор, Шуғнон, Муъминобод, Рӯдакӣ, Ховалинг ва Варзоб тавассути кортҳои бонкӣ амалӣ мегардад.
Мавсуф зикр кард, ки айни ҳол теъдоди банкоматҳо хеле кам буда, дар хидматрасонии онҳо камбудиҳо ҷой доранд.
Дар ҷаласа Файзалӣ Зарифов, сараудити Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ, Нурмаҳмадзода Ҷамшед, раиси Бонки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Пӯлодҷон Юсуфов, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ карданд.
Сипас тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ба назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳо қабул карда шуд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2014    №: 121    Мутолиа карданд: 739

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед