logo

ҳуқуқ

ФИШОР БА ЯТИМОН

ё суиистифода аз ваколати вакилӣ

Барноҷон Алиева, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, борҳо ба «Ҷумҳурият» тамос гирифта, мехост арзу додашро дар рӯзнома чоп кунем. Аммо мо нашри матлаберо бидуни далелҳои мӯътамад рад кардем. Ниҳоят ин ҳамсуҳбати телефонии мо чанд рӯз пеш меҳмони идора шуд. Дар даст бастаи ҳуҷҷатҳои зиёде дошт. Вақте суҳбат мекард, ашк дар чашмонаш ҳалқа зада, гиря гулугираш мекард.
Барноҷон Алиева гуфт, солҳо боз дари мақомоти марбутаи давлатиро мекӯбад, вале то кунун талошҳояш бенатиҷа мебошад. Ӯ дар мавриди ба даст овардани ҳаққи меросии ду хоҳарзодаи ятимаш зарфи се сол аз шахсони масъули сохторҳои дахлдори давлатӣ ваъдаҳои насия гирифт. Чанд маротиба баҳси мавҷударо, ки сари манзили истиқоматист, ба додгоҳ кашидаву ҳақ ҳам баромадааст. Вале ҳалномаи суд иҷро нагардидааст. Номбурда дар ин бора ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам нома навишта, посухи мусбат дарёфт намуд. Ба дунболи ин нома ниҳодҳои дахлдори шаҳри Конибодом қавл додаанд, ки масъаларо ба зудӣ ҳал мекунанд...
Тақдир Абдусалом Тошов ва Меҳрангез Тошоваро дар овони наврасӣ аз навозиши падару меҳри модар маҳрум кард. Падари ноболиғон соли 1998 ба Русия ҳиҷрат кард ва дигар аз худ дарак надод. Инак, 16 сол мешавад, ки аз ӯ хабаре нест. Бедарак гум шудани падар дар вуҷуди фарзандон лонаи ғаму андуҳи гарон гузошта буд. Вале ин андуҳ гоҳо зери чатри ғамхориҳои модари меҳрубон пинҳон мешуд ва дар дили онҳо гули умеди фардоро зинда медошт…
23 ноябри соли 2005 Мусаввара Азизова, модари Абдусалому Меҳрангез, бар асари бемории илтиҳоби шуш дунёро падруд гуфт. Модари меҳрубон ҷигарбандони ятимашро барои парасторӣ ба хоҳараш Барноҷон Алиева васият кард. Мусаввара Азизоваи ҷавонмарг дар ғами фарзандонаш аз ин дунё рафт ва шояд ин умедро надошт, ки рӯзе кулбаи вайронаи меросиаш бо дастони бародари ҳамхунаш валангор гаштаву ҷигарбандонаш сарсону ҳайрон мемонанд.
Бино ба гуфтаи Барноҷон Алиева, парастори Абдусалому Меҳрангез, бародарашон Бурҳон Баҳронов баъд аз гӯру чуб бо роҳе, ки барои мо чандон маълум нест, хонаи хоҳарашро ба номи фарзандаш Далер Баҳронов ҳуҷҷат мекунад. Чун Абдусалому Меҳрангез бузургтар шудаву мехоҳанд хонаи меросии худро соҳибӣ кунанд, дари онро ба рӯи худ баста диданд. Далер Баҳронов ин манзилро бо андак таъмир моли «ҳалол»-и худ дониста, онҳоро ба хона роҳ намедиҳад.
Дар идомаи суҳбат Барноҷон Алиева гуфт, ки бародарзодааш шахси сарватманд асту аслан ба ин хона ниёз надорад, вале аз чӣ бошад, ки чунин кори носавобро ба худ раво мебинад. Соҳиби хонаву мошинҳои гаронбаҳост, тоҷири муваффақ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом аст. Дар ин робита ба ҳар мақомоте, ки ятимон арз кардаву хостори баргардондани хонаашон шудаанд, дар ибтидо ҷавоби мусбат мегиранд. Аммо баъдан кор ранги дигар мегирад, ки ба бовари парастори Абдусалому Меҳрангез таъсири ана ҳамин нуфузи Далер Баҳронов аст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран суди шаҳри Конибодом таҳти раисии судя Фирӯза Аминова дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи оилавиро бо аризаи даъвоии даъвогар, васӣ ва парастори ноболиғ Меҳрангез Тошова-Барноҷон Алиева ба ҷавобгарии ҷавобгар Далер Баҳронов бо талабот «дар бораи маскун намудан ба манзили истиқоматӣ» мавриди баррасӣ қарор дод.
Даъвогар Барноҷон Алиева ба суд оид ба маскун намудани ноболиғ Меҳрангез Тошова аризаи даъвоӣ пешниҳод кардааст. Дар ҳалномаи суд омадааст, ки «Аз муҳтавои аризаи даъвоӣ бармеояд, ки хонаи истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи шаҳри Конибодом, кӯчаи Рӯдакӣ, хонаи № 199 дар асоси шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун аз 8 октябри соли 2013 ҳамчун соҳибмулк ба Тошов Абдусалом ва Тошова Меҳрангез тааллуқ дорад. Хонаи истиқоматии мазкур ба модараш Мусаввара Азизова ҳамчун соҳибмулк тааллуқ дорад». Гуфта мешавад, ки ҳавлии истиқоматии мазкур ба ҷавобгар Далер Баҳронов дар асоси шартномаи хариду фурӯш ҳамчун соҳибмулк тааллуқ дошт. Дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Конибодом аз 19 июни соли 2013 шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматие, ки байни ҷавобгар Баҳронов Далер ва Баҳронов Баҳодур аз 30 декабри соли 2008 баста шуда буд, беэътибор дониста ва хонаи истиқоматии меросӣ ба номи марҳум Мусаввара Азизова баргашта номнавис шудааст.
Ҷавобгар Далер Баҳронов дар маҷлиси судӣ аризаи даъвоиро эътироф накарда, баёнот додааст, ки бародараш Баҳодур Баҳронов соли 2005 хонаи баҳсиро аз марҳум амааш Мусаввара Азизова харидааст. Он вақт ҳавлии истиқоматии мазкур аз як ҳуҷраи нимсохт иборат буд. Ҳоло бошад, ҷавобгар дар он 7 ҳуҷра, айвон ва дарвоза сохтааст. Аз ин рӯ, ӯ барои маскун шудани даъвогар ва парастор Барноҷон Алиева ва ноболиғ Меҳрангез Тошова норозист.
Суди шаҳри Конибодом дар асоси омӯзиши далелҳо даъвои даъвогар Барноҷон Алиеваро ба манфиати ноболиғон ҳал намуд. Аз ҷумла дар ҳалнома омадааст, ки Барноҷон Алиева бо ҳамроҳии Меҳрангез Тошова ба манзили истиқоматии мазкур бо истифодаи умумии ошхона ва ҳоҷатхона маскун шавад. Аммо ин ҳалномаи суд аз ҷониби ҷавобгарон нодида гирифта шуд ва бино ба гуфтаи Барноҷон Алиева, ба ҷойи он, ки Далер Баҳронов калиди хонаро ба ноболиғ супорад, баръакс хонаро вайрону валангор кардааст.
Суоле матраҳ аст, ки чӣ гуна вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ошкоро ба қонуншиканӣ роҳ дод? Чаро мақомоти корҳои дохилӣ ва ё прокуратураи шаҳри Конибодом пеши роҳи чунин худсариро нагирифтанд? Ин мақомот шояд дар вокуниш ба ин матлаб хонандаи рӯзномаро бо ҳақиқати ҳол дар ҷараён мегузоранд?! 
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.07.2014    №: 127    Мутолиа карданд: 697

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед