logo

ҳуқуқ

ЗАФАР АЗИЗЗОДА: «БА ФОИДАИ ДАВЛАТ БЕШ АЗ 38 МИЛЛИОН СОМОНӢ РӮЁНДА ШУД»

Ба дастгоҳи Шӯрои адлия аз мақомоти гуногун 1 ҳазору 644 мавод ворид гашт, ки аз ин 511 ададаш арзу шикояти шаҳрвандон мебошад. Аз муроҷиатҳои баррасишуда 151 адад ба ҳаракатҳои судяҳо, 86  сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, 87  норозӣ будан бо санадҳои судӣ, 121  ба самтҳои дигари фаъолияти судҳо ва  12 адад оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ иртибот доштанд.
Ин матлаб дар нишасти матбуотии Шӯрои адлия, ки 7 июл таҳти раёсати Азиззода Зафар Нусрат, раиси ниҳоди мазкур, доир гашт, ироа гардид.
Ба гуфтаи ӯ, зимни санҷишҳои гузаронда, ваҷҳҳои 42 ариза тасдиқ ва 395 адади дигар исбот нагардиданд. Дар натиҷа барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти кори амалӣ 42 нафар судя мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Барои ришваситонӣ нисбат ба 2 судя ҳукми айбдорӣ бароварда шуда, 1 судя дар вақти гирифтани пора дастгир шуд. Зафар Азиззода ин амали судяҳоро «нанговар» маънидод карда, гуфт, ки он ба маънавиёти шахс ва виҷдони ӯ иртибот дорад.
Раиси Шӯрои адлия зимнан тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба 14 судшаванда ҳукмҳои сафедкунанда бароварда шуданд, ки аз ин 8 нафар пурра ва 6 нафар қисман сафед гардид. Мавсуф дар ин робита гуфт, ки дар қонунгузории кишвар ҳолатҳои барқарор кардани зарари моддӣ ва маънавии шахсони сафедшуда пешбинӣ шудааст. Онҳое, ки ҳуқуқу озодиҳояшон халалдор гаштааст, метавонанд ба суд муроҷиат кунанд. Муфаттишони ин парвандаҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор бозпурсӣ хоҳанд шуд.
Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ  дар марҳалаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳо 63 ҳазору 891 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар самти таъмини босифати баррасии парвандаҳо 237 судяи судҳои вилоят, шаҳру ноҳия, ҳарбии гарнизонҳо ва иқтисодӣ фаъолияти кориашонро дар нимсолаи аввал бе бекоршавии қарорҳои судӣ ҷамъбаст карданд.
Зафар Азиззода ба пурсиши хабарнигори «Ҷумҳурият», ки судҳо дар нимсолаи аввал ба фоидаи давлат чӣ қадар маблағ рӯёнданд,  посух дода, гуфт, он аз ҳисоби маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи мол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи молу мулки давлатӣ ва аз дигар ҷиноятҳо расондашуда, инчунин аризаҳои даъвоӣ 38 миллиону 103 ҳазору 226 сомонӣ, 3 ҳазору 548 доллари амрикоӣ ва 24 ҳазору 985 рубли русиро ташкил дод.
 Додоҷон РӮЗИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.07.2014    №: 130    Мутолиа карданд: 614

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед