logo

ҳуқуқ

АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД!

ПОДПОЛКОВНИК ҶИНОЯТ СОДИР КАРД
Бегмурод Зиёев, подполковники милитсия, ки сардори шуъбаи назорат- таҷлилии Раёсати таҳқиқи ин ниҳод аст, ҷиноят содир кард.
Ӯ дар асоси маводи гирдовардааш 19 декабри соли 2013 нисбат ба Х. Паллаев ва дигарон бо моддаи 199, қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ба тафтиши пешакӣ шурӯъ кард. 3 январи соли 2014 номбурда шаҳрванд А. Маҷнуновро, ки дар бахши 4-уми факултаи иқтисоди ҷаҳон ва маркетинги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳсил мекунад, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехника)  пурсида, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуданаш 2000 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Вале Маҷнунов аз додани маблағ худдорӣ намуда, ба зангҳои телефонии ӯ ҷавоб намедод.
Ҳамин тавр, подполковники милитсия Бегмурод Зиёев баъди гузарондани як қатор амалҳои тафтишӣ  20 феврали соли 2014 дар асоси гувоҳномаи тиббӣ, бинобар  дар табобат карор доштани Х. Паллаев, пешбурди парвандаи ҷиноятиро боздошта,  нақшаи аз донишҷӯи Донишгоҳи технологӣ гирифтани 2000 доллари амрикоиро тарҳрезӣ намуд. Ба декани факултаи иқтисоди ҷаҳон ва маркетинги донишгоҳ занг зада, талаб кард, ки А. Маҷнуновро ба наздаш фиристад.  Вақте дар ин бора ба Маҷнунов хабар доданд, ӯ ба назди М. Раҳмонов, ки баъди дарс бо вай дар дӯкони фиттафурӯшӣ кор мекард, рафта, вазъиятро фаҳмонд. Гуфт, ки барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуданаш корманди Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ Зиёев аз вай 2000 доллари амрикоӣ талаб карда истодааст.
Баъди гуфтугӯи М. Раҳмонов бо Б. Зиёев охирин ваъда дод, ки нишондоди ба сифати гумонбар пурсидаи Маҷнуновро иваз намуда, ӯро ҳамчун шоҳид  аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд.  Вай ба хоҳиши миёнарав М. Раҳмонов барои овардани аввал 1000 ва баъд 800 доллар розӣ шуд. 9 апрели соли 2014 ҳангоми гузарондани амалиёти тафтишӣ-оперативӣ Бегмурод Зиёев  зимни гирифтани 800 доллари амрикоӣ аз М. Раҳмонов дастгир шуд.
Бо ин ҳаракатҳои барқасдонаи худ Б. Зиёев ҷинояти дар моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуд. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ 28 апрели соли 2014 ба итмом расида, барои тасдиқи фикри айбдорӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид ва 7 майи соли 2014 баъди тасдиқи фикри айбдорӣ ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  фиристода шуд.
Чунин рафтори ғайриқонунӣ ва бадахлоқонаи подполковники милитсия, шахсе, ки мебоист бо дасту дили пок вазифаи хидматиашро иҷро мекард, бояд ба дигар кормандони ин ниҳод сабақ шавад.

АДВОКАТ ПОРА ГИРИФТ
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Файзуллоев, адвокати Ассотсиатсияи адвокатҳои «Ҳамкорӣ» - ро, ки бо роҳи фиреб аз шаҳрванд Сафар Махмедов ба маблағи 2000 доллар пора гирифтааст, дастгир намуданд.
Мавсуф ба бовари С. Махмедов даромада, ваъда додааст, ки дар марҳалаи назоратӣ ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марҳалаи кассатсионӣ оид ба баҳси шаҳрвандии аз манзили истиқоматӣ кӯчонданашро  бе  додани манзили истиқоматии дигар бекор хоҳад кард. Вай бо роҳи фиреб  аз номбурда 2000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъдаи додаашро иҷро карда натавонист.  Баъди хеле майна об кардан, ба қавли худаш, роҳи халосиро ёфт.
Ӯ 24 марти соли 2014 таъйиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба воситаи техникаи компютерӣ дағалона сохтакорӣ намуда, дар он дарҷ намуд, ки «Ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 19 октябри соли 2012 марбут бо даъвои Юлдошев Х. Х. нисбат ба Махмедов С.Ш. ва Маҳмадалиев Р. оид ба кӯчондан аз манзили истиқоматӣ бо аҳли оилааш, бе додани дигар манзили истиқоматӣ, дар қисмати кӯчондан аз манзили истиқоматӣ бо аҳли оилааш бекор карда шавад. Парвандаи граждании мазкур барои баррасӣ ба суди ноҳияи Рӯдакӣ фиристонида шавад».
Алишер Файзуллоев ин санади қалбакиро ба шаҳрванд С. Махмедов  пешниҳод карда, изҳор намудааст, ки баҳси шаҳрвандии мазкур дар марҳалаи аввали судӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба фоидаи ӯ ҳал  мешавад. Бо чунин шеваи кор Алишер Файзуллоев такроран ду қарори дигари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сохтакорӣ карда, аз  шаҳрвандон маблағи калон тасарруф намудааст.
Ҳоло ин «ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд» барои кирдорҳои  содиркардааш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд. Нисбат ба ӯ  бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

14000 ДОЛЛАР БАРОИ 0,12 ГА ҚИТЪАИ ЗАМИН
Амали ғайриқонунии навбатиро, ки Илҳом Муҳаммадиев, сардори муассисаи давлатии раёсати Оромгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе содир кард, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор сохтанд.
Ин корманди масъули давлатӣ, ҳарчанд ваколати ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлиро надошт, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, ба бовари шаҳрванд Хуршед Шарифов даромада, қавл додааст, ки бар ивази  14000 доллар ба ӯ аз ҳисоби заминҳои дар кӯчаи «Сари Осиё» ҷойгирбуда 0,12 га замин (ба номи ду шаҳрванд 6-сотихӣ)  медиҳад. Онҳо баъди чанд муддат дар назди кинотеатри «Ватан» вохӯрда ҷузъиёти масъаларо матраҳ месозанд. Дар марҳалаи аввал И. Муҳаммадиев аз Х. Шарифов ҳамчун пешпардохт барои тайёр кардани қарор оид ба ҷудо намудани қитъаи замини ваъдакардааш  2000 доллар ва шиносномаи ӯро мегирад. Бори дигар ҳар ду дар ошхонаи «Сари Осиё» дидору гуфтугӯ мекунанд.  Муҳаммадиев ин дафъа аз ӯ барои тайёр намудани қарори дувум 1500 доллар меситонад.
Илҳом Муҳаммадиев  2 майи соли равон дар вақти ба шаҳрванд Х. Шарифов додани қарори қалбакии бо истифода аз техникаи компютерӣ тайёршуда ва гирифтани маблағи боқимондаи 10500 доллар дар қаҳвахонаи «Арена», воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев - 5  дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Нисбат ба Илҳом Муҳаммадиев  бо аломатҳои моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.07.2014    №: 129    Мутолиа карданд: 677

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед