logo

ҳуқуқ

УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББӢ БОЗДОШТ ШУД

Гулчеҳра Холиқоваи 56- сола, ки дар асоси фармони ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар вазифаи ассистенти кафедраи «Физиологияи нормалӣ» ифои вазифа дошт, бо ҷурми ситондани ришва боздошт шуд.

Номбурда мехост бо истифода аз мақоми хизматӣ барои ба ин муассисаи олии кишвар дохил намудани довталаб К. Исоев аз хеши наздики ӯ,  сокини ноҳияи Зафаробод С. Баротова 11 000 доллари амрикоӣ гирад. Вай бо ин мақсад бо С. Баротова  аз наздик шинос шуда, масъалаи ба донишгоҳи мазкур қабул кардани К. Исоевро дар миён гузошт.  Гуфт, ки барои ҳалли мусбати масъала  7- 8  ҳазор доллар  лозим аст.
Аз байн чанд рӯз гузашт. Гулчеҳра Холиқова, ки бо роҳи фиреб ба бовари С. Баротова даромада буд, 20 июни соли равон  бо ӯ телефонӣ дар тамос шуда, пешниҳод  кард, ки дар навбати аввал 3000 доллар, даъватнома ва варақаи бақайдгирии довталаб  К. Исоевро  ба ӯ расонад. Ин пешниҳодро С. Баротова  пазируфт ва 24-уми июн бо  3000 доллар ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Душанбе омад. Вақте онҳо бо ҳам вохӯрда, ҷузъиёти масъаларо матраҳ намуданд, Гулчеҳра  Холиқова ба ҷойи 7-8 ҳазор доллари пештар мувофиқашуда 11 000 доллар талаб кард. Дар ҳамин ҳол ӯ гуфтааст, ки аз ин маблағ 2000 долларашро ба Неъмат ном корманди Маркази миллии тестӣ ва 9000 доллари дигарашро ба ҳамон шахсе, ки корро буд мекунад, медиҳад.
Баъди шунидани ин ҳарфҳои ҳамсуҳбати худ С. Баротова  дудила шуд. Ба андеша рафт, ки оё ин зан ба ваъдааш вафо мекарда бошад? Боз пулро гирифта, ӯро фиреб надиҳад? Ҳарчанд майна об кард, ба  саволҳояш посух наёфт. Ниҳоят, 2 июл бо аризаи шикоятӣ ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуд.
Худи ҳамон рӯз дар робита ба ин  қазия бар асоси моддаҳои 32 қисми 3-247,  қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ андешида шуданд.  3 июл кормандони раёсати агентӣ дар шаҳри Душанбе  ассистенти кафедраи «Физиологияи нормалӣ»-и Донишгохи давлатии тиббии Тоҷикистон Гулчеҳра  Холиқоваро дар хиёбони Рӯдакӣ, хонаи № 9, баъди аз С. Баротова гирифтани 11 000 доллар, дастгир карданд. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳукми боздошти ӯро содир кард ва 5 июл  нисбат ба гумонбаршуда чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ  шуд.
Дар ҷараёни тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ Г. Холиқова гуфтааст, ки бо ягон нафар дар хусуси дохил кардани К. Исоев пешакӣ маслиҳат накарда буд ва танҳо мақсад доштааст, ки минбаъд шахсони дахлдорро пайдо намуда, барои дохил кардани номбурда мусоидат намояд.
Айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноятӣ  идома дошта, муфаттишони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баҳри муайян намудани шарикони Холиқова  чораҳои дахлдор андешидаанд.  Онҳо бояд ошкор созанд, ки  ассистенти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои дохил кардани довталаб К. Исоев аз чӣ шеваҳое кор гирифтанӣ буд ва бо Маркази миллии тестӣ  чӣ иртиботе дорад.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2014    №: 136    Мутолиа карданд: 542

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед