logo

ҳуқуқ

906 ПАРВАНДА БАРРАСӢ ГАРДИД

Мансурзода Наим, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки дар шашмоҳаи соли равон аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 906 паранда баррасӣ шуд. Дар ин давра ба Суди Олии иқтисодӣ 393 парванда ва арзу шикоят ворид шуд, ки 277 ададаш баррасӣ гардид.
Назар ба гуфтаи мавсуф, дар марҳалаи якум 64 аризаи даъвоӣ, дар коллегияҳои судии Суди Олии иқтисодӣ ба тариқи кассатсионӣ 120 парванда, ба тариқи назоратӣ 7 парванда ва дар раёсат 2 парванда баррасӣ шудааст. Маблағи даъвоҳои қаноаткардашуда ба 7 миллиону 172 ҳазор сомонӣ мерасад, ки беш аз 5 миллион сомонӣ ба манфиати мақомоти давлатист.
Дар ин давра аз рӯи аризаҳои даъвоӣ, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ба буҷети давлат 184 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шуд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ оид ба таҷрибаи якхелаи татбиқи қонунҳо дар судҳои иқтисодӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввал дар мавзӯи «Беэътибор донистани санадҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ», «Эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва дар бораи муқаррар намудани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд» ҷамъбасти таҷрибаи судӣ гузаронда, сабабҳои бекоршавии санадҳои судии судҳои иқтисодӣ дар марҳалаҳои судӣ таҳлил карда шуд. Натиҷаҳои он барои корбарӣ ҷиҳати татбиқи якхелаи қонунҳо ба судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ирсол мегардад.
Мансурзода Наим ба саволҳои хабарнигорон оид ба баррасии парвандаҳои соҳибкор Зайд Саидов, корхонаи «Тоҷиказот», «Созиданий» гуфт, ки онҳо дар асоси қонун баррасӣ ва ҳаллу фасл шудаанд.
Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2014    №: 137    Мутолиа карданд: 619

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед