logo

ҳуқуқ

РАВШАНГАРИ РОҲИ ҲАЁТ

Карим КАРИМОВ,
судя-котиби Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,номзади илмҳои сиёсӣ


Дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки онҳо дар таърих ва сарнавишти ин халқу миллатҳо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мояи ифтихор, сарбаландӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, сарчашма ва заминаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбанд.

27 июн аз зумраи чунин санаҳои таърихӣ ва дар навбати худ идҳои давлатӣ ва миллии халқи тоҷик аст, ки он ба таърихи навини давлатдории мо, яъне замони соҳибистиқлолӣ мансуб буда, ба лексиони сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон соли 1997 баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ворид гардидааст.
Имрӯзҳо, ки мо дар рӯ ба рӯи ҷашнгирии рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ назар карда, ба андешаи он меравам, ки чаро мо чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷойи баромадан ба шоҳроҳи бузурги дигаргуниҳои азими даврони аввали соҳибистиқлолӣ даст ба гиребони ҳам гирифта, ба ҷанги шаҳрвандӣ даст задем. Ба истиқлолияти миллӣ, ки онро фарзандони барӯманди халқамон тайи ҳазорсолаҳо ба даст оварданашро орзу доштанд, беэътиноӣ намудем. Шукри бе ҷангу муборизаи хунин ба даст омадани онро накардем, аз аспи ҷаҳолат нафаромадем ва ба хотири мансабу курсӣ дар як муддати кӯтоҳ хуни зиёда аз 150 ҳазор ҳамватани худро рехтем. Аз ҳама хавфнокаш, ояндаи давлату миллат ва якпорчагии мамлакатро зери хавфу хатари ҷиддӣ гузоштем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани мамлакат, як қатор омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ мавҷуд буданд, ки онҳо ба оғоз гардидан ва шиддат гирифтани муноқишаҳои дохилӣ бевосита мусоидат намудаанд.
Аввалан, на ҳамаи ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмону ҳаракатҳои зиёди таъсисгаштаи мардумӣ тавонистанд ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ дуруст сарфаҳм раванд. Набудани таҷриба ва фарҳанги одитарини муборизаи ҳизбиву сиёсӣ, нафаҳмидан ва баҳо дода натавонистан ба вазъияти ҷории баамаломада, амалан ҳизбҳои сиёсии дар заминаи (платформаи) демократӣ бударо аз омма ва тарафдорони онҳо дур кард. Онҳо оммаро ба ҷойи ба корҳои давлату давлатсозӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ эълондоштаи Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудан, ба майдонҳо ва мухолифати байни ҳамдигарӣ тела дода, ба фазои нобоварии байни ҳамдигарӣ замина гузоштанд.
Баъдан, набудан ё ташаккул наёфтани элитаи сиёсии миллӣ, ки манфиатҳои миллӣ ё манфиатҳои қисмати зиёди мардуми Тоҷикистонро фаро гирифта тавонад ё сохтори ҳокимияти давлатиро ташкил дода, барои вазифаҳои марҳалаи аввали истиқлолият сафарбар намояд, ба саросар итоат накардан ба ҳокимият, беҳокимиятӣ ва вусъат гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат намуд.
Дар ин замина як қатор созмонҳои мардумии ба маҳалҳо асосёфта ба сулҳу ваҳдат натавонистанд мусоидат намуда, садди роҳи муноқиша гарданд ва чуноне ки соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд: «Созмонҳои гуногуни маҳаллӣ бо номи «Лаъли Бадахшон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон», «Ҳисори Шодмон», «Истаравшан», «Зарафшон» ва ғайра арзи вуҷуд карданд, ки сарфи назар аз ниятҳои худ ба якпорчагии Ватани азизамон мусоидат намекарданд».
Ба ин муқовимати сиёсию ҳарбӣ дар мамлакат рушди инкишофи нобаробари минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, сатҳи пасти маърифати сиёсию фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони мамлакат низ бетаъсир нест. Дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қувваҳои иртиҷоии беруна низ даст доштанд, ки ин андеша ба тадқиқоти мушаххас ниёз дорад.
Дар ҳамин замина ва шароити таърихӣ ғояи ваҳдати миллӣ ва расидан ба ваҳдати саросарӣ дар кишвар ба миён омад, ки дар саромади он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ӯ гуфта буд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ҳамчун сардори давлат моҳи ноябри соли 1992 дар ҷараёни иҷлосияи таърихии парлумони мамлакат изҳор карда будам, ки созгории миллӣ роҳи ягонаи тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аст ва танҳо сулҳ ғояи умумимиллӣ мегардад, ки халқи моро муттаҳид сохта метавонад».
Бо андешаи сулҳу ваҳдат ва фардои шукуфони миллат, 5 апрели соли 1994 таҳти васояти Созмони Миллали Муттаҳид музокироти тоҷикон оғоз ёфт, ки он 1171 рӯз давом кард ва чуноне ки Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд: «То рӯзи ба имзо расонидани Созишнома дар давоми ҳашт музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол идома ёфтанд, эҳсосоти хусумат, шубҳа ва ноумедӣ тадриҷан аз байн рафта, ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият меёфт».
Гуфтушунидҳо ва музокирот идома ёфта, шубҳа ва ноумедӣ аз байн мерафт, ҷойи онҳоро масъулият дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда, якпорчагии давлат ва пешгирии давлат аз фаношавӣ мегирифт. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, аз тариқи сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҷанги шаҳрвандии зиёда аз 6 сол дар мамлакат тӯлкашида хотима гузошта шуд.
Сулҳу ваҳдат на танҳо барои халқи Тоҷикистон, балки барои тамоми давлат ва халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калони таърихӣ дошт. «Агар муноқиша дар Тоҷикистон қатъ намегардид, сӯхтори ҷанги Афғонистон мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва халқҳоеро, ки боз ҳам дуртар, дар самти шимол зиндагӣ мекунанд, садҳо ва ҳазорон маротиба бештар фаро гирифта метавонист», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Санаи 27 июни соли 1997 имрӯз ва ҳазорсолаҳои дигар низ барои мо азизтарин санаи таърихӣ ва ҷашни миллии мо маҳсуб хоҳад ёфт. Зеро вақт собит намуд, ки сулҳу ваҳдат дар ченаки вазъ ва суботи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ва давлат дар сари хат қарор дошта, он асоси пешравӣ, фаъолияи созандаву бунёдкорона, эҷодкорӣ, навоварӣ, нишон додани симои миллату чеҳраи миллӣ ва боло рафтани обрӯю эътибори байналмилалии давлат мебошад. Аз ин рӯ, мо ба хотири ояндаи дурахшони давлат ва миллати худ, гулгулшукуфии ватан ва рӯи сурху сари баланди ҳар як фарди тоҷик бояд ба заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди миллатамон дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ арҷгузорӣ намоем, ба ваҳдат сидқан бовар дошта бошем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.06.2014    №: 122-123    Мутолиа карданд: 662

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед