logo

ҳуқуқ

НИГАРОНИИ ВАЗИР АЗ АФЗОИШИ САТҲИ ҶИНОЯТКОРӢ

- Кормандони ма-қомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли равон 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро муайян ва дастгир карданд, ки дар содир намудани 98 ҷинояти махсусан вазнин даст доштанд. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус  49 аъзои ташкилоти террористиву экстремистӣ, 39 узви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 9 аъзои дастаҳои бандитӣ боздошт шуданд, ки аз тарафи онҳо 169 ҷиноят содир шудааст.
Ин матлабро Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ,  18 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти  нимсолаи ин ниҳод, ба хабарнигорон ироа дошт. Мавсуф дар иртибот ба боздошти 49 аъзои ташкилоти террористиву экстремистӣ гуфт, ки аз миёни шахсони дастгиршуда 12 нафар аъзои Ҷамоати «Ансоруллоҳ», 5 нафар узви Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, 2 нафар аъзои як гурӯҳи ҷиноятӣ дар Эрон, 3 нафар аъзои «Толибон», 1 нафар узви Ҳаракати экстремистии «Ҷабҳат- ун- нусра», 7 нафар аз гурӯҳи «Мусалмонони солеҳ», 18 нафар аз ҷараёни «Салафия» ва 1 нафар узви «Ҳизб- ут- таҳрир» мебошанд.
Вазири корҳои дохилӣ зимнан тазаккур дод, ки дар нимсолаи аввал аз ҷониби ин ниҳод 5 ҳолати амали террористӣ пешгирӣ ва як ҷинояти террористӣ ошкор гардидааст. Ҳафт нафар ба гумони қасди таркондани Заводи алюминийи Тоҷикистон (ТАЛКО) ва чанд иншооти муҳими дигар дар шаҳри Турсунзода боздошт шуданд. Ба гуфтаи вазир,  ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар хориҷи кишвар, дар мактабҳои махсуси террористӣ сабақ гирифтаанд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз зиёд шудани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, таҳсили ғайриқонунии динии онҳо дар кишварҳои хориҷӣ, иштироки шаҳрвандони кишвар  дар низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон, Покистон ва Сурия изҳори нигаронӣ кард. Тазаккур дод, ки баъди гузарондани чораҳои алоҳидаи тарбиявӣ ва вохӯриҳои инфиродӣ  бо падару модарон 2724  нафар, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсили гайриқонунии динӣ дошт, ба Ватан баргашт ва ҷиҳати баргардондани 150 нафари дигар тадбирҳои муассир андешида шудаанд. 
Додоҷон РӮЗИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2014    №: 139    Мутолиа карданд: 520

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед