logo

маориф

ПАЁМИ ЗИНДАГИСОЗ

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и ноҳияи Ёвон баъди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷонибаи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар гурӯҳи корӣ оид ба таблиғ ва татбиқи нуктаҳои он созмон дода шуд.

Аъзои гурӯҳ бо падару модарон, хонандагон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вохӯрда, мазмун ва моҳияти Паёмро мефаҳмонанд. Бо далелҳо собит месозанд, ки   Сарвари давлат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос дорад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки «Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст».
Воқеан, дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму мориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро  ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат маорифчиёнро зарур аст, ки дастаҷамъона ба таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ машғул шуда, мактабу маорифро ба омили муҳимтарини амнияти миллӣ табдил диҳанд.
Барои амалӣ шудани ин иқдоми нек омӯзгорон бояд масъулияти боз ҳам бештар ҳис кунанд. Зеро, ба гуфтаи Сарвари давлат, омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор гирифтааст ва сатҳу сифати шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии ӯ вобастагии зич дорад. Бояд гуфт, ки соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид ва дар он бори нахуст боби алоҳида ба омӯзгор бахшида шудааст. Ин исботи он аст, ки омӯзгор дар ҷомеа мақоми хос касб намудааст.
Қонуни то ин дам амалкунанда, ки 17 майи соли 2004 қабул гардида буд, аз лиҳози  мазмуну мундариҷа ҳамаи самтҳои соҳаи маорифро инъикос карда наметавонист. Ин қонун, ки фарогири 8 бобу 69 модда аст, халалҳои санади пешинаро пурра менамояд. Дар моддаи 53-и он имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, аз қабили ба таъхир андохтани муҳлати  даъват ба хидмати ҳарбӣ, бо тартиби муқарраргардида гирифтани рухсатии эҷодӣ, таъмини доруворӣ, табобати ройгон ҳангоми беморӣ, таъмин гардидан бо манзили истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзил ва беҳтар намудани шароити манзил бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Дар паёми имсола омадааст: «Маҳз бо ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, мо ба нақша гирифтем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардондани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем». Ин тасмими Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардондани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф боз як иқдоми навбатии Президент ба ҳисоб меравад. Оқилона ва пурсамар истифода намудани маблағҳои пешниҳодшуда ба он мусоидат менамояд, ки базаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ба маротиб беҳтар шуда, барои таълиму тарбияи шогирдон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.
Соли равон қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бори аввал тавассути имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд. Тавре ки Сарвари давлат иброз намуд, ин кор дар асоси хоҳишу дархости зиёди  падару модарон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбия ва таълими кадрҳо, инчунин пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар ҷараёни имтиҳоноти қабул роҳандозӣ гардидааст. Фаъолияти ин марказ ба гузарондани имтиҳонҳои шаффоф, интихоби довталабони дорои донишу маҳорати баланд ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ равона шудааст.
Бартарии имтиҳонҳои дохилшавии имсола аз он иборат аст, ки довталабон, сарфи назар аз маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ, раванди бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои дохилшавӣ дар шаҳри Душанбе, марказҳои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Тадбири мазкур, пеш аз ҳама, ба манфиати довталабон  ва волидайни онҳо мебошад. Ин раванд дар низоми  таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири  таълиму тарбияро тақозо намуда, барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат, ки ҷавобгӯ ба  бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ бошанд, ҳамаи захираву имкониятҳои худро истифода  намуда истодааст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  зиндагисоз буда, тамоми ҷанбаҳои ҳаётамонро фаро гирифтааст. Дар  чанд соли охир корҳои зиёде дар соҳаи маориф, аз ҷумла таъмини муассисаҳо бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизоту лавозимоти озмоишгоҳҳо, чопи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ, воситаҳои электронӣ, компютерҳо ва пайвасти онҳо ба шабакаи интернет анҷом дода шудаанд, ки дар таърихи кишвар собиқа надоштанд. Дар ҳақиқат, барои рушди соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ силсилатадбирҳое аз ҷониби Ҳукумат амалӣ гардиданд, ки дар ҳафтод соли шӯравӣ накарда буданд. Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ  дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 24 августи соли 2010, иброз дошта буд, ки: «Илму ирфон дар ҳама давру замон роҳнамову ҳидоятгари мардум, бахусус ҷавонон ба сӯи дунёи маънавӣ, маърифату худшиносӣ, заковату ақли бедор буда, сабақҳои зиндагисози идораи давлат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, кашфи кайҳону асрори замин, пойдевори ихтирои ҳама гуна техникаву технологияи навтарин маҳз дар остонаи мактаб гузошта мешавад».
Оре, Паёми имсола ҳамчун махзани имону эътиқод, манбаи илҳому неру, нуқтаи қутбнамо ва ҳадафи воло ба тамоми мардуми шарафманди кишвар ба сифати дастури раҳнамо хидмат хоҳад кард.
Сафаралӣ СОБИРОВ,
директори мактаби таҳсилоти миёнаи
умумии № 9 ба номи Шоҳин Боев, ноҳияи Ёвон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.07.2014    №: 129    Мутолиа карданд: 634

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед