logo

ҳуқуқ

ВАХДАТ - САМАРИ ТАЛОШХО

Фирӯза БОБОЕВА,
судяи суди вилояти Суғд


Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои  минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Яке аз чунин санаҳои муҳиму тақдирсоз дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 июни соли 1997 аст. Дар ин рӯз дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро эътироф кардааст.
Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоему мушкилоти гаронеро паси сар кунем. Он рӯзи сарнавиштсоз барҳақ аз лавҳи хотир зудуда намегардад. Ба шарофати он давлати мо дубора эҳё шуда, миллати мо барои худшиносӣ ва ягонагии хеш азми рустамонае кард.
Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо, истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонду нури умед ба  осоиштагиву ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфт. Мардум ба фардои дурахшони рӯзгорашону шукуфоии диёрашон эътимоди комил пайдо карданд. Хурду калон дасту остин барзадаву бо дили гарм, самимона ба он қудрату тавоноии хеш роҳи созандагиву ободкориро пеш гирифтанд.
Аҳамияти умумимиллии ба имзо расидани созишномаи сулҳ дар таърихи тоҷикон мавқеи хосаро соҳиб аст. Таҷрибаи музокироти байни тоҷикон нишон дод, ки ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо роҳи осоишта низ расидан мумкин аст. Боиси ифтихормандист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ба ватан баргардондани гурезаҳо, ба меҳнати осоишта фаро гирифтани шаҳрвандон, иштирокчиёни набардҳои дохилӣ аз тарафи давлатҳои алоҳида ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт ва он ҳалли муноқишот дар минтақаҳои дигари даргири ҷаҳон истифода мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ин тавр гуфтаанд:
«Чунин таҷрибаи дар як фосилаи кӯтоҳ ва бо роҳи маслиҳатомез ҳал намудани ҷанги шаҳрвандон дар ягон кишвари дунё то ҳол ба назар нарасида буд. Мо аз ин беандоза фахр мекунем, ба халқи хеш таҳният мегӯем, вале дар айни замон бояд як чизро фаромӯш накунем. Сулҳ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзи пойдории он вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Маҳз бо роҳи осону кӯтоҳтарини ба Ваҳдат, сулҳу суботи бебозгашт расиданамон буд, ки имрӯз на танҳо рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқиву волоияти қонунро дар дохили кишвар молик ҳастем, балки моро дар арсаи байналхалқӣ мешиносанд, ташаббус, дархосту манфиатҳоямонро ба инобат мегиранд, Тоҷикистонро чун сарзамини сулҳу осоиштагӣ,  тоҷикистониёнро чун мардуми сулҳофарин ва Президенти муҳтарами моро ҳамчун ҳомии воқеии сулҳ дар саросари ҷаҳон мешиносанд ва таҷрибаамонро меомӯзанд.
Ҷои шак нест, ки дастовардҳои мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва зиндагӣ дар фазои сулҳу субот назаргиранд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ моро ба он муваффақ гардонд, ки Тоҷикистонро ба воситаи гузарондани вохӯриҳо, анҷуману конфронсҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҷаҳониён шинос намоем.
Бояд гуфт, ки баробари дар Тоҷикистон баррасӣ шудани масъалаҳои мубрами байналмилалӣ мо онҳоро бо дастовардҳои дар роҳи ободониву бунёдкорӣ, тинҷиву осоиштагӣ ноил гаштаамон шинос намудем. Маҳз ваҳдати мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд, ки дар манотиқи гуногун иншооте чун НБО - и «Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2», роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанак, Қасри Миллат, бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ва даҳҳову садҳо, биноҳои зебои маъмуриву истеҳсолӣ, ки обрӯву нуфузи миллату кишваранд, мавриди истифода қарор гиранд.
Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт, ободониву бунёдкорӣ назаргир ва боиси таваҷҷуҳи  мамолики хориҷӣ гардид. Доири рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосил, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадами устувор ба пеш гузошта шудаанд. Ҷумҳурӣ зина ба зина ба марраи  итстиқлолияти энергетикӣ наздик мешавад ва он рӯз дур нест, ки ба кишвари истеҳсолкунандаи неруи барқи арзон табдил меёбад.
Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Ҳукумати кишвар 27-уми июнро Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон кард ва он ҳар сол дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз моҳи апрели соли 1996 бо мақсади таъмини ҳамкории доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ баҳри ба даст овардани таносуб, тавозуни манфиатҳо ва ақидаҳо созмон дода шуда буд ва Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим - шоҳроҳи Ваҳдат», Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президент дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ - солҳои 1999, 2000, 2002, 2006 Корвони сулҳу Ваҳдат гузаронда шуд.
Ваҳдати миллӣ боис гардид, ки риояи қонунияту тартибот, волоияти қонун ҳамчун асоси давлати демокративу ҳуқуқбунёд пояи устувори худро ёбад. Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро  дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро  вазифаи худ қарор дода, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро  қабул кардааст, ки мо имсол ҷашни 20 - солагии  онро тантана хоҳем кард.
То кадом дараҷа муҳим будани Ваҳдати миллиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқан эҳсос намуда, гуфтаанд:
«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт дар як сол як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Ин ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо дигар намегузорем, ки теша ба решаи он расад».
Ваҳдати миллӣ арзиши волое аст, ки ба мо сулҳу осоиштагии абадӣ ато кард ва давлати моро пойдору устувор гардонд. Аз ин хотир, вазифаи муқаддаси ҳар яки мо он аст, ки пояҳои давлатдории миллии худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат ва наслҳои оянда таҳкурсии боэътимод гузорем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.06.2014    №: 122-123    Мутолиа карданд: 792

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед