logo

ҳуқуқ

ИҚТИСОДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ЧИСТ?

Робитаи Конститутсия бо иқтисодиёт, мақсаду вазифаҳои иқтисоди конститутсионӣ, нақши моликият дар иқтисодиёт ва алоқамандии он ба соҳибкорӣ дар Сарқонун маҷмӯи масъалаҳоеанд, ки дар ин суҳбати хабарнигорамон Неъматулло Худойбахш бо доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов мавриди пурсишу посух қарор гирифтанд.

- Муҳтарам Мирсаидов, мехостем донем, ки чӣ робитае миёни Конститутсия ва иқтисод ҷой дорад?
- Охири қарни бистум дар Ғарб ҷараёни нави илмӣ ва амалӣ бо унвони иқтисоди конститутсионӣ, ки ҳамзамон самти нав дар назарияи умуми давлат мебошад, рӯи майдон омада буд. Ин раванди илмӣ, яъне иқтисоди конститутсионӣ, дар такя ба пажӯҳишҳои байнифаннӣ, мушаххасан дар алоқамандӣ миёни илмҳои иқтисодӣ, конститутсионализм ва ҳуқуқ пайдо шуда, таъсири мутақобилаи омилҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро дар мавриди қабули қарорҳои давлатӣ, таҳияи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва танзими онҳо мавриди шарҳу таҳлил қарор медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми «иқтисоди конститутсионӣ» - ро соли 1982 иқтисодчии амрикоӣ Ричард Маккинзи дар конфронси Вашингтон, ки ба масъалаи таъсири муаммоҳои иқтисодӣ ба инкишоф ва ҳолати таркиби конститутсионии давлат ва ҷомеа бахшида шуда буд, пешниҳод намудааст. Ин мафҳумро ҷомеаи илмии Ғарб зуд қабул кард ва он пажӯҳишҳои қаблии парокандаро, ки дар ин ҷода вуҷуд дошт, ҷамъбаст намуд. Пешниҳоди иқтисодчиён доир ба таҳлили конститусионӣ-иқтисодӣ нахуст аз тарафи ҳуқуқшиносони назариявӣ ва амалӣ дастгирӣ ёфта буд. Дар замони муосир дар доираи илмии кишварҳои Ғарб иқтисодиёти конститутсионӣ чун зерфан (субфан) дар доираи илми иқтисодиёт қарор гирифта, масъалаҳои умдаи он мунтазам дар нашрияҳои даврии Ғарб муҳокима мешаванд. Масалан, маҷаллаи илмии «Иқтисодиёти сиёсии конститутсионӣ» («Constitutional Political Economy»), ки аз соли 1990 маҷаллаи академикӣ гардида, пайваста мақолаҳои мухталифро доир ба мавзӯъҳои иқтисодиёти конститутсионӣ ба нашр мерасонад. Дар Русия иқтисодиёти конститутсионӣ аз соли 2000-ум дар доираи маҷмӯи пажӯҳиши иқтисодчиён ва ҳуқуқшиносон ташаккул ёфта, дар раванди таълими фанҳои иқтисодиёт ва ҳуқуқ истифода шуда истодааст. Масълаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар нашрияҳои ба иқтисодиёти конститутсионӣ, ҳуқуқ ва иқтисодиёт, қонунгузорӣ ва иқтисод ихтисосёфта чун зерфасли алоҳида ҷой доранд.


- Ҳадаф ва вазифаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ аз чӣ иборатанд?
- Иқтисодиёти конститутсионӣ дарки зарурати ҳалли муаммоҳои танзими давлатиро, ки на танҳо аз ҳадафҳои иқтисодӣ, балки аз воқеияти таркиби конститутсионии давлат бармеояд, тақозо менамояд. Пас, дар низоми пажӯҳиши ин фан раванди амалигардии ҳуқуқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Сарқонун кафолат дода шудааст, муаммоҳои мутобиқ ва муносибатҳои тарафайни татбиқи Конститутсия бо таркиб ва фаъолияти иқтисодиёт ҷой гирифтааст. Дар роҳи ҳалли ин муаммоҳо нақшу манзалати давлат меафзояд. Давлат ниҳоди беназири ташкили ҳокимияти сиёсист, ки тамоми ҷанбаҳои ҷомеаро идора менамояд. Тавре маъмул аст, мазмуни ҳокимияти дилхоҳ, пеш аз ҳама, идоракунист. Пас, ҳокимияти давлатӣ низ идоракунӣ мебошад. Аммо ин шакли махсуси идоракунист, ки давлат дар он на танҳо имконияти фарохи ташкилӣ дорад, балки ҳуқуқи татбиқи фишангҳои маҷбуркунӣ барои иҷрои қоидаҳои расмиро низ дорост. Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон дар ҳаёти ҷомеа равандҳои объективии тағйироти сифатӣ сурат гирифта, вобаста ба он мазмуни давлат низ дар ҳоли дигаргунӣ ва такмилёбист. Дар миёни ин тамоилҳо тағйироти прогрессивӣ ва ё пешрав тадриҷан афзалият пайдо мекунад. Давлат бештар ба неруи ташкилдиҳандаи ҷомеа табдил ёфта, манфиати ҷомеа ва аъзои онро, ки дар Сарқонун дарҷ шудааст, ифодаву ҳифз менамояд.

- Нақши моликият дар иқтисодиётро, ки Шумо омили бунёдӣ номидед, чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?
- Дар моддаи 12-и Сарқонуни мамлакат зикр шудааст, ки “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медихад”. Механизми иҷтимоӣ ва иқтисодии татбиқи ин моддаи муҳими Сарқонунро шарҳ медиҳем. Ташаккул ва инкишофи шаклҳои мухталифи моликият, бахусус моликияти хусусӣ, маҳсули густаришу такмили ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Шаклгирии иқтисодиёти омехта, ҳамзистӣ ва рушди баробари моликияти давлатӣ, саҳомӣ, гурӯҳӣ, кооперативӣ, фермерӣ, инфиродӣ ва ғайра ба мазмуни моликияти хусусӣ ва инфиродӣ хусусиятҳои сифатан нав бахшидааст. Метавон гуфт, ки раванди гузариши моликияти аққалият ба моликияти аксарият сурат гирифта, дар натиҷаи дигаргуншавии эволютсионӣ муносибатҳои моликият, моҳияти иқтисодиву иҷтимоии давлат, ҳадаф ва вазифаҳои он низ сифатан тағйир ёфта истодаанд. Ҳадаф аз фароҳамоварии шароити ниҳодӣ-ҳуқуқӣ дар ҳамзистии баробари шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ рушди соҳибкорӣ ва рақобати солим дар иқтисодиёт мебошад. Соҳибкорӣ на танҳо дар маънии маҳдуд чун фаъолияти иқтисодии махсус, ки дар асоси сармояи хавфнок бо мақсади бардоштани фоида равона шудааст, балки он вуҷуди иҷтимоист ва ба туфайли сифати шахсияти соҳибкор ва дар натиҷаи бавуқӯъоии самараи синергетикии (мусоидатии) он инкишофи сифатии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа сурат мегирад. Ҳамин тавр, амалигардонии вазифаҳои иқтисодии дорои аҳамияти иҷтимоидошта низ ба нақши соҳибкор марбут аст. Эътирофи табиати иҷтимоии соҳибкорӣ имконият медиҳад, ки инкишофи онро дар ҷумҳурӣ чун муъҷизаи мусбат, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рӯи кор меояд, арзёбӣ намоем. Дар решаҳои таърихии мардуми мо (муъҷизаҳои тарзи осиёии истеҳсолот) пеш аз ҳама рӯҳияи коллективизм, ҷомеапарастӣ нуҳуфта аст. Ниёгони мо аз амалигардонии неруву имконияти худ, ки барои ҷомеа нафъ меовард, фараҳ мегирифтанд, қонеъ мегаштанд ва ин корро муқаддас мепиндоштанд. Фаъолияти онҳо пеш аз ҳама на барои дарёфти арзишҳои моддӣ, балки барои қонеъ гардондани талаботи маънавӣ ва ахлоқӣ равона шуда буд. Аз ин лиҳоз, соҳибкор, шахсият ва нақши беназири он дар ҷомеа чун типи иҷтимоӣ бузург аст. Бинобар он, олими бузурги рус Н. Кондратев нақши муҳими созандаи соҳибкорро дар доираи соҳибкории хурду миёна таъкид намудааст. Зеро маҳз ин ҷо вазифаи соҳибмулку соҳибкор ва табиати он чун муҳаррики тавонои инкишофи иқтисодиёту ҷомеа рӯи майдон меояд. Дар соҳибкории хурд типи рафтори ташаббускорӣ ва инноватсионӣ (навгонӣ) мушоҳида мешавад, зеро дар он озодии фаъолият ва интихоб, ки нахуст омили инкишофи инсон ҳам мебошад, ҷой дорад.
 Дар асри худ яке аз поягузорони илми иқтисодии классикӣ А. Смит оид ба таъмини озодии фардии ҳар як инсон дар доираи фаъолияти хоҷагидорӣ, ки механизми “дасти ноаён” ва рақобат ба танзим меорад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда буд. Вай таъкид кардааст, ки дар соҳаи иқтисод, агар инсон дорои интихоби озод бошад, пас вай роҳи манфиатоварро пайгирӣ менамояд: амалу фаъолияти вай аз манфиати шахсиаш баромада, ҳамзамон бо манфиати воқеии ҷомеа тавъам мегардад. Бинобар он, дар давлати муосир моликияти хусусӣ ба ниҳоди ҷамъиятӣ табдил меёбад ва ба низоми иқтисодии ҷомеа чун ҷузъи органикӣ пайваст гашта, заминаҳои моддиву маънавии онро таъмин месозад. Ҳамин аст, ки дар моддаи 32 - и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: ”Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад. Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад”.

 - Равобити моликият ва соҳибкорӣ дар Конститутсия ва фаъолияти иқтисодӣ чӣ гуна аст?
- Чи тавре дар боло ишора шуд, соҳибкории хурд дорои ташббускорӣ ва рафтори инноватсионии хос мебошад. Дар он рӯҳияи эҷодкорӣ ва фаъолияти мутобиқгардиву гурӯҳи одамони ҳамақида, ки ба таҳияву татбиқи равандҳои инноватсионӣ равона шудаанд, нуҳуфта аст. Олими австовенгерӣ И. Шумпетер чунин хислатҳои сифатии хоси соҳибкоронро ба таври махсус зикр карда, гуфта буд: Якум, кору фаъолияти соҳибкорӣ аксаран ба маънои ҳаётии он табдил меёбад. Дар раванди расидан ба ҳадафҳо худи ӯ аз натиҷаҳои меҳнати эҷодиаш фараҳ мебарад, на танҳо дар вақти корӣ, балкӣ берун аз он (вақти озоди шахсии худ) сарбастаи кору фаъолияти худ мебошад. Дуюм, дар неруи зеҳнии он ҳодисот (сегмент) ё фаъолияти муайяну мушахасси истеҳсолӣ ҷой гирифтааст. Ин имкон медиҳад, ки вай равандҳои заруриро марбут ба ин кори мушаххас муфассал омӯзад, устуворирро пайгирӣ намояд ва диққати худро ба ноил гаштани ҳадафи асосӣ сафарбар намояд. Сеюм, дорои ҳисси баланд ва иродаи бузург аст. Иродаи шикастнопазир ба он имкон медиҳад, ки муқовимати муҳити берунаро (анаъана, меъёр, одатҳо ва ғ.) бартараф ва шуҳрати худро миёни ҳамкорон, (ки онҳоро аз қафои худ мебарад) устувор намояд. Бинобар ин, дар тамоми кишварҳои мутараққии ҷаҳон соҳибкории хурд заминаи асосии иқтисодиётро ташкил медиҳад ва аз 50 то 70 фоизи тавлиди ҳаҷми умумии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо ба дӯши онҳо мебошад. Онҳо дорои рақобатпазирии афзалиятнок буда, ҳамчун субъекти самараноки динамикӣ ва татбиқгари ҷараёни навгонӣ дар иқтисодиёт мебошанд.
 Дар ҷумҳурии мо шароити ниҳодӣ ва муҳити мусоид барои рушди соҳибкории хурд фароҳам омадааст. Барои амалигардонии Стратегияи милии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи беҳзистии мардум дар давраи солҳои 2013- 2015 таъмини рушди соҳибкории хурду миёна, ки ба васеъгардии озодии иқтисодӣ, устувории ҳуқуқи моликият, риояи қонунҳо дар ин бахш ва инкишофи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мусоидат мекунад, яке аз масъалаҳои калидии афзалиятҳои миллӣ эълон шудааст.
Бояд гуфт, ки рушди босуръати соҳибкории хурд дар мамлакат пас аз солҳои 2000- ум ба чашм мерасад ва ин пешрафт ба равандҳои эволютсионӣ, сатҳи мутобиқгардии аҳолӣ ва хонаводаҳо ба шароити нави хоҷагидорӣ, ҳамзамон бо густаришу такмилёбии муҳити беруна (таркиби ниҳодӣ) алоқаманд аст. Масалан, агар дар давраи солҳои 2000 - 2005 шумораи соҳибкории хурди амалкунанда аз 1,3 то 1,6 ҳазор афзуда бошад, пас дар давраи солҳои 2005 - 2012 то ба 3,8 ҳазор расида, ҳаҷми фурӯши молу хизматрасониҳо аз тарафи онҳо низ дар ин давра беш аз 6,5 маротиба афзуда, вобаста ба ин фонди музди меҳнаташон 9,2 маротиба зиёд шудааст. Теъдоди соҳибкории хурд ба ҳар як миллион аҳолии кишвар, зиёд шудааст: агар соли 2000-ум ба ҳар як миллион аҳолии мамлакат 216 адад соҳибкори хурд рост меомад, пас дар соли 2012-ум  492 ададро ташкил дод.
Музди меҳнати миёнаи ҳармоҳаи кормандони ин бахш дар ин давра нисбат ба музди меҳнати тамоми кормандони соҳаҳои иқтисодиёти мамалакат беш аз 36 дарсад зиёд аст. Ин раванди мусбат аст, ки саҳмгузории онҳо дар таъмини сиёсати иҷтимоии давлат, умуман баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ, беҳдошти ҳаёти мардум мушоҳида мешавад. Вале ин ҳанӯз қонеъкунанда набуда, нисбат ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо 8 маротиба кам аст. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳим дар марҳалаи имрӯза омӯзишу таҳқиқи омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва берунаи боздорандаи рушди соҳибкории инноватсионӣ ва дар асоси он қабули тадбирҳои маҷмӯӣ дар роҳи рафъи онҳост. Таъсиси фонди дастгирии соҳибкорӣ дар мамлакат яке аз муҳимтарин тадбирҳоест, ки пояи молиявии рушди онро ғанӣ мегардонад. Ҳамин буд, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид шудааст, ки дар 7 соли оянда ба фонди аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсисдодашудаи дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷет то як миллиард сомонӣ равона карда шавад.
Муҳимияти иҷтимоиву иқтисодии рушди соҳибкории хурд дар он аст, ки пайваста бо рушди он на танҳо масъалаи ташаккул ва инкишофи қишри миёнаи ҷомеа, балки тақсимоти адолатноки захираҳо ва даромадҳо миёни субъектҳои иқтисодӣ сурат гирифта, сатҳи дефференсиатсияи даромадҳо ва нобаробартақсими даромадҳо дар ҷомеа паст мешавад. Таъсири манфии монополияи иқтисодӣ ва ё монополияи сармоя, ки омили боздорандаи рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамалакат мебошад, муътадил мегардад.
Ҳамин тариқ, нақши навоварии соҳибкории хурд ва аҳамияти иҷтимоии он чун субъекти фаъоли иҷтимоии трансформатсияи ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки дар амал як қатор вазифаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ тадбиқ гарданд. Маҳз ба ҳамин хотир, Президенти мамлакат дар Паёми худ чунин таъкид доштанд, ки “Бо дарназардошти тамоюлҳои рушди ҷаҳони муосир зарур аст, ки ислоҳотро доир ба тавсеаи соҳибкориву бахши хусусӣ идома дода, иҷрои хуҷҷатҳои қабулгардида таъмин карда шавад ва дар хусуси боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву рушди бахши хусусӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд”.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.07.2014    №: 126    Мутолиа карданд: 744

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед