logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳои воридшуда Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Ҳайдаршоҳ Азимов, адвокати ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар вилояти Хатлон, Ганҷибек Музаффарбеков, сардори раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷавоб мегӯянд.

- Соли гузашта мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба номи ман қитъаи замини наздиҳавлӣ ҷудо намуд. Вале аз байн  як сол гузашта бошад ҳам, бинобар пайдо карда натавонистани маблағи зарурӣ, ба бунёди манзили истиқоматӣ шурӯъ накардаам. Оё бо ҳамин сабаб мақомоти дахлдор маро аз ҳуқуқи истифодаи замин маҳрум карда метавонанд?
Б. Қобилов, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

- Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро моддаи 37-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. Дар он, аз ҷумла омадааст, ки агар дар муҳлати муайянгардида, яъне се сол, истифодабарандаи замин дар қитъаи замини ба ӯ ҷудогардида сохтмон накарда бошад, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии заминсозӣ аз тарафи суд масъалаи қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин баррасӣ мешавад. Аз ин рӯ, шумо метавонед дар давоми ду соли оянда ба сохтмони манзили истиқоматӣ шурӯъ намоед. Дар акси ҳол, пас аз гузаштани муҳлати сесолаи пешбининамудаи қонунгузорӣ, аз ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин маҳрум гардиданатон аз эҳтимол дур нест.

 

- Шавҳарам бо ҳукми суд ба муҳлати 5 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум гардид. Ман дар оянда бо ӯ зиндагӣ кардан намехоҳам ва ният дорам, ки бо дигар кас оила барпо кунам. Бигӯед, ки бо кадом роҳ ақди никоҳамонро бекор кардан мумкин аст?
Д. Муродова, шаҳри Хуҷанд

 - Дар ин ҳолат шумо метавонед ҳукми судро дар бораи аз озодӣ маҳрум гаштани шавҳаратон дастрас карда, бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли зистатон пешниҳод намоед.
Дар ин мақомот тибқи аризаи пешниҳодшуда, ақди никоҳи байни шумо ва шавҳаратон бекор карда мешавад. Зеро, мувофиқи муқаррароти сархати дувуми моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» яке аз асосҳои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ ин ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд нисбат ба яке аз ҳамсарон, ки барои содир намудани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол маҳкум шудааст, ба шумор меравад.

 

- Баъзе ветеранҳои меҳнат барои хизматҳои шоистаашон нафақа мегиранд ва аз имтиёзҳои зиёд низ бархӯрдоранд. Гурӯҳи дигар нафақаи ночиз мегирад ва аз бисёр имтиёзҳо бенасиб аст. Ба ин масъала рӯшанӣ андозед.
Ш. Саидқул, ноҳияи Бохтар

 - Мувофиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо», аз 7 апрели соли 1995, ветеранҳои меҳнат шахсоне ҳисобида мешаванд, ки дар корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ, на камтар аз 25 соли тақвимӣ (барои мардҳо) ва 20 соли тақвимӣ (барои занҳо)  кор кардаанд.
Агар онҳо дар давоми фаъолияти корӣ бо унвони ифтихорӣ ё ордену медалҳои ИҶШС ё Ҷумҳурии Тоҷикистон, се дараҷаи ордени «Шараф», се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ қадр гардида бошанд, барои хизматҳои шоистаашон нафақа мегиранд. Чунин шахсон ҳуқуқ доранд, ки соле як маротиба  аз нақлиёти роҳи оҳан (вагони купедор), нақлиёти ҳавоӣ ё автомобилии байнишаҳрӣ ройгон истифода баранд. Гузашта аз ин, ба онҳо дар як сол як маротиба аз ҷойи кор, агар кор накунанд, аз ҷониби мақомоти нафақа, роҳхати бепул барои муолиҷаи санаторию курортӣ мутобиқи хулосаи муассисаи тиббӣ дода мешавад.

 

- Маҷрӯҳи гурӯҳи 1 ҳастам. Чор фарзанд дорам, ки дутоаш  ноболиғ мебошад. Шавҳарам чор моҳ пеш аз олам гузашт. Мо дар хонаи падару модараш зиндагӣ мекардем. Манзили истиқоматӣ ба номи хушдоманам сабт шудааст. Айни замон ӯ аз ман талаб карда истодааст, ки  фарзандонамро гирифта, аз хона баромада равам. Ҷойи зисти дигар надорам, падару модарам ҳаёт нестанд.  Донистан мехоҳам, ки оё хушдоманам ҳуқуқи ману фарзандонамро аз хона берун кардан дорад?
 Моҳхонум, шаҳри Конибодом

 - Не, ҳуқуқ надорад. Чунки шумо ҳамроҳи шавҳаратон аз рӯзҳои аввали оиладорӣ дар ин манзили истиқоматӣ зиста, хоҷагии умумиро пеш бурдаед ва ҳамчун аъзои оилаи молик ҳуқуқи пурраи истифодаи ин манзили зистро доред.
Мувофиқи моддаи 122-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои оилаи молик, ки дар бинои истиқоиатиаш ҷой дода шудаанд, ҳақ доранд баробари ӯ аз манзили истиқоматӣ истифода баранд. Тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи ин санад, аз манзили истиқоматӣ кӯчондани аъзои оила ва ашхоси дигаре, ки бо молики хонаи истиқоматӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қонунгузории манзил, танҳо бо тартиби судӣ амалӣ  мегардад.

 

- Дар мактаби рақами 19-и ноҳияи Шаҳритуз ба сифати омӯзгор 33 сол кор кардам. Бинобар фаъолияти бетанаффус маро дар 62-солагӣ ба нафақа гусел карданд. Ҳоло мехоҳам фаъолияти омӯзгориамро давом диҳам, вале роҳбарияти шуъбаи маориф  намехоҳад. Оё ин рафтори онҳо аз рӯи қонун аст?
Сайдулло Тошев,  сокини ноҳияи Шаҳритуз

- Мувофиқи моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ дар вақти бекорӣ ҳуқуқ дорад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Ба нафақа баромадан асос барои кор накардан шуда наметавонад. Аз ин лиҳоз, шахсе, ки ба нафақа баромадааст, дар баробари нафақа гирифтан, ҳуқуқ дорад ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шавад.
 
 

- Хешу табори домод талаб карда истодаанд, ки аз муоинаи тиббӣ гузарам. Ман зид нестам. Вале, оё ман ҳам чунин талабро ба миён гузошта метавонам?  Зеро шавҳаршавандаам вақти зиёде дар муҳоҷирати корӣ буду фаҳмидани вазъи саломатиаш бароям хеле муҳим аст.
Соҷида, сокини шаҳри Хоруғ

- Муоинаи тиббӣ фақат бо розигии шахсоне, ки издивоҷ мекунанд, гузаронда мешавад. Ҳеҷ кас  шумо ва  ё домодшавандаро барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан маҷбур карда наметавонад.
 Дар ҳолати мазкур, шумо метавонед аз домод хоҳиш намоед, ки аз муоинаи тиббии бемориҳои олоти таносул ва ё Вич/СПИД гузарад. Мувофиқи муқаррароти қонунгузории амалкундаи кишвар бе  розигии домод (арӯс) ҷамъ овардани маълумот оид ба вазъи саломатии ӯ манъ аст.

 

- Дар баъзе корхонаву ташкилот ва муассисаҳо занони ҳомиларо бо баҳонаҳои гуногун, бештар бо роҳи қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ,  аз кор озод мекунанд. Оё ин амали онҳо, корфармоҳоро дар назар дорам, хилофи қонун нест?
 Гулбаҳор, сокини ноҳияи Ишкошим
 
- Бекор кардани шартномаи (қарордоди)  меҳнатӣ бо занҳои ҳомила, бавижа онҳое, ки кӯдакони то сесола доранд,  инчунин модарони якка (агар онҳо дар тарбияи худ кӯдаки маъюби то шонздаҳсола дошта бошанд), бо ташаббуси корфармо, ба ғайр аз ҳолатҳои пурра барҳам додани корхона манъ аст. Ҳатто, агар корхона барҳам хӯрад ҳам, ин категорияи занҳо бояд бо ҷойи кори дигар таъмин гарданд.

Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо нишонии pursish@mail.ru  ё бо телефони 238- 54 - 16 ба мо муроҷиат кунанд.

Шуъбаи ҳуқуқи
рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2014    №: 135    Мутолиа карданд: 594

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед