logo

ҳукумат

НИГАРОНӢ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ОЗУҚА

30 июни соли соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2014 тасдиқ гардид.
Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 маъқул дониста шуд. Тибқи ин санад, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 52,8 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,2% пешбинӣ шудааст. Дар солҳои 2016, 2017 бошад, ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба андозаи 60 миллиард ва 68,4 миллиард сомонӣ ва афзоиши 7,2% ва 7,4% дар назар аст.
Барои муқоиса зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли равон ба андозаи 46,3 миллиард сомонӣ бо суръати афзунии 7,1% пешбинӣ гардидааст.
Сатҳи таваррум барои соли 2015 7,5% ва қурби миёнасолии асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 5 сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Қурби асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ дар солҳои 2016 ва 2017 мутаносибан ба андозаи 5,05 ва 5,10 сомонӣ дар назар аст.
Вазорати молияи кишвар вазифадор гардид, ки ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ барои ин солҳо нишондодҳои дурнамои мазкурро ба инобат бигирад.
Сипас, ҳисоботи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016 шунида шуд. Тавре зикр гардид, барномаи мазкур дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо варзишгарони кишвар, ки 20 декабри соли 2010 баргузор шуда буд, таҳия, қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Дар давраи татбиқи барнома дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ ва 100 майдони гуногуни футбол бунёд шуда, таваҷҷуҳ ба ин бахши муҳими варзиш афзун гардид. Дар 103 мактаби варзишии кишвар 603 гурӯҳи футбол созмон дода шудааст, ки ба онҳо 5756 футболбоз ва 261 мураббӣ шомил мебошанд. Фаъолияти 5 мактаби махсуси футбол ва Академияи футбол низ назаррас арзёбӣ гардид.
Ҳоло Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии ФИФА миёни 208 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 113 қарор дорад, ки ин нисбат ба соли 2011 41 зина боло мебошад. Дар миёни кишварҳои Осиё бошад, Тоҷикистон дар ҷойи 19 қарор дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои таъмини оммавияти ҳамаи бахшҳои варзишу тарбияи ҷисмонӣ, хусусан рушди футбол дар ҷумҳурӣ аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда васеъ истифода бояд кард.
Зимни муҳокимаи лоиҳаи Барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020 Президенти кишвар ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, доир ба таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ин фанҳо ва ҳамчунин баланд бардоштани сифати таълим ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Дастур дода шуд, ки лоиҳаи бунёди як бинои иловагии таълимӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад.
Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои солҳои 2014-2017, Қоидаҳои гузарондани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯйи шароити меҳнат ва Қоидаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назораткунандаи гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи  принсипи “Истгоҳи ягона” тасдиқ гардид.
Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат аз болобарии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ намуда, барои муайян кардани сабабҳои асосии ин раванд ва бартарафсозии ҳолати номатлуб ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки дар моҳи шарифи Рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд, на гарон.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2014    №: 125    Мутолиа карданд: 4448

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед