logo

ҳуқуқ

СУДИ ОЛӢ: АРЗУ ШИКОЯТ КАМ ШУДААСТ

Дар нимсолаи аввали соли равон  дар марҳалаҳои гуногуни судӣ дар маҷмӯъ 3999  парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дархосту пешниҳод мавриди баррасӣ, таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифт. Суди Олӣ дар ин муддат ба ҳайси суди марҳалаи якум 68 парвандаро баррасӣ кард, ки аз ин 30 ададаш парвандаи ҷиноятӣ мебошад.
Нусратулло Абдуллозода, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод, 14 июл ба хабарнигорон гуфт, ки аз 30 парвандаи ҷиноятии баррасишуда, 27 парванда нисбат ба 45 нафар бо баровардани ҳукми айбдорӣ анҷом ёфта, 38 нафар аз озодӣ маҳрум гардидааст. Ба гуфтаи Раиси Суди Олӣ, дар нимсолаи аввал  4 парвандаи ҷиноятӣ дар иртибот ба хариду фурӯши одамон ва 10 парванда нисбат ба 17 нафар барои терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шуда, ҳукм содир гаштааст.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон зикр гардид, ки дар ин давра ду ҷаласаи Пленуми Суди Олӣ баргузор шуд. Дар ин ҷаласаҳо 8 қарор, аз ҷумла «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ  кардани қонунгузорӣ марбут ба таъйин намудани муассисаҳои ислоҳӣ нисбат ба шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумгардида», «Дар бораи татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) - дошта» ба тасвиб расид, ки онҳо барои таъмини татбиқи якхелаи қонунҳо, таҷрибаи ягонаи судӣ ва қабули қарорҳои қонунию асоснок аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва судҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Бино ба иттилои Нусратулло Абдуллозода, дар нимсолаи аввал ба Суди Олӣ 1279 арзу шикоят ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 311 адад кам мебошад. Аз муроҷиатҳои воридгашта 1091 адад бо омӯзиши 500 парванда ҳаллу фасл гардида, 188 - тои дигар дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи баррасии шикоятҳои назоратӣ, бо мақсади таъмини таҷрибаи ягонаи судӣ, барои аз нав дидани санадҳои эътибори  қонунӣ  пайдокардаи суд 80 эътироз, қарор ва таъинот дар бораи оғоз намудани пешбурди назоратӣ қабул шудааст, ки баҳри рафъи қонуншиканиҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.

Додоҷон РӮЗИЕВ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2014    №: 135    Мутолиа карданд: 536

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед