logo

ҳуқуқ

АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД!

СЕ ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ЗАМИН
Директори КДФ «Зарзамин» - и ноҳияи Қумсангир Маҳмудҷон Комилов бо ҷурми гирифтани пора дастгир шуд.
Ӯ аз шаҳрванд И. Маҳмадҷонов барои ҳуҷҷатгузории қитъаи замини наздиҳавлигиаш, ки 0,88 га-ро ташкил медиҳад, 3000 доллари амрикоӣ талаб намудааст. 24 апрели соли равон, зимни гузарондани чорабинии фаврӣ-тафтишотӣ мавсуф  баъди бо роҳи қаллобӣ аз И. Маҳмадҷонов гирифтани  3000 доллар дастгир шуд.
Худи ҳамон рӯз нисбат ба Маҳмудҷон Комилов бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Баъди дар муҳлати муқарраршуда ба охир расидани тафтиши пешакӣ, парванда барои баррасӣ ба суд ирсол гашт.
 
УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ҚӮРҒОНТЕППА ПОРА ГИРИФТ
Раҷабмурод Ҳусейнов, ки дар вазифаи омӯзгори факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ифои вазифа дошт, бо истифода аз мақоми хизматӣ даст ба ҷиноят зад.
Номбурда моҳи августи соли гузашта бо мақсади тасарруфи амволи ғайр, бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрванд А. Сайдалиев даромада, ваъда дод, ки  М. Қурбонов  ва  С. Астанақуловро ба донишгоҳи мазкур дохил мекунад. Вай бо ин мақсад аз А. Сайдалиев  8000 сомонӣ ва 700 доллар гирифта бошад ҳам, ба қавлаш вафо накард. Бо ин амал ва 16 ҳолати дигар, ӯ тибқи муқаррароти моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷрим дониста  шуда, парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ баъди  анҷоми тафтиш ба суд фиристода шуд.
 
МАБЛАҒИ ЗАРАР -БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ
Соҳибкори инфиродӣ Иброҳим Саидов дар нозироти андози ноҳияи Вахш сабти ном шуда, аз моҳи майи соли 2012 то сентябри соли 2013 дар 43 ҳолат аз хориҷи кишвар ба маблағи 3 040 927 сомонӣ молу маҳсулоти ниёзи мардум ворид намудааст.
Ин соҳибкор бо мақсади ба даст овардани маблағи калон ба нозироти андози ноҳия эъломия пешниҳод накарда,  1 045 440 сомониро, ки бояд ҳамчун андоз ба буҷет пардохт мешуд, пинҳон намудааст. Вай бо ин роҳ бо фоизу ҷаримаҳояш ба давлат ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазору 589 сомонӣ зарар расондааст.
Нисбат ба И. Саидов мувофиқи моддаи 293 қисми 2 бандҳои “б” Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

БО ДАҲ ҲАЗОР ДОЛЛАР БА ДАСТ АФТОД
Мирзоалӣ Мирзохӯҷаев, собиқ мутахассиси КФД “Пайванд”- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар давоми моҳҳои март - апрели соли 2013 аз шаҳрванд Раҷабалӣ Насимов, сокини ҳамин ноҳия, барои ба номи домодаш Қ. Абдуллоев аз ҳисоби заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Якатут” ҷудо карда додани 0,12 га қитъаи замини наздиҳавлӣ 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда гирифтааст.
Тафтиш муайян намуд, ки вай ин маблағро дар се  марҳала ситонда, ғайр аз ин, барои ба танзим даровардан ва тайёр карда додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз ӯ 300 доллари дигар талаб намудааст.
Дар ҷараёни гузарондани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ  11 январи соли 2014,  баъди бо роҳи қаллобӣ гирифтани 300 доллар аз Р. Насимов, номбурда дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии ноҳия дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
 Мирзоалӣ Мирзохӯҷаев  бо ин кирдораш тибқи моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста  шуда, парвандаи ӯ ба суд ирсол гардидааст.

БАЛҶУВОН: МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТИРО АЗХУД НАМУДАНД
Сармуҳандиси КФ «Сохтмони асосӣ ва таъмирӣ”-и КВД ХМК Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Қурбонов бо директори ҶДММ «Фарзона”-и  ноҳияи Фархор И. Умбаров забон як карда, нақшаи азхуд намудани маблағҳои буҷетиро кашиданд.
Онҳо бо роҳи тартиб додани санадҳои иҷрои  корҳои сохтмонии қалбакӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ки барои кашидани хатти оби нӯшиданӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон ҷудо шуда буд, 163025 сомониро азхуд кардаанд.
Тафтиши қазия ба итмом расида, парванда дар баррасии мақомоти судӣ қарор дорад.
 
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2014    №: 133    Мутолиа карданд: 575

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед