logo

маориф

САМАР Ё ХАТАР?

Фаъолияти литсейҳои тоҷикӣ-туркиро аз ду чиҳат омили манфӣ арзёбӣ намудан мумкин аст: якум, зеҳнҳои ҷавонтарин ва беҳтарини кишвар шомили онҳо шуда, тарбия ва тафаккурашон дар ихтиёри устодони хориҷӣ қарор мегирад: дувум, маҳз тарбияи ҳисси бегонапарастӣ боиси он мегардад, ки аксарияти хатмкунандаҳо хоҳиши дар Тоҷикистон истоданро пайдо намекунанд.

Ин нуктаро Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни конфронс дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои маориф» иброз дошт. Мавсуф аз сарнавишти хатмкунандаҳо ва бо таъсиси мактабҳои рақобатпазири давлатӣ ва хусусии миллӣ, давра ба давра маҳдуд кардани фаъолияти литсейҳои мазкур ёдовар шуда, гуфт, ки тӯли фаъолияти ин муассисаҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ, ягон нафар ба роҳи илм нарафтаст.
- Аз солҳои аввали таъсисёбӣ то соли 2013 ҳамагӣ 3 537 нафар ин литсейҳоро хатм кардааст. Бачаҳои боистеъдодро ба таълим ба тариқи озмунҳои ҷиддӣ фаро мегиранд. Соли 2013 2 577 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд. Қимати таҳсил барои як сол ба ҳисоби миёна 1000 доллари амрикоӣ мебошад. Тибқи таҳлил ва омӯзишҳои мо то солҳои наздик қариб ягон нафар хатмкунандаи он ба соҳаи илм ва аспирантура дохил нашудааст.
Ба хотири нигоҳдорӣ ва рушди зеҳнии миллӣ ва озод намудани муҳассилини тоҷик аз зери таъсири идеологияи бегона, тарбияи онҳо дар рӯҳияи хештаншиносӣ дар муҳлати наздиктарин бо таъсиси литсейҳои рақобатпазири давлатӣ ва хусусии миллӣ давра ба давра маҳдуд намудани фаъолияти литсейҳои тоҷикӣ - туркӣ мувофиқи мақсад аст. Мо бояд дар қатори онҳо мактабҳои рақобатпазир дошта бошем, - гуфт мавсуф.
Бо мақсади жарфтар ворид шудан ба ин масъала ва сарнавишти баъдии хатмкунандагони литсейҳои мазкур ин мавзӯъро мавриди пажӯҳиш қарор додем. Дар Тоҷикистон 7 литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ ҳамчун муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Аввалин литсей дар шаҳри Турсунзода соли 1992 дар асоси Протокол ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти таълимии ,,Шалола’’-и Ҷумҳурии Туркия таъсис дода шуд.
Баъд аз омӯзиши фаъолияти литсейи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1994 муассисаҳои муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд кушода шуданд. Ва дар шаҳри Душанбе ду литсейи тоҷикӣ-туркӣ ва яктоӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд таъсис дода шуданд, ки ҳоло дар онҳо зиёда аз 2 550 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ба таълими онҳо 233 нафар омӯзгор машғул аст. Аз ин шумора 177 нафар омӯзгорони тоҷик ва 56 нафар омӯзгорони турк мебошанд. Иловатан 72 нафар мураббиён, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба корҳои берун аз дарсӣ машғуланд.
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки то ҳол эҳсоси иделогияи бегонапарастиро мушоҳида накардаанд ва литсейҳои мазкур дар асоси Созишномаи байнидавлатӣ фаъолият доранд. Аслиддин Наҷмиддинов, намояндаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар литсей - интернатҳои муштараки тоҷикӣ - туркӣ, мегӯяд, фаъолияти литсейҳои мазкур боиси фаъол шудани рақобати сифати таълим ва тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ мусоидат кардааст.
- То ба имрӯз литсейҳои тоҷикӣ-туркиро 4 410 хонанда хатм намудаанд, ки 2 364 нафар ба мактабҳои олии Тоҷикистон ва 2046 нафари дигар ба мактабҳои олии хориҷ аз кишвар – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Америка, Украина, Англия, Чехия, Туркия, Кипр, Индонезия ва ғайраҳо дохил шуда, дар соҳаҳои  гуногун таҳсил доранд. Инҳо на кадрҳои туркӣ, балки мутахассисони ояндаи Тоҷикистон ҳастанд. Аз ин теъдод 486 нафар дар хориҷи кишвар таҳсилро ба охир расонида ба Ватан баргаштааст ва 58 нафар дар хориҷи Тоҷикистон дар магистратура ва аспирантура таҳсилро идома дода истодаанд. Дар маҷмӯъ 1093 нафар то имрӯз дар хориҷи кишвар таҳсил доранд. То ба имрӯз  2249  хатмкардагони  литсейҳо, чӣ  дар дохил  ва  чи дар  хориҷи  кишвар,  соҳиби  маълумоти олӣ гаштаанд. Аз ин 102 нафар омӯзгор мебошанд ва дигарон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд. Бартарӣ дар он аст, ки омӯзиши фанҳои табиӣ ва риёзӣ аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ ба забони англисӣ таълим дода мешаванд ва ин ба хонандагон имконият медиҳад, ки онҳо дар олимпиадаву мусобиқаҳои илмии байналмилалӣ бомуваффақият ширкат карда, шарафи мактаби тоҷикро дар ҷаҳон баланд бардоранд,- изҳор дошт Аслиддин Наҷмиддинов.
Ҳоло хатмкунандаҳои литсейи мазкур дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият доранд. Дастовардҳои ин литсейҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҳам кам нест. Дар тӯли фаъолияти литсейҳо хонандагон дар Олимпиадаҳои байналмилалии 25 давлат иштирок карда, соҳиби 524 медал, аз ҷумла 98 медали тилло, 138 медали нуқра ва 288 медали биринҷӣ гаштаанд.
Дар соли таҳсили ҷорӣ хонандагон сазовори 22 ҷойи ифтихорӣ гаштанд, ки аз он 7 ҷойи аввал, 9 ҷойи дуюм ва 6 ҷойи сеюм мебошад. Аз тарафи Ҷамъияти таълимии ,,Шалола’’ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 дар асоси Созишнома бо Вазорати корҳои хориҷии кишвар барои фарзандони корпусҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои давлатҳои хориҷии муқими Душанбе мактаби байналмилалӣ кушода шуд, ки имрӯз дар он 556 хонанда, аз ҷумла 218 духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба таълиму тарбияи онҳо 69 омӯзгор машғуланд, ки аз онҳо 33 нафар мутахассисони хориҷӣ мебошанд.
Аз тарафи ҷамъияти мазкур Маркази забономӯзӣ ва компютерии ,,Шафақ’’ кушода шудааст, ки дар он барои шаҳрвандон забонҳои русӣ, англисӣ, компютер ва ғайра меомӯзонанд. Ҳоло дар се литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳрҳои Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанд мудирони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон таъйин шудаанд. Дар литсейҳо хонандагоне, ки аз минтақаҳои дурдаст дохил мешаванд, бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд.
Бори  нахуст  нест, ки баҳс сари фаъолияти литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ аз тарафи қишри рӯшанфикри кишвар доман мезанад. Чанд сол қабл ҳам як гурӯҳ зиёиёни кишвар оид ба қатъ кардани фаъолияти муассисаҳои муштараки мазкур пешниҳодҳо карда буданд. Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф, вақти сар задани чунин баҳсҳо гуфта буд, ки ҳадаф аз таъсиси литсейҳои мазкур омӯхтани таҷрибаи пешқадами маорифи ҳамтоёни туркӣ аст.
Паҳлуи дигар ин аст, ки дар литсейҳои мазкур фарзандони оилаҳои доро таҳсил мекунанд. Зеро қимати таҳсил дар ин муассисаҳо аз 600 то 1000 доллари амрикоӣ мебошад ва аксарияти аҳолии кишвари мо имкони пардохти ин миқдор маблағро надоранд. Агар ба гуфти соҳибназарон, хатари идеологии ин муассисаҳо зиёд бошад, паҳлуи дигар манбаи тиҷорат ва таъмини шаҳрвандони Туркия бо ҷойи кор дар хориҷи кишвар ҳам аст, чун зиёда аз 20 % -и омӯзгорон аз ҳисоби шаҳрвандони Туркия мебошанд.
Абдураҳмон Қурбонов мегӯяд, барои марҳила ба марҳила маҳдуд кардани фаъолияти литсейҳои туркӣ корҳои зеринро ба анҷом бояд расонид: пеш аз ҳама омода будани маорифи мо ба чунин ташаббус бо доштани базаи педагогӣ, таъмини шароити моддӣ ва барномаи таълимии ҳамқадами замони муосир.
- Барои боздоштани ин раванд, яъне аз ҷумҳурӣ рафтани зеҳнҳо танҳо ташвиқу тарғиби ватандӯстӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ басанда нест, балки аз ҷониби кордиҳандаҳо ва корхонаҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардидани маоши шоиста ва шароити мусоиди меҳнат ва фароҳам овардани имконияти корӣ зарур мебошад.
Фаъолияти литсейҳои туркӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба роҳ монда шуд. Аммо баъди  як фаъолияти кӯтоҳмуддат дар Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия фаъолияти онҳо қатъ карда шуд. Мактабҳои мазкур аз ҷониби ширкатҳои наздик ба Фатҳуллоҳ Гюлен, пешвои ҳаракати «Фатҳуллочиён», ки ҳоло муқими ИМА мебошад, таъсис ёфтаанд.
Агар ба таърихи таъсиси литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ назар афканем, замони нооромиҳои кишвар, солҳои 1992 - 1993 ба маорифи мо по гузоштаанд. Замоне ки Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳама соҳа дучори буҳрони шадид буд. Аз як тараф соҳаи маориф дар вартаи ногувори шароити моддӣ ва маънавӣ қарор дошт, зеро иддае аз омӯзгорон ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои даргир ҳалок шуданд. Тарафи дигар, як қисми омӯзгорон аз сабаби маоши кам тарки пеша карданд. Аммо ҳоло вазъ тағийр ёфтааст. Пас чаро мактабҳои миллии мо то ба ҳол бартарии худро дар сифати таълим нишон дода наметавонанд? Воқеан, литсейҳои тоҷикӣ - туркӣ солҳои навадум то ҷойе дар рушди маориф ва тарбияи кадрҳои миллӣ саҳм гузоштааст ва мавҷудияти чунин муассисаҳо фазои рақобатро боз карда, ба пешрафти илму тарбия ва тайёр кардани кадрҳои замонавӣ мусоидат менамояд. Вале дар зарфи 21 сол мебоист кадрҳои миллии мо бо таҳияи барномаҳои хоси таълимӣ бартарии худро нишон медоданд ва мактабҳои пулакиро ҳам бо назардошти сабади истеъмолии мардум мекушоданд.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.07.2014    №: 127    Мутолиа карданд: 674

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед