logo

маориф

ДМТ: 180 НАФАР СОҲИБИ ДИПЛОМИ АЪЛО ГАШТ

Абдусалом Миралиев, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни нишсти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки  вобаста ба талаботи замон ва бозори меҳнат дар нимсолаи сипаригашта  дар заминаи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо  кафедраҳои  забонҳои аврупоӣ (бо фарогирии забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ) ва дар факултаи тиббию фармасевтӣ кафедраи ташхиси тиббӣ, электроникаи тиббӣ, асосҳои тайёрии тиббӣ, технология ва биотехнологияи  фармасевтӣ таъсис ёфт. 6 нафар донишҷӯи донишгоҳ дар олимпиадае, ки миёни донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи 12 самти илм баргузор гардид, соҳиби  ҷойи якум гардиданд. Дар олимпиадае, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон миёни донишҷӯён баргузор шуд, 7 нафар ҷойи аввалро сазовор шуданд.
20 нафар аспиранту унвонҷӯ ва докторони илм корҳои илмӣ – таҳқиқотиашонро анҷом дода, рисолаҳои номзадию докторӣ  ҳимоя намуданд.
Донишгоҳро имсол аз рӯи  се зинаи таҳсил: бакалавр, мутахассис ва магистратура 3147 нафар хатм намуданд. Аз ин шумор 180 нафар соҳиби дипломи аъло гардид. 
Дар посух ба саволи хабарнигорон зикр гардид, ки донишгоҳ ба мақсади қабули довталабон ба Маркази миллии тестӣ 4132 ҷой пешниҳод намудааст, ки аз он 1065 буҷавӣ ва боқӣ шартномавӣ мебошад. Аммо саволи матраҳ он аст, ки ин миқдор довталаб оё метавонанд ба донишгоҳ роҳ ёбанд?
 Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2014    №: 131    Мутолиа карданд: 606

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед