logo

маориф

СОҲИБМАКТАБ

Бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти беш аз 45 - солаи Фозил Тоҳиров, олими бунёдгузор ва соҳибмактаб, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва бунёдгузори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо ҳамоиш баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки Фозил Тоҳиров  48 соли ҳаёти худро сарфи илм, бахусус масъалаҳои ҳуқуқ, ҷамъиятшиносӣ ва қонун намудааст. Соли 1961 баъди адои хидмати аскарӣ дар сафи артиши шӯравӣ ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда,  онро бо дипломи сурх хатм мекунад. Фаъолияти меҳнатиро аз вазифаи мудири кабинети криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур оғоз намуда, сипас ба аспирантура дохил мешавад. Соли 1971 дар мавзӯи «Мақомоти олии ҳокимияти давлатии ҶМШС Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ва баъди 17 сол дар Донишгоҳи давлатии Москва дар мавзӯи «Инкишофи ҳуқуқи советӣ дар Тоҷикистон» рисолаи докториро ҳимоя мекунад.
Устод аз нахустин ректорони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1990 бевосита аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузида шудааст. Бо вуҷуди рост омадани ректории устод ба замони касби истиқлолияти давлатӣ аз ӯ ҳамчун шахси донишманду ташкилотчии хуб анҷоми корҳои зиёде дар мавриди муаррифии донишгоҳ тақозо карда мешуд. Ӯ барои баланд бардоштани обрӯву эътибори Донишгоҳи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ хизматҳои шоёне кардааст. Яке аз муассисони Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё гардидани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон натиҷаи заҳматҳои ӯ буд. Соли 1993 бошад, донишгоҳ ба узвияти Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ пазируфта шуд. Дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва такмили низоми қонунгузории кишвар низ саҳми бориз гузоштааст. Ҳамчун аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, ҳамчун олими ҳуқуқшинос дар ташаккули меъёрҳои Қонуни асосии кишвар, бо назардошти таърихи давлатдории тоҷикон ва таҷрибаи ҷаҳонӣ нақши муассир  бозидааст. Ҳуқуқшиносони кишвар хизматҳои ан-ҷомдодаи устодро дар самти корҳои бунёдии илмӣ - таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, ташкил ва роҳбарӣ ба ниҳоду сохторҳои илмӣ ва гузашта аз ин, муаррифии илми ҳуқуқ дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мекунанд. 
Дар натиҷаи талош ва кӯшишҳои Фозил Тоҳиров соли 1994 дар назди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон нахустин бор Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои илмӣ таъсис дода шуд. Роҳбарии шӯрои навтаъсис ҳам ба уҳдаи ӯ буд. Яке аз дигар хизматҳои ин чеҳраи илмӣ ва ҷамъиятӣ дар он ифода меёбад, ки бо мақсади такмил додан ва амалӣ сохтани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияи корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ дар соҳаи давлат ва ҳуқуқ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ бо ташаббус ва кӯшиши зиёдаш, соли 2006 дар заминаи шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Инсититути фалсафа ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Институти давлат ва ҳуқуқи назди Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд,  ки то замони таҷдиди назар шудан онро роҳбарӣ мекард.
Яке аз дигар хизматҳои таърихии устод он аст, ки соли 2013 ба таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Ӯ солҳои 1995 - 2000 – ум дар вазифаи саркотиби илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ,  солҳои 2000-2005 дар вазифаи академик - котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии академия фаъолият намудааст. Зарфи беш аз 40 соли фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ беш аз 320 мақола, китобҳои илмӣ ва илмӣ - оммавӣ, дастурҳои илмӣ - таълимӣ таълиф намудааст.
Дар китоби таълимии Фозил То-ҳиров «Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон», ки дар заминаи маводи солҳои 1917-1929 навишта шудааст, хусусиятҳои хос, омилҳои асосии пайдоиш ва ташаккули ҳокимияти шӯравӣ, заминаҳои тағйироти давлатӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Халқии Бухоро, сохтор, тартибот, вазифаҳо ва вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатӣ  ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардидааст. Заҳматҳои дар роҳи илм кашидааш бо медали «Барои меҳнати шоён», унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон»,  медали ҷашнии 10 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва даҳҳо  ифтихорнома қадр шудааст. 
Мактаби илмии академик Фозил Тоҳировро чи дар ҷумҳурӣ ва чи берун аз он эътироф кардаанд. Замони ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буданаш чандин олимони варзидаи кишварҳои хориҷӣ, мисли Манфред Лоренс - Олмон, Ричард Фрайд – дар таҳқиқоти забон ва таърихи тоҷикон саҳм гузоштаанд, Ҳасан Донӣ - таърихшиноси покистонӣ, Бурҳониддини  Раббонӣ - собиқ Раисҷумҳури Афғо-нистон ба ҳайси доктори фахрӣ  пазируфта шуда буданд.
Ҳоло ҳам устод Фозил Тоҳиров дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолият дорад ва дар тарбияи кадрҳои соҳаи ҳуқуқ ва ҷомеашиносии кишвар бори илм мекашад.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2014    №: 125    Мутолиа карданд: 932

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед