logo

ҳуқуқ

ҲАВЗҲОИ ХАТАРНОК

Ё бехатарии чоҳи сунъиро кӣ таъмин мекунад?
Назар ба иттилои Мирзоҳаёти Мирзоолим, раиси Ҷамоати деҳоти Иван - Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, рӯзи 13 июли соли равон Рустам Азимов, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Оббурдон, ҳангоми шустушӯ ба ҳавз афтода ғарқ шуд.
Ба гуфтаи мавсуф, моҳҳои март-апрели соли гузашта кормандони ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой бо техникаҳои муқтадир омада, дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, дар байни деҳаҳои Ревомутку Худгиф 5 чоҳ кофта, қуму шағалашро барои санҷиш бурданд. Он чоҳҳои гуногунҳаҷм батадриҷ пур шуда, ба ҳавзҳои каб-кабуд мубаддал гардиданд. Ҳаҷми ҳавзҳо аз 15 х 20 то 25 х 35 метр ва  бо умқи 12 метр буда, таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро дар чунин рӯзҳои гарми тобистон ба худ ҷалб месозанд. Қаблан ду маротиба ҳодисаи ба об афтодани наврасон рух додааст, ки онҳоро сари вақт наҷот дода тавонистанд.
Соли гузашта се донишҷӯ, якеаш аз деҳаи Ҳаддишаҳри Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамин гуна ҳавзи Панҷакент, ки хитоиҳо кофтаанд, ғарқ шуда буданд.
- Ростӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардуми деҳоти гирду атроф аз вуҷуд доштани чунин ҳавзҳо хеле хавотиранд. Пурсида мешавад, ки чаро чунин чоҳҳо пур намегарданд ва ё атрофи онҳо симхор кашида намешавад. Чаро Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор барои бехатарии чоҳҳои сунъӣ чора намеандешанд? Бехатарии чоҳҳоро кӣ таъмин мекунад? - мегӯяд Мирзоҳаёти Мирзоолим.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2014    №: 136    Мутолиа карданд: 586

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед